Нигохи ошиконаат
Нигохи ошиконаат
Табассуми латифи шоиронаат
Маро ба юмни хукми лахза човидона мекунад
Ва нопадид мешавам зи худ ба зери обшори шонаат
Бахор дар ту ҳак шуда, ба як ишора мекунй
Маро асири лафзи чун таронаат-
Гуломи човидонаат
Эьчоз
Хандае такдим кард
Лаб ба лаб бифшурду як таъзим кард
Хамчу нури мохи шабрав соярушан офарид
Гесувонро мушк доду “чим”кард
Ишкро такрим кард
Китобфуруш
Китобфуруши пир
Ба қайди рафтаҳо асир
Нигоҳи у зи пушти панчара ба кучаҳо
Ба чустучуи издиҳоми гумшуда чу об дар кавир
Китобҳо ба зери пардаи ғубори бетаваччуҳй чу дар қафас
Зи чашми ин замона нопадиду зору мазлуму ҳақир
Дареғи рузҳои рафта дар бухори ашк
Ба шишаҳои панчара ҳарир
Биё, сабақ бигир
Ойина
Ойина зангорй шуда
Ойини ишқ асбоби бозорй шуда
Меҳру вафо аз қалбҳо чо гашта дар нуки забон
Марзи дил аз сидқу сафо орй шуда
Холй чу анборе шуда
Хубй зи хубон рафта аст
Аз хона бар даври хиёбон рафта аст
Лайлй савори Чип шуда,
Мачнуни у банди мавод
Он қисса чкн бод аз биёбон рафтааст
Ҳампои борон рафта аст
Зулол гуфтаам
(Дар посух ба навишатахои беимзо, ки маро аз зулол бархазар медоранд)
Гахе зулол гуфтаам
Гахе каломи лоубол гуфтаам
Гахе газал, гахе “сафед”, гахе таронахои дил
Хама зи рамзу рози зиндагй, ба ёди Хофизу Камол гуфтаам
Зи хеш рафтаам бурун, ки бар худии худ расам,
Ва аз фироку аз висол гуфтаам
На килу кол гуфтаам
Бишкаст
Диламро нозанин бишкаст
Бизад, чун истаконе бар замин, бишкаст
Ачаб хушбоваре будам, ки уро дуст медидам
Маро дар ханчара хамчун танин бишкаст
Чу ожанги чабин бишкаст
Зулоли Хучанд
Шахри Хучанд
Гесуи хубонаш каманд
Бо хандахо, бо ишвахо бо гамзахо
Аз хайли муштокон бубин дилхо чй рохат мебаранд.
Аз руди Сир ойинае дар богу рогу растахо рузу шабон
Дар хар хиёбон сабзахо руйида монанди паранд
Шеъри Камолу рухи у то човидон
Дар пайкари у медаванд
Бе чуну чанд
Ту мераксй
Ту мерақсию мебинам
Ки ман аз рақси танҳои Ту ғамгинам
Парешон мекунад муи парешонат маро ҳар дам
Ва бозии ду бозуят ба бозй мебарад тақвову ойинам
Ту мечархию танҳойи зи боғи доманат гулҳо ба фарши хона мепошад
Ва ман дар хилвату руъё шақоиқҳои домони Ту мечинам
Ту мерақсию чашмони пушаймони Ту мегуянд:
Ман он қурбонии ғамҳои деринам
Шуда ишқи ту озинам
Ман бо Шумо будам
Ман имшаб бо Шумо будам
Дар огуши Шумо аз худ рахо будам
Зи набзи фосила як лахза чони мо ба хам омехт
Ва дар гамгинаи гурбат даме дар сарзамини ошно будам
Дар ин шоми гарибона тулуъи тоза медидам
Даруни нури субхи босафо будам
Ва дар танхойи “мо” будам
Эъчози танҳой
Дар канори руди Сир
Бонуе дар банди танхойи асир
Хотироташ дар кавири рафтахо пар мезанад
Чашмхояш хира бар танхойии зебои махтоби мунир
Мохи танхо рахнамойи мекунад ин бонуро:танхойи ин худ мактаб аст
Дар ями танхойи худро аз худии худ ту бишносу бигир
Як даме дар худ фано шав, хешро курбонй кун
То шавй дар зиндагонй бе назир Бахт бодат дастгир
Сигор мекашам
Сигор мекашам
Бубин чй бовикор мекашам
Ва бо танобу халка-халка дуди талхи он
Гаму кудурати даруни синаро ба дор мекашам
Чу гам маро ба чохи худ кашид ва гамгусори ман канори ман набуд
Худам тамоми ин алам ба душ чун катор мекашам
Азизи Мисри ман ба дасти гургхо асир
Ки охи гамгусор мекашам
Губор мекашам
Салом
Ту дер омадй, салом
Вале ачаб далер омадй, салом
Зи бешаҳои дому банди дасти ташнаи ҳавас
Раҳида, бо ғуруру бо виқор ҳамчу шер омадй, салом
Фариштайи, бадонро биҳиштайи ва ташнаи муҳаббату навозишй
Ки аз ғаму фироқу ранчу яъсу ғусса сер омадй, салом
Маро зи ман рабудаи ва бар вучуди хастаам
Чу чашма дар кавир омадй, салом
Башир омадй, салом
Дубора омадй? Салом!
Дубора омадй, салом
Ба мисли як ситора омадй, салом
Агарчй дери дер, вале чй хубу поку босафо
Дили ба панчаҳои ғам асирро чу чора омадй, салом.
Каломи ошиқонаро, нигоҳи шоиронаро, садои чун таронаро
Тачассуму таровате зи боғи истихора омадй, салом
Зи рузҳои норасидаи гузашта аз сарам
Чу партави ишора омадй, салом
Дубора омадй? Салом!
Бахорро биёб
Садои пойи об
Зи чодаҳои гарми изтироб
Ба боғи гулфишони қалби ташнаам расид
Ва аз танини у пиёлаи вучуди ман пур аз шароб
Дарахти пайкарам таваллуди чавонаро
Нишаста дар ҳарими ҳар ҳубоб
Баҳорро биёб
Ишк
Ишк аз нигоҳ
Аз рақси ноаёни дуди оҳ
Аз бодае, ки бе садо вале равон
Мерезад аз сабуи чашмҳои обиву сиёҳ
Бар чоми қалбҳо, оғоз мешавад, то баргу боду обу хок
Аз юмни у ҳама шавад ҳамчун мусофирони моҳ
Ин ишқи поки зиндагонй зинда бод,
У ҳастиро чалолу чоҳ Ҳам як сипоҳ
Ин бахорон…
Пойиз зи раҳ расид
Бар чоми бирка шири маҳ расид
Ҳар су хазони леҳ шуда чун боли офтоб
Бар панчаҳои нарми бод хамёзаи қавси қузаҳ расид
Гуё ки ин баҳор аз сабза ранги сабзро чун сабзй бурдаанду лек
Сабзйфуруши пир бо кулабори пур зи каҳ расид
Бозори коҳи у ойинаи суқути кох
Ин кох шиша куйи чаҳ расид
Умраш ба таҳ расид
Фоли зулол
Имрузи Зулол
Як шоирак чун козие Шеъри зулол, ин кудаки навзодро Парванда карду бехабар аз он ки бо дастони худ Чун кирми абрешим ачаб зору низор Фардои худро хабс кард
Фардои Зулол
Газал тарона мешавад
Ва хар касида ошикона мешавад
Ба боги шеъри порсй канори байту маснавй
Зулол хамчу як чавона мешавад
Ва човидона мешавад
Чакомаи ишк
Ишк аз нигох
Аз ракси ноаёни дуди ох
Аз бодае, ки бе садо вале равон
Мерезад аз сабуи чашмхои обиву сиёх
Бар чоми калбхо, огоз мешавад, то баргу боду обу хок
Аз юмни у хама шавад хамчун мусофирони мох
Ин ишки поки зиндагонй зинда бод,
У хастиро чалолу чох
Хам як сипох
Баҳори панчара
Вакте ки оҳи панчара
Ҳамчун чакидаи нигоҳи панчара
Аз рақси бод руи шишаҳо гулвожа мешавад
Охиста мерасй аз роҳи панчара
Монанди моҳи панчара
Муйи ту муйи панчара
Он тарҳи сояат, абруи панчара
Ҳамчун гуле ки бехазон, дар ҳар бахор човидон
Печида аз ту атру буйи панчара
Ҳар су зи куйи панчара
Болида руҳи панчара
Саркуб мекунад андуҳи панчара
Аз лолахои домани доимбахорат, эй азиз
Сад чом пур шуда дар куҳи панчара
Хошо, шукуҳи панчара
Пиёда мешавам
Пиёда мешавам Савори роҳу чода мешавам Ва меравам ба рағми дидаҳои ҳақнабин Даруни ҳавзи чашмҳои ту дубора зода мешавам Дар илтиҳоби ин баҳор, ки сабзаҳо пур аз хазони зарди пойизандКанори лолазори домани ту масти бода мешавам Аз ин сафар, ки чархиши баҳори зиндагист Чу ғунчаҳо кушода мешавам Зиёда мешавам
Шоири шеъри зулолам
Шоири шеъри зулолам
Ҳарфҳою вожаҳоям шарҳи ҳолам
Мисраҳоям обшорон,ҳар ҳичо чун мавчи об
Байтҳои зина зина ҳам вучудам ҳам заволу ҳам камолам
Нек бингар шеъри ман чун акси дил ё қатра аст
Яъне ман дур аз фазои қилу қолам
Посухи садҳо саволам
Канд мехохам
Лабат ку? Канд мехохам
Гаминам, нозанин, лабханд мехохам
Забонатро макун чун барги истехзо арусаквор
Ки ман бахри тамос бо калби ту симкартаи хушманд мехохам
Мазан кайчи ба гесуят ки гар чабри ту боло шуд
Барои куштани худ банд мехохам
Ва бо пайванд мехохам
Ох борон!
Ох борон!
Омада аз рох борон
То биафшонад губор аз суратам
Панчааш бо панчахои модарам хамрох, борон
Обшори гесувонаш чорианд дар шишахои панчара
Дар мазори волидон дар катрахо оварда бо худ гуиё арвох, борон
Ин шабе,ки калби ман чун осмони шахр шуд хамранги мис
Мекашад манро зи умки чох суи мох, борон
Дар рикоби нолаи худ рухи манро
Мебарад чун кох, борон
Ох…борон!
Шиква ва даъват
Вайронаро монам гаҳе
Холй зи май паймонаро монам гаҳе
Бо ин ҳама дилбастагй бо ҳамзабону ҳамдилон
Дар чамъашон бегонаро монам гаҳе
Бехонаро монам гаҳе
Моро зи мо бибридаанд
Аз дида чун нуру зиё бибридаанд
Бигрифта обу хоки мо, аз реша дур андохта,
Бо фитнаву реву риё бибридаанд
Бо сад чафо бибридаанд.
Акнун, биё бо ҳам шавем,
Якчо шавем, чун қатра дар ҳам зам шавем
Дар сарзамини Ориён, орй шавем аз марзҳо
Мехмони хони хонаи Рустам шавем,
Сармасти чоми Чам шавем
Дасти ниёзи бод
Дасти ниёзи бод
Охиста муи ту кушод
Зулфи сиёх хат кашид бар сафхаи рухат
Гуи ки гурги гушнае бар руи барфи тоза по ниход
Он боди рахгузар аз атри муи ту гирифт
Харчо ки рафт буи мушк дод-
Ин бод зинда бод
Бодбони ишк
Ашки борон рафтааст
Хандаи абри баҳорон рафтааст
Дар хами хилватгаҳи парку хиёбонҳои шаҳр
Чилваҳои дустдорон рафтааст
Бо сад армон рафтааст
Эй дареғ аз ёдҳо
Аз сукуте дар дили фарёдҳо
Эй дареғ аз он баҳори рафта бар коми хазон
Аз фанои донаҳо дар бодҳо
З-ин ҳама бедодҳо
Барф омад, сард шуд
Чашми дил аз меҳи ғам пургард шуд
Ҳарчй эҳсоси баҳорй, шуд хазон дар боғи дил
Сабзазори ишқи гулхо зард шуд
Оби чуйҳо тард шуд
Эй хушо, ояд баҳор
Ояд он зебонигори бовиқор
Руди дил дарё шавад дар парниёни мавчи у
Заврақи мехру вафо гирад қарор
Бодбонаш ишқи ёр
Охи ман
Охи ман зиндони аст
Радди пояш чин дар пешони аст
Мекунам гамро парас дар хуну дар рагхои худ
Чисми ман тандиди ин курбони аст
Ё ки хар чи дони, аст
Зулолтарона гуфтаам
Зулолтарона гуфтаам
Ва холисона, содиқона гуфтаам
На гуфтаам, ки бори хотири гули касе шавад
Зулолу поку бебаҳона гуфтаам
Ва ошиқона гуфтаам
Зулолтаронаҳои ман
Ниҳоли бахтро чавонаҳои ман
Барои ҳасту буди зиндагй, алайҳи бардагй
Дар ин чаҳони тира хонаҳои ман
Дари хазонаҳои ман
Ман ва дил
Ман ва дил танҳо шудем
Вориди мачрои як дарё шудем
Ман шудам меҳмони дил, дил бишуд меҳмони ман
Лаҳзае мо ҳарду бепарво шудем
Ман ва дил якто шудем
Оҳ, ин олам гузашт
Хоби ширин як нафас, як дам гузашт
Дида во шуд, чанги мову дил зи нав оғоз шуд
Будани бе ранчу бе мотам гузашт
Аз сари Аъзам гузашт
Ин ману ин чанги дил
Мехурам ҳар лаҳза садҳо санги дил
Мекашад манро ба ҳар су, мекушад ҳар лаҳза манро
Бандиам ман, бандиам дар чанги дил
Дар селули танги дил
Ёди кудаки
Бо аёги кудаки
Масти атри кучабоги кудаки
Шаб хама шаб дар чахони гулфишони ёдхо
Меравам ман бар суроги кудаки
Бо чароги кудаки
У кучо рафт, у кучо?
Кай ба рохи хеш мегардад кафо?
Мегирам бехуда хар шаб ман суроги кудаки
Меравам дар кучахо бедасту по
Шояд у бинад маро…
Катори умр
Солуни ёдхои ман
Аз коби акси ишки сабзи ту пур аст
Бинандахо хама дар гурфахо дар хеш хираанд
Охиста мераванд аз худ ба суи худ
Монанди сояи гуруб
Инак катори хотира
Омад,вогуни ишки сабзи ту набуд
Ду рохи охани,яьне ки шархи ишки мову ту
Харду канори хам аз хам вале чудо
Дар хидмати катори умр
Гумшуда
Гуфти бихон,хондам Худо
Гумгаштаму худро зи худ рондам, Худо
То гум шудам дар худ зи худ пайдо намудам хешро
Гумгаштаро ин гуна хобондам,Худо
Дар хештан мондам, Худо
Шаби девона
Дар ин шаби девона
Дар валвалаи мактаби девона
Тақвову чунун бо ҳам, гаҳ наҳйу гаҳе нафйанд
Куфр омаду тақво шуд чун силсила дар мазҳаби девона
Ҳар дор шуда дору, ҳар дашт чу гулгашт аст
Дар хандаи тобу таби девона
Зери лаби девона
Симфуни ва опера
Симфунии сукут
Бо харфи чашми масти ту шикаст
Печид бар фазо садои калби хастаам
Рози мухаббати мову ту шуд
Оперои чадид
Эъчоз
Ин аст ин, ватан
Ин хилвати зебои ту ва ман
Дар чилва омада атри нигоҳи хоҳише
То бударо бақо дихад боре дар ин сафои тан ба тан
Дар умқи об ахтарон гулмоҳиҳо шуданд
Аз мавчи поки рақси ёсуман
Дар чашмаи чаман
Оё кй дида буд
Гулро ба руи об дар сучуд?
Аз Каҳкашон ба руи об сачодда омада
Ин гушаи чаман шуда ойинаи боғе даруни руд
У дар вучуди ман,ҳам дар вучуди мову ту
Бобе зи олами боқй кушуд
Ҳам гуфту ҳам шунуд
Агар он турки шерози
Агар он турки шерози
Камони абру аз чашмони худ гирад
Ва даст аз горати дилхои муштокон нигах дорад
Ба як гулхандаи зебои у бахшам
Хама дилхои шайдоро
Агар он турки шерози
Синони гамза аз мижгон барчинад
Надуздад хуш аз сархо, нагирад сабр аз дилхо
Фидои ишку нозу хусни у созам
Хазорон чашми шахлоро
Агар он турки шерози
Зи себи гамгабаш арзониям созад
Анори бозу бар чоми лабони ташна бифшорад
Ба як чурьа майи лабхои у бахшам
Чахони чому миноро
Чабри ту
Лабгиряам ожанг шуд
Дар роҳи ту пойи нигоҳам ланг шуд
Оҳам даруни синаам саркуб шуд в-аз дуди он
Ойинаи ду дидаам пурзанг шуд
Дунё бароям танг шуд
Дар коргоҳи ёди ту
Дар коргоҳи ёди ту
Дар гушаи хамуши оҳи ёди ту
Ман рондаам, фитодаам,бе худ ва бетуам, бубин
Дигар кучо шавам ман шоҳи ёди ту
Тардам зи роҳи ту
Одоби буса ин набуд
Дар соғари лабонат ангубин набуд
Лабро ниҳода бар лабам, чашмат ба суи дигаре
Оғушат он бирешами маҳин набуд
Оре, оре, чунин набуд!
Дер омадиву рафтй зуд
Расми рафоқату дилдорй ин набуд
Дар шаҳри хаста хастаам кардй ба ваъдабозиҳо
Дигар на ту, на ман, на шодию суруд
Ман монадаму сигору дуд
Эй сорбон
Эй сорбон, оҳиста рон
То роҳиён аз худ раҳанд, дар бехудй
Бори гарони чисмро аз чомаи тан баркананд
То дил тачаллигаҳ шавад,к-аз бедилй
Ҳарф аз забонам меравад
Эй сорбон, оҳиста рон
К-ин роҳи пуршебу фарози зиндагй
Монанди ман дилдодае дар кишвари озодаҳхо
Ҳаргиз набинад,чун равам,ҳамроҳи ман
Ёду нишонам меравад
Эй сорбон, оҳиста рон
То бори дигар буса бар чонон занам
В-он турки дилозорро оғуш гирам ончунон
Мо ҳарду дар ҳам гум шавем,дар хайли ту
Он дилситонам меравад
Эй сорбон, оҳиста рон
То ман ҳама буду набудамро гирам
Ин чо намонам як нишон аз рафтану аз омадан
Оташ занам ин хонаро бо оҳи худ,
Фардо тавонам меравад
Ало ё айю ха соки
Ало ё айю ҳа соқй
Бигир манрову дар руди шароб андоз
Ва дар мастй зи худ бегонаам кун, то ки баъд аз ин
Расам бар соқии аслию май хоҳам
Ва ҳал созам мушкилҳо
Ало ё айю ҳа соқй
Биё, лабрез кун ин чоми Чамшедй
Даме бо ёди Дорову фалоти Ориён гирйем
Ки бо он қудрату шаъну чалоли худ
Фуру рафтанд дар гилҳо
Ало ё айю ҳа соқй
Дари майхона бикшо,пири мо омад
Биё, муғбача шуд хаста зи омоли хиёбонй
Варо аз нав ба куи майкашон орем
Ки ёбад роҳи манзилҳо
Ало ё айю ҳа соқй
Магу паймона сар омад,ки токистон
Ҳануз ангурҳо дорад,кулолй куза месозад
Ва Чоми Чам ба ҳукми чархаи таърих
Ба гардиш ҳаст чун дилҳо
Фоли ман бигир
Биёву фоли ман бигир
Ба чашми каҳвайи, ту ҳоли ман бигир
Маро бубар ба нокучо, зи хеш берунам бикун
Биафканам ба деги асли худ нишони қилу қоли ман бигир
Биё, бигу ки ман чаро ба ин диёр омадам?
Суроғи посухи саволи ман бигир
Раҳи уболи ман бигир
Иштибох шуд?
Магар чи иштибоҳ шуд?
Нигоҳи ман даричаи гуноҳ шуд
Зи роҳи дида омади маликаи дилам шудй
Ки ин ғуломи по бараҳна шоҳ шуд
Ва ҳамнишини моҳ шуд
Кунун биё канори ман
Ки човидона гул кунад баҳори ман
Магу ки иштибоҳбуд қаробати нигоҳи мо
Ба як назорае шуди нигори ман
Калиди ифтихори ман
Ману ту ёру ҳамзабон
Ки ҳамдилй ба ишқи мо шуда тавон
Биё, ки Тусу Суғдро дубора мо қарин кунем
Ва човидон шавад фалоти Ориён
Ба зери боми осмон
Чора
Чу дидамат, нигоҳ
Ба ман намекунй, зи сина оҳ
Кашидаму зи сарнавишти шуму зишти худ
Ки бар муроди мо нашуд, паноҳ
Бичустам аз Илоҳ
Туро оғуш мегирам
Ва он чо меравам аз ҳуш мемирам
Дар ин дунё ба ғайр аз турбати поки Ту, эй Модар
Зи ҳар чизе, ки буду ҳаст дилгирам
Ва аз ин зиндагй серам
Нигар чун сахт мағмумам
Дар ин дунё зи худ ҳам бе ту маҳрумам
Падар рафту Ту рафтию сафо аз хонаи мо рафт
Ту гуйи дар чаҳон бар ғусса маҳкумам
Ачаб танҳову мазлумам
Ҳамеша дар сафар будам
Чудо аз суҳбати гарми Падар будам
Набудам, то бигирам пояи тобутат, эй Модар
Ки рузи марги Ту ман бехабар будам
Маро бахшо, ки кар будам
Расидам бар мазори Ту
Дуо хондам, нишастам дар канори Ту
Падарро дар мазористон гумонам зинда медидам
Ки меовард бар Аъзам баҳори Ту
Хушо бар рузгори Ту!
Бе бахона
Биё, тарона гу
Зи ишқу ошиқй фасона гу
Канори ман нишин ва бесадо ба қалби ман
Зи рамзу рози Каҳкашон, зи панду фанди ин замона гу
Биёву обшори му ба шонаҳои ман бирез
Ҳадиси гунчаву чавона гу
Ва бе баҳона гу
Дили ман
Дилам парвоз мехоҳад
Дар ин орзукада ҳамроз мехохад
Ҳама ёри забониянд,ҳарфи муфт мегуянд
Дили хушбоварам эъчоз мехоҳад:
Яке ҳамсоз мехоҳад
Хаёлам бирақсад
Ба ёдат хаёлам бирақсад
Даруни сина боғи висолам бирақсад
Дар ин фасли поиз ба ёди канори баҳоронаат
Ниҳоли умеди безаволам бирақсад
Ва шеьри зулолам бирақсад
Болида биё
Хандида биё
Эй нури дилу дида, биё
Оғуши маро зи ишқу мастй пур кун
Бар хилвати ман чу нури маҳ наҳифу ларзида, биё
Аз қолабу қоби қилу қол берун шав
Дар бехудй печида биё
Болида биё
Шаби кадр
Хастихо хай шудаанд
Хама раххои дуо тай шудаанд
Аз чудои дигарам харфу хичое набувад
Хамаги шефтаи най шудаанд
Масти он май шудаанд
Меъроч
Сапедаро салом
Маҳи зи раҳ расидаро салом
Умеди ҳай шудан, навиди растани башар
Тулуи рузи растахез ва субҳи навдамидаро салом
Зи нури ояҳо ба коиноти синаҳо
Азизи чону дидаро салом
Падидаро салом
Зулоли интизор
Канори рохи интизор
Умед баста бар нигоҳи интизор
Миёни ин замину осмон чу сояи сароб
Фитода бе садо ба чоҳи интизор
Кашида охи интизор
Касе садо намекунад
Варо зи чоҳи ғам раҳо намекунад
Дар ин кавири интизори пурсароби бе уфуқ
Барои чони у дуо намекунад
Ба у вафо намекунад
Биё, умед мерасад
Зи куйи ошно навид мерасад
Чароғи ишқи покро ба қалби хеш зинда дор
Ки пайки рафъати сапед мерасад
Чу нури шед мерасад
Шаробам бидех
Шаробам бидеҳ
Мачоли савобам бидеҳ
Шудам хаста аз худ биёву дигар
Дар ин рафту омад тавону шитобам бидеҳ
Биё соқй бехуд зи худ кун маро
Майи ноби нобам бидеҳ
Азобам бидеҳ
Дарахти пир
Дарахти пир
Ба зери осмон дилгир
Умед аз барфу боронхо надорад
Замона дар начоти у намуда бо чафо таъхир
Миёни шохахои зарду урёнаш дахшат нола мехонад
Бахору поизаш хамсон, такдираш бе таъбир
Надорад баргу бар чун мушти беангушт
Хама рафтанд мисли тир
Ба по занчир?
Бахори ту гузашт
Виқори ту гузашт,
Нигоҳам аз канори ту гузашт.
Ту шаҳсавори “Чип”-и ҳусн ва “Бенз“-и кибр,
Муҳаббати пиёдаам зи сояи ҳисори ту гузашт.
Ниҳода “линз”-и нописандй бар ду чашми маст,
Чй бе асар хумори ту гузашт,
Баҳори ту гузашт
Калби ман
Гулшану гулгашт сахро мешавад
Абрхо беоб ташна, даргурез аз офтоб
Чашмаи беоб хамчун чашми чори куххо во мешавад.
Ин хама як гушае аз олами калби ман аст
К-ин чунин пойину боло мешавад,
Чамъу танхо мешавад
Гиряхо
Ашкхо ахтари рахшанда шуданд.
Чини пешонй уту шуд зи насими нигахат
Харчй ожанг ба рухсору чабин буд, хама ранда шуданд.
Оре, оре зи кадамхои Ту дар олами дил
Хама ормон зи нав зинда шуданд,
Махи тобанда шуданд.
Кош
Бо лабони гунча хамдам будаме
Мегирифтам бусахо аз гунаи бобунахо
Руи боли шахпаракхо,руи барги нарми марям будаме.
Мепаридам дар рикоби абрхои нукрайи
Махви хусни чумла олам будаме,
Шоду бегам будаме
Чй шуд?Сигор ба лаб гирифт, Панох миёни боги шаб гирифт. Рахо намуда халка – халка дуд ба осмон Ту гуйи дар хисори дуд рахо бишуд ва сузу таб гирифт. Магар гунохи у чй будаву чй шуд, инчунин Зи довари замон адаб гирифт? Дурй аз тараб гирифт?Mаст мешавадМайхона маст мешавадДар дасти у паймона маст мешавадЧу мерасад ба хонаи дилҳои ошиқони ишқДевору бурчи хона маст мешавадКошона маст мешавадЛаҳзае..
Чоми Чам лабрез шуд,
Рустами Дастон зи чо нимхез шуд,
Ибни Синo дар Бухоро набзи беморе гирифт
Нолаи най шуд баланд,чун ҳалқаҳо дар гушҳо овез шуд.
Ҳофизи Шерозу Саъдй масти ашъори Камол
Лаҳзае қалби замон Табриз шуд
Килки ман очиз шуд
Бо ман бимон
Бо ман бимон
Манро зи худ марон
Ин калбу рухи хастаро
Бо мехрубонй суи худ бихон.
Ман як гариби ошикам манро навоз
То зиндатар шавад фарханги кавми ориён.
Мо хамзабону хамдилем, як решаем,
Озодазодаем, инро бидон!
Огуши худ кушо, биё,
Сард аст ин чахон,
Манро марон
Мо ва ту
Марав,бишин,
Меравад замин.
Ва мову ту ду рохием,
Миёни сохили шаку якин,
Чу омадан ба мо набуд, кй дидааст
Чй гуна шакл мегирад набарди куфру дин?
Агарчй омадан барои рафтан аст,
Чаро ману ту мешавем гамин?
Дубора меравем, ба хок
Мешавем ачин,
Хамин,хамин!
Ман ёри хароботам
Ман ёри хароботам,
Дилдодаву дилдори хароботам,
Дар махбаси озодй дар банду ба У банда
Дар банду чунин озод, як чокари аброри хароботам.
Ин гуша чахоне хаст,гох Тур, гахе Каъба, гох нор, гахе фирдавс
Ёху бизанад хар шай,ин чо хама махшур в-ойинаи Мансуранд бар дори хароботам.
Аз худ хама бигзаштанд, то ёр шаванд бо ёр, то гумшударо ёбанд,
В-он гумшуда пайдо буд,дар партави анвори хароботам.
Ин чо хама танхоанд, ин чо хама дар У чамъ,
Хайратзадаи кори хароботам,
Тимори хароботам.
Маро бибус!
Макун ибо, бибус!
Багал бикун чу кудакон,
Хамушу нарму бесадо бибус!
Зи кайдхо фирор кун,ба ман бирас,
Ба руи ин замин, зери ин само бибус!
Нишотро ба мулки синахо бирез,
Насими поки гамзудо, бибус!
Маро ба буса маст кун,
Макун хаё, бибус!
Биё, бибус!
Бигзор бигирям!(Дар суги дустам Муллоназр)
Ман зор бигирям,
Бо дидаи хунбор бигирям
Дар марги азизе, ки азизи хамагон буд
Гампора шавам, бо дилу бо синаи афгор бигирям.
Марги ту ки ойинаи подоши накуйи ба разилону хасон буд,
Бишкаст дили чумлаи ёрон, ки аз ин кор бигирям.
Бовар накунад марги туро ин дили пора
Бо чашму дили чор бигирям,
Бигзор бигирям!
Бояд фаромушат кунамФарёдро чун халка дар гушат кунам
Ёди туро берун кунам аз тору пуди хотирам
Дар олами матрукае чун муртаде бо гам хамогушат кунам.
Берун шавам аз банди Ту в-аз нав бисозам хешро, то дар чахони бешу кам
Бо он хама дорандагй,бечораву як хонабардушат кунам.
На,на! Мабодо инчунин,ман бе Ту хечам,хеч, хеч,
Мастона о, бо буса гулпушат кунам
Чун чоми май нушат кунам
Субх
![]()
Субх дамидааст
Ва рузи нав зи рах расидааст
Шамими ёди дилбаре чу атри ахтарон
Ба муя-муяхои олами сукутиман давидааст.
Дарахти бенавои пайкарам чавонахо зада, ба шоху барги он
Навиди сабз будани дигар зи богхо расидааст.
Бунафшазор гаштааст хазони марзи дил,
Маро гами наве харидааст,
Касе надидааст.
Шеърам зулол шуд
Ҳар сатру ҳарфу вожа бол шуд
Марзи замону фосила дар ҳам шикасту рафт
Ишқам ба мулки дил фаъол шуд
Ҳачрам висол шуд
Ман хоб дидаам
Худро канори об дидаам
Марде фитода гушае бе ҳушу бе нафас
Дар гушaе як киштии шикастаро ғарқоб дидаам
Ин мард аз кучо в-ин киштии шикаста чист?
Як фоли ноби ноб дидаам
Арбоб дидаам
Дар ишқи шумо бандам
Дар бандаму озодаму хурсандам
Он лаҳза ки пойи дил дар зулфи шумо овехт
Аз он чй ҳавасҳо буд,бибридаму бо роҳатй дил кандам.
Акнун ки шудам маҳбус дар майкадаи чонон
Ман шокири алтофи Худовандам
Меболаму механдам
Буйи баҳор ояд ҳаме
Аз боғҳо савти ҳазор ояд ҳаме
Дар ёлаҳо аз лолаҳо бишкуфта гулханҳои ишқ
Дар хилвати дашту даман ангезаи бусу канор ояд ҳаме.
Акнун табассум бе ибо гул карда дар боғи лабон
Ин туҳфаро чонҳо нисор ояд ҳаме
Дар сар хумор ояд ҳаме.
Набераам
Ки ханда мекунад
Ба сеҳри хандаҳои пок
Маро ба хеш банда мекунад.
Ва қалби ман дубора гарм мешавад
Ба ин чаҳони сарду пуртазоди зиндагй
Ва шод мешавам, шукуфае ба боғи умри ман
Ба покии чавонаҳои моҳ во шуда
Ва рузҳои рафтаи ҳаёти ман
Ба қолаби хамин шукуфаҳо
Дубора эҳё шуда.
Ва мекунам дуо
Барои у.
Мехр
Дар калби мо
Чавона мезанад
Карордоди ишкро
Ману ту бо нигохи гарми худ
Таъйид кардa будаем
Ва бусахои мо
Дар ин санад
Мухр
Як шабе буд
Дар барам ширинлабе буд
Имтихону озмуни тобу табро
Кулбаи мо мактабе буд
…як шабе буд
Бачагй афсона буд
Чангбозй дар даруни хона буд
Додару хохар хама пахлуи хам, бе дарду гам
Модари гамхору мушфик субху шом дар гирди мо парвона буд
Дар камоли бениёзй, мо хама саргарми бозй дар хами лутфи падар
Чучахо будему шохи хар дарахти боги у чун лона буд
Муи моро чун насими богхо дар субху шом
Панчахои нарми модар шона буд
Олами чонона буд!
Дурй то чанд
Эй Бухоро,эй Самарқанд?
Вақти он аст эй ду фарзанди ятим
Боз оеду шавед бо решахои хеш пайванд.
Гарчй теги чахлу гафлат, беадолат дуятон аз мо чудо кард,
Медихад ин дарси таърих бар тамоми наслхо панд
Об агар садпора, аммо бо хам аст
Окибат хукми Худованд
Бишканад банд!
Абри бахор
Ба марзи синаам бибор
Бибор ки калби ташнаам ба ишки пок
Зи дасти чохилони дун дар ин кавир шуда фигор.
Чавонаи умеди ман фусурдааст
Ва хонаам тихй зи ёр
Ман интизор.
Дубора омадам, салом
Ба қалби пора-пора омадам, салом
Ман омадам, ки хаста аз фироқу дуриҳо шудам
Ва дарк кардаам висолро туи, ту чора, омадам,салом.
Дигар миёни мову ту ҳар он чй фосила, мабод,
Шикаста бурчу бора омадам, салом
Шарора, омадам, салом
Аз хонаам марав
Аз олами афсонаам, марав
Ин гушаи биҳиштиро дузах макун, бишин
Эй ҳури ман, фариштаам,аз мичмари кошонаам марав
То атри ту печидааст бар руҳи манзилам
Ман даври ту парвонаам, марав
Чононаам, марав!
Биҳишт
Урду зада
Бо лола дар ёла
Лаби чу сабза рақсон аст
Насиму атр мепечанд бо ҳам
Ба саҳро абр мегиряд
Ва ман бо ёди ту
Урду задам
Бе ту
Зулолро дуруд
Ба аҳли дил, камолро дуруд
Чаҳони шоирй сафои дигаре гиирфт
Ба руҳи шеъри порсй, нумуи болро дуруд
Кунун уручи тоза мекунад ба Каҳкашон фасоҳати каломи мо
Қасида, маснавй, ғазал…бигу, ки аҳли ҳолро дуруд
Ва нойи Мавлавй навои дигаре гирифт
Ки Шамси безаволро дуруд
Зулолро дуруд
Эй ҳамзабон дуруд,
Форсизабони човидон, дуруд
Мо баргу бору ҳосили як нахли воҳидем
Бар оли поки мо, бар точики эрониву афғон дуруд.
Аз Балх то Хучанд,аз Исфаҳону аз Ҳирот то Тусу Рай, Фархору Ашт,
Бар хостгоҳи фозилон, бар дудмони ошиқон дуруд.
Дигар миёни қалбҳо на марзу монеа
Эҳё шавад ин хонадон,дуруд
Эй ориён дуруд!
Чу шаб фаро расид
Қаробати ду лаб фаро расид
Ситораҳову Каҳкашон назорагар шуданд
Ки дар замини бeкарон шаҳомате ачаб фаро расид
Фироқу дурй аз миёна пар кашиду рафт
Ва базми тобу таб фаро расид
Тараб фаро расид
Магу
Аз ишқи ман магу
Аз иштиёқи ман сухан магу
Ҳаргиз магу, ки ман туро ёр гаштаам
Ҳатто ба булбулону сарву лолаи боғу чаман магу
Ин чо каломи ишқ даҳшат кунад ба по
Аз омили даҳшатфикан магу
Эй гулбадан, магу
Биё
Раҳо зи ғам, биё
Баҳор омада, ту ҳам биё
Биё канори чашмаҳо канори ҳам шинем
Ба бустон, ба ин ҳарам биё
Зи ман марам, биё
Дар ҳавоят гиря кардам
Аз ту бишнидам шикоят, гиря кардам
Гуфтй, муҳточи дуои, то раҳй аз мушкилот
Ру ба осмонҳо намуда, хонда аз чон дуоят, гиря кардам
Зиндагй афсона ҳасту ҳам гахе руъёву хоб
Чун бигуфтй ин ривоят, гиря кардам
Аз бароят гиря кардам
Чу шаб фаро расид
Қаробати ду лаб фаро расид
Ситораҳо ва Каҳкашон назорагар шуданд
Ки дар замини бекарон шаҳомате ачаб фаро расид
Фироқу дурй аз миёна пар кашиду рафт
Ва базми тобу таб фаро расид
Тараб фаро расид
Хонақоҳ
Пире ба хонакох
Дар ру ба руи хилваташ Илоҳ
Аз худ чудо буду гуи ба Ҳақ расида буд
То аз вучуди худ ё аз вучуди ин замин шуяд гунох
Хайфо ки пири мо аз хонакохи чисми худ
Чое нарафту сар расид рох
Дар мавчи иштибох
Буса
Шукуфта буд
Дар боғи лабонат
На аз лабон ки аз нигох
Нигохи гарми ман.Ва калби ман
Чу мохие ба бозй буд
Ба хавзи чашми ту
Ва хосилаш
Фироқ
Шоми ҳичобй буд
Чашмони моҳи шабрав обй буд
Афсонаи муҳаббати оғози ишқи мо
Фарчоми як шаби бехобй буд
Қасри ҳубобй буд
Шайтон
Расида буд
То шайтанат кунад
Манро зи роҳи мустақим
Осон ба доми ғафлат афканд.
Ё Раб, биҳй настаъин
То бори чандумин
Иблис шавад
Рачим
Зулоли хоб
Хоби ман аз сар парид
Парру боли хоби манро кас надид
Чун шудам бо ёди у бехуд зи худ дар калби шаб
Гуши ман афсонаи руъё шинид
Рузи нав аз рах расид.
Бахор мерасад
Бахор мерасад
Бахори лолазор мерасад
Вале зи бими лашкари мучаххази хазон
Гумонам ин бахори мулки ошикон бо губор мерасад
Дигар насими тоза аз чаман намевазад
Ва нолаи фирор мерасад
Шикор мерасад
Дар интизори ту
Ман дар канори туМасти ду дидаи хумори туАммо дарегу сад дарег аз ин нумуи ишкБо буи сифлагон шуда олуда муаттар бахори туИнак муроди ишк мачу аз дили кавирДигар касе нагашт ёри туДар интизори ту
Зуҳури зулол дар Тоҷикистон
Абулфазли Додо: «Ман шоири шеърҳои зулолам, газалҳоямро дар талотуми амвоҷам бинушeд ва шеърҳои зулоламро бо чашми баста бихонед»
Чанде қабл дар Ирон шакл ё сохти ҷадиди шеър бо номи Шеъри Зулол бо ибтикори шоири хушзавқи ирони Абулфазли Додо арзи ҳасти кард. Ин навъи шеър дар рузи 2 баҳманмоҳи соли 1388 мутобиқ бо 22 январи соли 2010 мутаваллид шуд.Ин шеър дар баробари сохторҳои классикии шеър ва шеъри сафед ё озод вориди адабиёти форси шуд.Таърифи куллии «Зулол»
Шеърест, ки бо тули вазни зина ба зина, ки ба таври мусови аз кам шуруъ шуда ва дар кам низ ба итмом мерасад. Ин навъи шеър дорои 5 ило 11 сатр мебошад. Аз лиҳози вазн ба тулонитарин сатр, ки сатри миёна ё қалби шеър мебошад, «сатри модар» ва сатрҳои атрофи онро «сатрҳои қарина» мегуянд. Зулол дорои ду навъ (аруз ва озод) мебошад, ки ҳар кадом барои худ усул ва таърифҳои хоссае доранд.
Тавзеҳи комил
Дар шеъри «Зулол» наҳваи ҳаракати вазнҳо бо суъуд ва нузулашон, тасвири фатҳи қуллаеро дар вазни мусаввири мусаллас ба тачассуми зеҳнй расонда ва фазои ҳандасии(геометрии)ҷолиберо дар олами хаёл ва маъно намоён месозад.
Вазнҳои арузи дар ин навъи шеър бештар руи оҳанги беруни ё руи навъе ҳолати ритмй ва мелодии мусиқиёи савор аст ва ба сурати амвоҷ боло ва поёни шакли зинайии муназзам дорад.
Вазни мусиқиёии зулол бо маълум шудани теъдоди зарб-оҳанги сатри аввал ва ё кашфи ритми сатри модар ба даст меояд.
Ин навъ шеър яъне зулол забони хоси худашро дорад ва бо ритми хоси мусиқиёи бар тибқи салиқа ва завқи шоир сохта мешавад .Бояд зикр намуд,ки на ҳама кас қодир ба иҷод кардани зулолро доранд.Зулол таҳаррук мехоҳад, чунон чи аз тарҳаш пайдост , андоза мехоҳад, назм мехоҳад, гуша мехоҳад. Зулол диққату зарофат ва маҳорат мехоҳад то дар камтарин ҳаҷм, маҳкамтарин ё ширинтарин суханро дар қолабе муназзам ва бо усули пешрафтатар ба арсаи зуҳур бирасонад. Абулфазли Додо роҷеъ ба ин навъ шеъри эҷод намудаи хеш чунин мегуяд:
«Ман шоири шеърҳои зулолам, газалҳоямро дар талотуми амвоҷам бинушeд ва шеърҳои зулоламро бо чашми баста бихонед»
Конуни куллии «Зулол»
1) Сатри аввал ва охир дорои ҳадиаксар панҷ зарбоҳанг дар вазни мусалласи арузи ва ё ҳаддиаксар шаш адади ҳиҷо дар вазни мусалласи озод бошад.
2)Теъдоди зарбоҳанг байни ду сатр (тафовути змнайи байни ду сатри ҳамҷавор бо ҳам) дар вазни мусалласи аруз, факат ду адад.
Ва теъдоди ҳиҷо дар вазни мусалласи озод ҳадиаксар то шаш адад,ки бо як фосилаи мусови ба таври зинагй нузул ва суъуд дошта бошад. (Мисол: яъне агар теъдоди зарбоҳанги сатри савум ҳама з сатру дувум ду то бештар бошад,ба ҳамин тартиб ду ба ду ва зинагй суъуд мекунад то сатри модар баъд ба ҳамон андоза ба таври мутакорин ва бо фосилаи яксон коҳиш меёбад).
3) Ритми мусикиёи аз ибтидо то охир ба таври равон ҳифз гардад.
4)Теъдоди сатрҳои ҳар зулол аз 5 камтар ва аз 11 бештар набошад.
5)Сатрҳо зери ҳам навишта шаванд.
6)Сатрҳои мутакорин аз лиҳози тулу вазни аруз ё теъдоди ҳиҷо ва теъдоди зарбоҳанг бо ҳам мусови бошанд.
(Таваҷҷуҳ: теъдоди зарбоҳанг байни сатрҳо дар ҳамаи зулолҳои арузи факат 2 аст.)
Анвоъи зулол
Ба таври кулли «Зулол» ба чаҳор навъ тақсим шудааст ки иборатанд аз:
а) Зулоли арузи қофиядор
б) Зулоли арузи бидуни қофия
в) Зулоли озод
г) Зулоли пайваста
Дар ҳар чаҳор навъи фавқ қонуни куллии Зулол муроот мешавад, лекин бо ин тафовут,ки
-дар зулоли арузи қофиядор вазн бо оҳанги мусиқиёии равони арузй пеш меравад ва аз қофия ба тавре ҳисоб шуда истифода мешавад. Бадин тартиб, ки ду сатри аввал ва ду сатри охир дорои қофия ва бақияи сатрҳо як дар миён дорои қофия мебошанд.
-дар зулоли арузи бидуни қофия вазн бо оҳанги мусиқиёии равони арузи пеш меравад,аммо шоир муқайад ба кофия нест, метавонад аслан истифода накунад ва ё дар ду се сатр ба унвони орояи адабй ҷиҳати зебои ба кор бубарад.
-дар зулоли озод аз оҳанги равони арузи барои сатрҳо истифода намешавад ва мусалламан радиф ва қофияе ҳам дар кор нест.
-дар зулоли пайваста ду ё чанд зулол пушти сари ҳам дар як мазмун навишта мешаванд.Ба иборате, агар дар як мавзуе ду ё чанд зулол дар як навъ таърифшударо зери ҳам карор диҳем, ба он зулоли пайваста мегуянд. Дар ин ҳам тамоми сатрҳои қарина ва сатрҳои модар бо чуфтҳои ҳамтирозашон дар як вазн ва оҳанг ва ё дар як андозаи ҳиҷои мебошанд ва ин худ се навъ мебошад:
а) зулоли пайвастаи арузи қофиядор
б)зулоли пайвастаи арузи бидуни қофия
в) зулоли пайвастаи озод
Таваҷҷуҳ: Ҳар гоҳ хостед бидонед, ки шеъри зулол аст ё на, ибтидо ба бандҳои шашгонаи қонуни куллии зулол муроҷиа фармоед.
Дар зимн, яксон будани вазни сатрҳои модар дар зулоли пайваста муҳим ва зарури мебошад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки сатрҳои мутақорин бояд оҳангу мусиқиёии ин вазнро ба ҳам наздик намоянд ва бо сатри модар ҳамроҳи дар ритм дошта бошанд.
Дар мавриди корбурди шеъри зулол барои аввалин бор аз шуарои Тоҷикистон Аъзам Хуҷаста муваффақ ба эҷоди ин навъи шеър шудааст.Тавре муаллифи ин шакли шеър Абулфазли Додо мегуяд -« Зулол барои аввалин бор ба дастони гарми огои Аъзами Хуҷаста рузноманигор ва шоири тавонои тоҷик мавриди интишор қарор гирифтааст.» Зулоли зер намунае аз зулолҳои ишон аст, ки онро каме бараси мекунем.
Дар сарам андешаҳо
Ҳамнавои бо хати ҳампешаҳо
Маслаки моро зи мо дуздида он бемаслакон
Оташе андохта дар бешаҳо
Ман ба фикри решаҳо
Баррасии сохтори қолаби шеъри фавқ:
Навъи сохтори назми шеър: арузи
Форми зарбоҳанг:4-6-8-6-4
Теъдоди зарбоҳанг байни ду сатр:=2
Теъдоди кулли сутур:=5
Сатри модар:
Маслаки моро зи мо дуздида он бемаслакон (8 зарб)
Дорои 8 зарбоҳанг ва ҳам ово бо оҳанги мусиқиёии сутури қарина.
Сатрҳои қарина (1)
Ҳамнавои бо хати ҳампешаҳо (6 зарб)
Оташе андохта дар бешаҳо (6 зарб)
Ҳар ду дорои 6 зарбоҳанг бо тулу вазну оҳанги мусиқиёии баробар.
Сатрҳои қарина (2)
Дар сарам андешаҳо (4 зарб)
Ман ба фикри решаҳо (4 зарб)
Ҳар ду дорои 4 зарбоҳанг бо тули вазну оҳанги мусиқиёии баробар.
Натиҷа: Шеъри фавқ бо таваҷҷуҳ ба (қонуни кулии шеъри зулол) аз навъи арузи қофиядор мебошад.
Дар зер намунаҳо аз зулолҳои Абулфазли Додоро пешкаши ҳаводорони шеъри ноб мегардонем бо ин умед ки ин навъи шеъри зулоли навзод дар фазои кишвари Тоҷикситон ва муҳити адабу шеъри тоҷик миёни шуарои муосири мо мавриди навозиш қарор бигирад.
Ба номи худо
Худованди шоҳу гадо
Азизе,ки ҷони маро халқ кард
Таваккал дар ин ибтидо
Бад-он муқтадо
<><><><><><><
Моҳ моҳи шур буд
Оре ин Баҳман,ки дар манзур буд
Инқилоби мо ба қавли роҳбари олимаром
Ҳосиле аз қудрати ҷумҳур буд
Инфиҷори нур буд
<><><><><
Дустон шоди кунед
Соате сармаст фарёде кунед
Нуш бод он рузгорони хуҷаста нуш бод
Боре аз ҳамбастаги ёде кунед
Бар ҳақ имдоде кунед
<><><><><><
Эй ашк амонам деҳ
Фурсат ба фаросуи замонам деҳ!
Хомуш накун шуълаи пинҳони маро боз
Кам ой вале догтар аз оташу бас дог ба ҷонам деҳ
Дар хирмани захмам ҳама аз радди ту бинам,
Пас қудрати сузанда нишонам деҳ!
Гусле ба равонам деҳ!
Субх16:02 Субх дамидаастВа рузи нав зи рах расидаастШамими ёди дилбаре чу атри ахтаронБа муя-муяхои олами сукути ман давидааст.Дарахти бенавои пайкарам чавонахо зада, ба шоху барги онНавиди сабз будани дигар зи богхо расидааст.Бунафшазор гаштааст хазони марзи дил,Маро гами наве харидааст,Касе надидааст.








Дар канори руди Сир


Садои пойи об





Шиква ва даъват














































































