Эй кудаки хандони ман,
Эй чони чони чони ман,
Ханда кун пурғулғула!
Ханда кун пурғулғула!
Ханда кун, то ин замин хандон шавад,
Ханда кун, то зандагй осон шавад,
Ханда кун, то ки чавонтар чон шавад,
Ханда кун пурғулғула!
Ханда кун, то одамй беғам шавад,
Ханда кун, то дарду мотам кам шавад,
Ханда кун, бар шодй шодй зам шавад,
Ханда кун пурғулғула!
Ханда кун, то ханда бошад човидон,
Ханда кун, бе гард монад осмон,
Ханда кун, то бахт хандад ҳар замон,
Ханда кун пурғулғула!
Ханда кун пурғулғула!
10 марти соли 1986.
Афғонистон, Мазори Шариф
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Ханда кун ( Барои писарам Фирдавс ), Uncategorized Метки: | Ханда кун ( Барои писарам Фирдавс )














Эй мехрубон падар
Бар хонадон туи чун соябон падар
Бас солхои умри ту андар сафар гузашт
Эй мояи сурур биё суи ин писар
Аз ман марав дигар
шеърои зебову маъсуме сурудаед устод. Гумон мекунам ин шеър ба ин карибихо на, балки дахсолахо кабл навишта шуда бошад.
Дилнишин буд. Лаззат бурдам
Салом бародари гиромй!
Аз он ки навиштахои моро арзиш коилед, сипос бар Шумо!