Маро ту шоҳ мекунй

Ба чашми нимамасти худ ба ман нигоҳ мекунй
Маро ба ғамза мекушй, чаро гуноҳ мекунй?
Дар ин замона хандаро ба дорҳо кашидаанд,
Ту ханда медиҳй ба ман, чй иштибоҳ мекунй.
Чу мерасй ба хилватам, ба лутфи бусаҳои худ
Вуҷуди хастаам пур аз ҷалолу ҷоҳ мекунй
Ба марзи боғи пайкарат ба буса гул шинондаам
Ҳануз дар хаёли ман ту “оҳ оҳ” мекунй
Намешавй ту ёри ман, вале ба ишқи шарқиат
Ба шеъру ёди руйи худ маро никоҳ мекунй
Маликаи ғаюри ман! надорй бим аз касе
Ба тахт мешинониям, маро ту шоҳ мекунй

Комментариев: 3

  1. Ин беҳтарин шеърест, ки ман вақтҳои охир хондаам.Фархунда бошед!

  2. Дуруд бар Хучаcтаи азиз!! Шеъри хуб. Хоса вожаи кашидани ханда ба дорхо оли буд!
    Рохатон сапед бод бар манзили мурод!!!

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.