Руҳу танам атри баҳорй шамид Чашмаи хушҳолии қалбам дамид Боғи вучудам ҳама шуд гулфишон Зоғи ғам аз синаи ман пар кашид Зулмати ожанги чабинам зудуд Субҳи табассум ба лаб омад падид Ранчу парешонию бехобй рафт Рузи нишоту дами шодй расид Қуфлаку занчири қафас пора шуд Кафтарам аз панчаи шайтон рахид Шукри Худо, шукри Худо мекунам [...]
Filed under: Шукри Худо | Метки: Шукри Худо | Оставьте комментарий »












