Устоди пойиз

Барги хазон раксон шуда дар бодхо, дар бодхо Дар бодхо бар по шуда фарёдхо, фарёдхо Гуйи ки ҳар барги хазон як пора аз хуршед ҳаст Устоди поиз мекунад эчодхо, эчодхо Абри парешон медавад дар осмон в-аз боли у Афсона гул-гул мешавад дар ёдхо, дар ёдхо Боди вазон бо панчааш хат мекашад дар панчара Бошад, ки [...]

Акнун

 Аз кучахои бечароги ёдхои кур Омад хавои буданат дар олами дилам Бошад биёиву бо бусае махин Зистан ато кунй бар обу бар гилам Ту пораи чудошуда аз пайкари манй Чун соя ёди ту хамвора бо ман аст Боре нашуд, ки бингарй бо чашми дил ба ман Ин чашм баставу он дил зи охан аст Акнун [...]

Чора

 Ман худамро гиря кардам, то лабам хандон шавад Синаро хунбор кардам, то дилам дармон шавад Дар вучудам гур кардам пайкари афсурдаро То мани ранчуру хаста гоибу пинхон шавад Гуссахоро дафн кардам дар хами лабхандхо Хандаро озодй додам, дар лабам султон шавад Хастиамро хок кардам, то ба лутфи кузагар Ин тани чун ташти холй куза ё [...]

Хушхироме

Хушхироме хандае такдим кард Лаб ба лаб бифшурду як таъзим кард Бо нигохе масту махмуру латиф Рухи бемори маро тармим кард Атри худро бар фазо арзонй дод Накхаташро бо насим таксим кард Чашми у дар чашми ман тавлид шуд Дарси руишро ба ман тарсим кард Бе тамаъ буд нози лабханди гулаш Ишкро бо ошикй такрим [...]

Ба ки гуям хама ин харфи дилам….

Харфхо дар дили ман мемиранд Харфхое ки дар ин тангии танг Хамчу зиндони асиранд Хама мемиранд. Ба ки гуям хама ин харфи дилам? Ба ки гуям,ки яке одамаки хурчиндор Ки ду гуш чун антен Хама чо харфу хичо мечинад Чу галивож ба хар чо махбуб Хешро марди расо мебинад. Лек Менабинад,ки яке номард аст Дилсиёх [...]

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.