
Ман гузаштам зи раҳи хотираҳо
Аз куҳу чангалу дарёву кавир
Ва расидам ба ҳамон водии хомуш ки модар хуфтаст
Ва каме дуртар аз он падари ранчурам
Харду то дишабу руз
Бо гузар аз бари ин оромгоҳ
Ки дар он дар ҳарами ҳасрату оҳ
Як гуруҳ аҳли ҳамин деҳа ба хоби абаданд
Сари по биншаста
Сураи ҳамду дуо мехонданд
Ва ҳоло
Ҳарду дар чамъи хамушон хобанд
…………………..
Кучаи хотираҳоям хокист
Ва дар он ҳасрати фардо холист
Ва дар ин кучаи пуршебу фароз
Хар шабе гиряи Модар ба ҳаво мекашадам
Ва Падар бо тани ранчуру наҳиф
Ки маро дар сари болин надиду чон дод
Чашм бар роҳи ман аст
Ҳалқабанди гираҳи оҳи ман аст
Бо нигоҳе, ки ҳар зарраи хок
Мерасад то афлок
Ба навозиш, ба тавалло
мекушадам, мекушадам
Кучаи хотираҳоям ҳама афсус
Кучаи хотираҳоям ҳама дируз
Кучаи хотираҳоям пури танҳо
Ва надорад фардо..
Filed under: Кучаи хотирахо












