Абас набуд (ислох)

Чй рузхо гузаштааст Ки аклро нафас набуд Парандаи сабурй дар кафас набуд Маро ба чуз надидани худам хавас набуд Барои пилки нахси дидаам Ба хирмане губори хас набуд Чй рузхо, чй рузхо Ба руйи теги му давидаам Ба куллахои изтиробу иштиёки дил расидаам Зи боли абрхо гирифтаам Ва домани пур аз сароби сояро кашидаам Ки [...]

Чат

Ту он тараф Канори руди Сир Ва ман Дар ин тараф Даруни як утоки кучаке ба мулки ориён Ба банди вожахои ноби Ту асир, Нишастаем. Ту мекуни “клик” Садои “тик” Ва руи сафха вожаи “салом” Аз ин тараф “клик” Ва мефиристамат паём, Ва бо садои “муз”, Ки хамрадифи сози калби мост, Сукутро шикастаем. Кунун Ки [...]

Тараннуми бахор

Ту нагу, ки дур шудй аз ман На! Ҳамон гуна ки дар худат истодайи Ту низ дар манй Ва ман туро Чу соя… На! Чу чон ҳамеша дар вучуди ташнаам Дар ин сароби зиндагй Нигоҳ доштаам Ки дар кавири ноумедиҳо Умеди рустани дубораам шавй Ва атри хандаҳои ту Тараннуми баҳор дар вучуди ман Дар ин [...]

Дафтари шеърам

Дафтари шеърам парешони ту шуд, Сафҳа – сафҳа моту ҳайрони ту шуд Байтҳоям сояе аз зулфи ту Хомаам ойинагардони ту шуд. Омадиву ин вучуди хастаам, Чойи пойи амру фармони ту шуд. Хонаам шуд гулшане аз мақдамат, Ҳастиам мафҳуми имони ту шуд. Сарнавишти ту сиришти ишқи ман, Ишқи ман дар банди зиндони ту шуд. Бусаам дар [...]

Руди хушк

Аз катрахои об Дар растахези абр Як руди хушк Аз осмони ташна чорй шуд Дар мавчи куххо бахман нухуфта буд В-ин руди хушк чун Бар куххо расид Дар хеш орамид

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.