Зулолро дуруд

Зулолро дуруд Ба аҳли дил, камолро дуруд Чаҳони шоирй сафои дигаре гиирфт Ба руҳи шеъри порсй, нумуи болро дуруд Кунун уручи тоза мекунад ба Каҳкашон фасоҳати каломи мо Қасида, маснавй, ғазал…бигу, ки аҳли ҳолро дуруд Ва нойи Мавлавй навои дигаре гирифт Ки Шамси безаволро дуруд Зулолро дуруд

Дар интизори ту(шеъри зулол)

Ман дар канори ту Масти ду дидаи хумори ту Аммо дарегу сад дарег аз ин нумуи ишк Бо буи сифлагон шуда олуда муаттар бахори ту Инак муроди ишк мачу аз дили кавир Дигар касе нагашт ёри ту Дар интизори ту

Бахор мерасад

Бахор мерасад Бахори лолазор мерасад Вале зи бими лашкари мучаххази хазон Гумонам ин бахори мулки ошикон бо губор мерасад Дигар насими тоза аз чаман намевазад Ва нолаи фирор мерасад Шикор мерасад

Зулоли хоб

Хоби ман аз сар парид Парру боли хоби манро кас надид Чун шудам бо ёди у бехуд зи худ дар калби шаб Гуши ман афсонаи руъё шинид Рузи нав аз рах расид.

Зуҳури зулол дар Тоҷикистон

Абулфазли Додо: “Ман шоири шеърҳои зулолам, газалҳоямро дар талотуми амвоҷам бинушeд ва шеърҳои зулоламро бо чашми баста бихонед” Чанде қабл дар Ирон шакл ё сохти ҷадиди шеър бо номи Шеъри Зулол бо ибтикори шоири хушзавқи ирони Абулфазли Додо арзи ҳасти кард. Ин навъи шеър дар рузи 2 баҳманмоҳи соли 1388 мутобиқ бо 22 январи соли [...]

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.