ТАБРИК НОМАЕ БА ПИСАРИ РАҲДУРАМ

تبریک   نامه‌ای به پسر رهدورم

Салом, Фирдавс!

Гӯё дирӯз буд, ҷамъ шудем, ҷои ту ва аҳли оилаат холӣ буд ва зодрӯзатро ҷашн гирифтем. Ва инак, ин лаҳзаи хотирмон такрор мешавад. Аҷаб шитобе дорад, зиндагӣ…Боз ҳам ҷои туву хонаводаат холист. Медонӣ, ки ин холигии зоҳирист, ту ва ҳамсару фарзандонат ҳамеша бо моед. Додарат, хоҳаронат ва ҷиянҳоят, ҳар кадом барои дастурхони ҷашни ту ва хоҳарат, ки се рӯз пештар буду қарор кардем ҳардуро якҷоя таҷлил кунем, чизҳое омода кардаанд. Аксашро бароят мефиристем. Албатта фановариҳои имрӯз имкон медиҳанд, ки тамоси тасвирӣ дошта бошем.Ин ҳам як неъмати Худованд аст, ки инсонҳоро бо ҳам пайванд мекунад.

 Мебинам то ин дам хеле аз дӯстону мухлисонат дар шабакаҳои иҷтимоӣ туро табрик кардаанд ва ин оинаи арзиши туст, ки маро хушҳол мекунад.Ҳамчунин мебинам дар мавриди шеърҳоят Шоирони халқии Тоҷикистон, устодон Озарахш ва Фарзона, устодони бузургвор – Абдунабӣ Сатторзода, Аскар Ҳаким, Адаш Истад ва бисёре аз аҳли адабу фарҳанги Тоҷикистону кишварҳои ҳамзабон назар медиҳанд. Ҳеҷ гоҳ аз роҳнамоиҳо наранҷ, ин ки қабул мекунӣ ё на, баҳси дигар аст. Аз истиқболҳо низ мағрур нашав.

 Ҳаргиз кибрро дар худ роҳ надеҳ, ки шайтон дар зеҳнат маскан мегирад ва миёни туву Худо ва инсонҳо фосила эҷод мекунад. Ҳеҷ гоҳ ба ҷуғрофиё эътино накун: дунболи маҳал набош, балки ИНСОНро ҷустуҷӯ кун. Ин интизорро надошта бош, ки дар роҳи ҳамвор ва замони орӣ аз гирифторӣ  кореро оғоз хоҳӣ кард. Дар ин росто барномаи шаффоф таҳия кун ва мушкилоту гирифториҳоро ба фурсат барои дастёбӣ ба ҳадафҳоят табдил деҳ.

 Авзои замони мо имрӯз  хеле печида аст: бемории ҳамагир, мушкилоти иқтисодӣ, фақру бекорӣ, ҷангу нооромиҳо … дар гӯша – гӯшаи олам бедод мекунанд. Абарқудратҳо барои расидан ба ҳадафҳояшон, ки ҳамон султа ва ҳукумат дар ҷаҳон аст, аз ҳеҷ коре дареғ намекунанд. Киевро дар муқобили Маскав қарор додан, пошидани базри нифоқу нооромӣ дар Белорусу Қирғизистон, ба ҷони ҳам афтодани озариҳову арманҳо, сард намудани робитаҳои Теҳрону Душанбе ва даҳҳо мушкилоте, ки дар ақсо нуқоти олам шакл гирифтааст, сенарияи ҳамин қудратҳост ва маншаъи он ҳамон “тафриқа андозу ҳукумат кун” аст.

 Инҳоро ба он хотир гуфтам, ки дар асри мо набояд дунболи зиндагии осон буд, барои мушкилот ҳамеша бояд омода буд ва умедро дар руҳ зинда нигаҳ дошт.

 Писарам, ҳар ҷо бошӣ, фарзанди Тоҷикистон, ин Ватани азизи мо бош.

 Зодрӯзат муборак боду фархунда!

  Файласуфи машҳур, Рене Декарт  мегӯяд: “фарзанд меоварам, пас ҳастам”. Мо туро дорем, пас ҳастем.

 Ҳамин ҳоло телефонам паёме дарёфт кард аз устод Фарзона ва онро ҳамчун дуои хайр ва ҳусни хитоми ин нома ин ҷо мегузорам:

 “Милоди Фирдавсҷон муборак, акои Аъзамҷон! Илоҳо рӯзе биёяд, ки милоди ин азизи навпайморо аҳли ҷаҳон таҷлил кунанд бо сад ҳазор қофилаҳои дуои хайр”

تبریک   نامه‌ای به پسر رهدورم

سلام، فردوس!

گویا دیروز بود  جمع شدیم  جای تو و اهل عائله‌ات خالی بود و زادروزت را جشن گرفتیم .و اینک  این لحظه خاطرمان تکرار می‌شود .عجب شتابی دارد  زندگی .هم جای تو  و  خانواده‌ات خالیست .میادانی  که این خالگی ظاهریست، تو و همسر و  فرزندانت همیشه با مایید .برادرت، خواهرانت و پیوندان، هر کدام برای دستورخوان جشن تو و خواهرت  که سه روز پیش‌تر بود و  قرار کردیم هرد و  را یکجایه تجلیل کنیم، چیز‌هایی آماده کرده‌اند .عکسش را برایت میفرستیم .البته فن‌آوری‌های امروز امکان می‌دهند  که تماس تصویری داشته باشیم .این هم یک نعمت خداوند است  که انسان‌ها را با هم پیوند می‌کند .

  می‌بینم تا این دم خیلی از دوستان و  مخلصانت در شبکه‌های اجتماعی تو را تبریک کرده‌اند و این آینه ارزش تست که مرا خوشحال می‌کند .می‌بینم در مورد شعرهایت شاعران خلقی تاجیکستان، استادان آذرخش و فرزانه ، استادان بزرگوار – عبدالنبی ستار‌زاده، عسكر حكیم ، ادش ایستد و بسیاری از اهل ادب و  فرهنگ تاجیکستان و  کشور‌های همزبان نظر می‌دهند .هیچ گاه از راهنمای‌ها نرنج، این که قبول می‌کنی ای نه  بحث د‌گر است .از استقبال‌ها نیز مغرور نشو .

هرگز كبر را در خود راه ندیه  که شیطان در ذهنت مسکن می‌گیرد و میان تو و خدا و انسان‌ها فاصله ایجاد می‌کند.هیچ گاه به جغرافیا اعتنا نکن : دنبال محل نباش  بلکه انسان را جستجو کن .این انتظار را نداشته باش  که در راه هموار و زمان عاری از گرفتاری  کاری را آغاز خواهی کرد .در این راستا برنامه شفاف تهیه کن و مشکلات و  گرفتاری‌ها را به فرصت برای دستیابی به هدفهایت تبدیل کن.

 عوضاع زمان ما امروز  خیلی پیچیده است : بیماری همه‌گیر، مشکلات اقتصادی ، فقر و  بیکاری ، جنگ و  ناآرامی‌ها …در گوشه – گوشه عالم بی‌داد می‌کنند .ابرقدرت‌ها برای رسیدن به هدف‌هایشان  که همان سلطه و حکومت در جهان است، از هیچ کاری دریغ نمی‌کنند .کیف را در مقابل مسکو قرار دادن، پاشیدن بذر نفاق و  ناآرامی در بلاروس و  قرقیزستان، به جان هم افتادن آذری و  ارمنی‌ها ، سرد نمودن رابطه‌های تهران و  دوشنبه و ده‌ها مشکلاتی  که در اقصی نقاط عالم شکل گرفته‌است ، سناریای همین قدرت‌هاست و منشع آن همان » تفرقه ‌انداز و  حکومت کن » است .

این‌ها را به آن خاطر گفتم  که در عصر ما نباید دنبال زندگی آسان بود، برای مشکلات همیشه باید آماده بود و امید را در روح زنده نگه داشت .

  پسرم ، هر جا باشی فرزند تاجیکستان ، این وطن عزیز ما باش .

زادروزت مبارک باد و فرخنده.

   فیلسوف مشهور  رینی دكارت  می‌گوید : » فرزند میاورم ، پس هستم” .ما تو را داریم، پس هستیم .

  همین حالا تلفنم پیامی دریافت کرد از استاد فرزانه و آن را همچون دعای خیر و حسن ختام این نامه این جا میگزارم:

 : » میلاد فردوسجان مبارک، اکای(برادر بزرگ) اعظم‌جان! الهی‌ روزی بیاید  که میلاد این عزیز نوپیما را اهل جهان تجلیل کنند با صد هزار قافله‌های دعای خیر”

ҶОИ ШАРИФ

Ошиқ шудан лаёқати ҳар беирода нест,

Мастӣ дар урфи ишқ, азизон, ба бода нест!

Инҷо шароби ҳавсала дар хум чи сокит аст

Аммо ба мисли фурсати аздастдода нест.

Мо фикр мекунем, раҳи рост меравем,

Гумроҳ агар шудем, гунаҳкор ҷода нест!

Бояд ки аз масири бади захмҳо гузашт

Гарчи убур аз раҳи ғам кори сода нест!

Дилхуш ба ин умед, ки оянда мерасад, 

Оянда пушти панҷарае истода нест.

Солик ба мақсад аз раҳи ихлос мерасад

Гап дар сари савора будан, ё пиёда нест.

Гоҳе ба пешпо задан иқдом мекунем

Оё ҳамин нишони ақабуфтода нест?

Ҳар кас, ба ҷои хеш, вале фикр мекунам

Ҷое шарифтар зи бари хонавода нест!

عاشق شدن لیاقت هر بی‌اراده نیست ،

مستی در عرف عشق، عزیزان  به باده نیست!

اینجا شراب حوصله در خُم چه ساکت است

اما به مثل فرصت ازدستداده نیست .

 ما فکر می‌کنییم  ره راست می‌رویم 

گمراه ا‌گر شدیم، گنهکار جاده نیست!

باید که از مسیر بدِ زخم‌ها گزشت

گرچه عبور از ره غم کار ساده نیست!

دل‌خوش به این امید  که آینده می‌رسد  

آینده پشت پنجره‌ای ایستاده نیست .

 سالک به مقصد از ره اخلاص میرسد

گپ در سر سواره بودن یا پیاده نیست .

گاهی به پیشپا زدن اقدام میكنیم

آیا همین نشان عقب‌افتاده نیست؟

هر کس  به جای خویش، ولی فکر میكنم

جای شریف‌تر ز بر خانواده نیست!

#اعظم_خجسته

АЗ ХУДГИФ БА ХУДГИФ ОБ ОМАД

Эй ту дар киштии тан рафта ба хоб,

Обро дидӣ, нигар дар об, об.

Мавлавӣ

Достони кутаҳе гӯям, шунав,

Достони куҳнае бо лаҳни нав.

Қиссаи обу замини ташналаб,

Ибтикори одамон, бо лутфи Раб.

***

Лӯлаи обе, ки аз он сӯи руд,

Бар Зарафшон боадаб карда суҷуд,

Шаҳраге буду зи як қисми бадан,

Ин тарафтар омад ӯ бо изни тан.

Омад он то руҳи нав бар тан диҳад,

Боғҳоро пайки бишкуфтан диҳад.

Киштаҳо сарсабзу боровар шаванд,

Аҳли деҳа шокири Довар шаванд.

Он тараф оби зулоли беҳисоб,

Ин тараф дашту даман муштоқи об.

Он тараф оҳанги сою шаршара,

Ин тараф сузи аташ дар ҳар дара.

Он тараф ҳар сахра об — андӯхта,

Ин тараф боғу чаманҳо сӯхта.

Он тараф оби равоне ташна буд,

Ин тараф худ ташнагӣ як дашна буд.

Он тараф Худгиф — обу офтоб,

Ин тараф Худгиф — дар соя, камоб

Ин тараф бо он тараф чун шуд яке,

Оқибат уфтод девори шаке!

Ҳарду ҷонеанду дар як пайкаранд,

Решапайванди тани якдигаранд.

Солҳо буданд, «дур» аз ҳамдигар,

Ин замон гардида ҳарду ҳамсафар.

Лулаи оби равон чун дасти рост,

Дасти чапро мушкили дерина кост.

Ин яке бо он яке комил бишуд,

Иттиҳоду ҳамдилӣ ҳосил бишуд…

Хок ҳам хамёза карду сар кашид,

Об рақсе карду пои гул дамид.

Пардаи зарди аташ шуд як тараф,

Мушкили марди замин шуд бартараф

Ончунонки оби руҳу тан дил аст,

Зиндагӣ, бе об ҳам бас мушкил аст;

Гул намехандад, нарӯяд настаран,

Мешавад бе рангубӯ дашту даман.

Маҳ намерақсад барои биркаҳо,

Руд мегирад ба марги худ азо.

Нашнавӣ овози як паррандаро,

Мешавад дунё тиҳӣ аз ҳар наво…

Об — ободиву об — асли ҳаёт,

Хондаандаш ояи сабзи наҷот.

Рӯшаноӣ, зиндагӣ меоварад,

Тирагию гардҳоро мебарад.

Руҳу ҷон мебахшад ӯ ин хокро,

Пок гардонад тани нопокро.

***

Ҷӯйбори умри ӯ пуроб бод,

Он ки обе бар лабони ташна дод!

МАРСИЯИ НОТАМОМ

Шаҳрҳо ҳамчу «водии хомӯш», кӯчаҳо гӯрҳои бемурда

Хонаҳо мисли гӯшаи зиндон, одам аммо ғамину афсурда

Ҳар куҷо дарду оҳу танҳоӣ, аз азои расида мегӯяд

Меканад рӯю мӯй навболе, модарашро ба хок биспурда…

Ҷангале гаштааст ин дунё, насли Одам чи гиҷ уфтода

Ҳар замон, хуни тоза мехоҳанд, гургҳо, гургҳои ҷонбурда

Охирин туъмаи куруно ҳам ғайри ман одаме набошад, кош

Баъд аз ин кас набинад андӯҳе, гул нагардад хазону пажмурда…

ОЙИНАИ ШИТОБ

http://did.ucoz.ru/news/tarannumi_bakhor/2010-11-11-133

Аз тору пуди об туро офаридаанд,

Аз оташ, офтоб туро офаридаанд.

 

Хандиданат ҳикояти қонуни ҷозиба-ст,

Ойинаи шитоб туро офаридаанд.

 

Эй чашмҳои шухи ту обистани ғазал,

Чун дафтару китоб туро офаридаанд.

 

Беэътино ба панҷаи бераҳми рӯзгор,

Бар рағми хӯрду хоб туро офаридаанд.

 

Гоҳе даруни хотираҳо маҳв мешавӣ,

Аз батни як сароб туро офаридаанд.

 

Нози нигоҳи чашми ту сарчашмаи балост,

Чун мояи азоб туро офаридаанд?

 

Зоҳид, ки дид рӯи ту сармасту вола шуд,

Сар то ба по шароб туро офаридаанд.

 

Аз тору пуди об туро офаридаанд,

Аз оташ, офтоб туро офаридаанд.

 

Хандиданат ҳикояти ќонуни ҷозиба-ст,

Ойинаи шитоб туро офаридаанд.

 

Эй чашмҳои шухи ту обистани ғазал,

Чун дафтару китоб туро офаридаанд.

 

Беэътино ба панҷаи бераҳми рӯзгор,

Бар рағми хӯрду хоб туро офаридаанд.

 

Гоҳе даруни хотираҳо маҳв мешавӣ,

Аз батни як сароб туро офаридаанд.

 

Нози нигоҳи чашми ту сарчашмаи балост,

Чун мояи азоб туро офаридаанд?

 

Зоҳид, ки дид рӯи ту сармасту вола шуд,

Сар то ба по шароб туро офаридаанд.

Хоҳиши як хоҳар

Хоҳари азизе наздам омад.Тифле дар бағал дошт. Хоҳиш кард шеъре дар бораи бемодарӣ нависам.Сабабашро пурсидам.Гуфт: аз вафоти модарам қариб як сол гузашт, ҳеҷ наметавонам ба бемодариам одат кунам.Ҳамеша як гиряи вазнин гулугирам мекунад. Чизе нависед, гиря кунам ва сабук шавам.
Гуфтам, марг барои инсон як мерос аст ва нохоста аз иродаи мо ба суроғамон меояд, ҳар ҷо ҳаёт аст, марг ҳам дунболарав аст ва касе ҷои гурез надорад. Бояд сабр кард ва ба ояндаи фарзандон андешид, ки давоми ҳамон падару модарҳои аздастдодаамон мебошанд. Гуфт: қабул дорам, аммо ман ба умед наздатон омадаам, нависед.
Гуфтам шеър бояд қабл аз ҳама уммедворкунанда бошад, на маъюскунанда. Хомӯш монд… Тифли дар бағалаш буда, ки тақрибан дусола буд, беэътиною бепарво ба суҳбати мо, бо табассуме аз табори фариштагон дар лаб, муҳитро саршор аз умед карда буд ва як нигоҳ ба ӯ кофӣ буд, ки ғамҳои олам ба фаромӯшӣ супурда шаванд.
Китобчаеро, ки маҷмуаи шеърҳои ба падару модарам бахшидаам буд, назди он хоҳар гузоштам.Гуфт: ба он шарт мегирам, ки маблағашро аз ман гиред. Гуфтам: ҳамчун туҳфа қабул кун. Қотеона рад кард ва гуфт: ман муаллима ҳастам ва медонам имрӯзҳо китобҳо чи гуна чоп мешаванд, агар дар фурӯш бошад, адресашро гӯед, рафта мегирам. Ва таъкид кард: мехоҳам шеъре гӯед, ки ҳануз чоп накардаед.
Як шеъри нотамом доштам (ду- се байт), барояш хондам.Исрор кард идома диҳам ва дар интернет мунташир кунам.

Ва он шеъргуна

«Он ки нури дидаву тоҷи сар аст, модар аст»у ман надорам,
Он ки ҳар ҷо ақли моро раҳбар аст, модар асту ман надорам.

Он ки танбеҳат кунад, аммо наранҷиву давӣ бар сӯи ӯ,
Дар қиболи мушкилӣ чун сангар аст, модар асту ман надорам.

Он ки атри будани ӯ хонаҳоро мекунад боғи биҳишт,
Хонаи дилро чу нури ахтар аст, модар асту ман надорам.

Он ки месӯзад бароят то насӯзӣ з-оташи тунди ҳаёт,
Шамъи ҳастии туро чун миҷмар аст, модар асту ман надорам.

Он ки мебинад, вале нодида мегирад хатову ҷурми ту,
Одил асту бо адолат довар аст, модар асту ман надорам…

НОЛАҲОИ БОД

(Идома)

 

Қиссаи трактор ва фидоибачаи шудгор

 

Чу бод дар сари бед афтаду шавад рақсон,

Худой донад, к-ӯ бо ҳаво чиҳо гӯяд.

Мавлавӣ

Ин дам акнун гӯш кун сози дигар,

Аз забони бодҳои раҳгузар:

Гӯшае дигар аз он ранҷу азоб,

Ҳоли зору ғуссаҳои беҳисоб.

Қиссаи шудгору марде дардманд,

Қиссае аз рӯзгори чуну чанд.

Мухтасар гӯям, биёву гӯш дор,

То шавӣ огаҳ зи ҷабри рӯзгор.

Буд марде аз табори холисон,

Хоксору дилвасеъу меҳрубон.

Кору заҳмат баҳри рӯзӣ пешааш,

Ишқ буду меҳр аслу решааш.

Ҷӯраи хурду калони русто,

Зикри хайри номи ӯ дар ҳар куҷо.

ӯ нахустин марди он айём буд,

Ки трактор аз барояш «ром» буд.

Рӯҳи ӯ бегона бо кибру ғурур,

Аз рифоҳу истироҳат гашта дур.

Рӯзу шаб шудгор мекард он азиз,

Бо тане хаста, гирифтору мариз.

Чунки ӯ дилбастаи он кор буд,

Як фидоибачаи шудгор буд.

Рӯзҳое ҳам бидуни обу нон,

Дар дили шаб, зери боми осмон.

Ташнаву гушна, вале машғули кор,

Аз рутубатҳо тану ҷонаш фигор.

Ҷисми ӯ аз ранҷи сурфа дар азоб,

Гашта бегона барояш хурду хоб.

Ҷуфт мекард ӯ замини сахтро,

Шукрҳо мекард ӯ ин бахтро…

***

Модари ранҷури ӯ дар хонае,

Хона гуфтам? На, ки як вайронае.

Чордеворе, ки бому дар надошт,

Мисли як оғил, ки гову хар надошт.

Як заминкан ҷои хона будашон,

Ноаён мекард ӯ нобудашон.

Як муҳити тангу торику хабис,

Як муҳите, ки нағунҷад дар ҳадис…

Не гилему бурё, не зарфи об,

Не дар он курпаччаю не рахти хоб.

Он заминкан гӯри фарди зинда буд,

Осмон аз диданаш шарманда буд.

Дар ҳамин ҷо пиразан шаб то саҳар,

Чашми дил сӯи Худо, мебурд сар.

Гарчи буда кӯзае аз дард ӯ,

Бахти фарзандаш талаб мекард ӯ.

Дастҳои лоғараш сӯи само,

То расад лутфу атое аз Худо.

То ки фарзандаш бимонад дар амон,

Аз ҳама ҷабру ситамҳои замон.

Лек танҳо бачааш — Абдураҳим,

Дар дили шабҳо барӣ аз тарсу бим,

Бо трактораш ҳама саргарми кор,

Дар дили даште пур аз каҷдуму мор.

Хокро шудгор мекард ӯ башаст,

Ногаҳон чархи тарактораш шикаст…

Ҳар чи мекӯшид, аммо бе самар,

Чархи бишкаста начархид аз дигар.

Гушнагиву дард бар ӯ кора кард,

«Бачаи шудгор»-ро бечора кард.

Хаста гашту сурфааш аз сар гирифт,

Аз таби ин сурфа ҷонаш даргирифт.

Он қадар сурфид, ки беҳол гашт,

Берамақ уфтод дар домони дашт.

Сурфа карду сурфа карду хоб рафт,

Бемадору хастаю бетоб рафт.

Шаб, ҳаво торик буду сард буд,

Ин ҳама бар дард, дигар дард буд.

Ҷисми ранҷураш ба рӯи хоки сард,

Охирин нақше аз ӯ эҷод кард.

Зард мешуд боғи ҷисмаш аз хазон,

Сард мешуд пайкараш дар назъи ҷон.

Марг сӯяш ханда мекард аз камин,

То барад ӯро ба оғӯши замин.

Мисли море рӯи ҷисмаш мехазид,

Андак-андак пайкарашро мегазид.

Ҷуз ҳамон чархи хамӯш он нимашаб,

Кас набуд нозир ба разми сӯзу таб.

Ҷисми ӯ мағлуб мешуд дар набард,

Дасту пояш мешуданд оҳиста сард.

Дар ниҳоят он ҷавони нозанин,

Ҷони худро дод бар Ҷонофарин.

Оре, оре, марг поёни ҳаёт,

Кай диҳад бар одам уммеди наҷот.

Ҳамраҳи ҳар зиндае дар ҳар куҷо,

Марг меояд бидуни изи по.

Бехабар ояд суроғи ҷони кас,

Бехабар аз ҳар ҳавою ҳар ҳавас.

Мебарад ӯ туъмаи худро ба гӯр,

Бо камоли эҳтирому не ба зӯр.

Марг меояд гаҳе аз роҳи об,

Гаҳ зи бехобӣ, гаҳе дар вақти хоб.

Гоҳ рӯи тиккае аз як банан,

Меравад ӯ бар суроғи марду зан.

Пушти фармон гоҳ зоҳир мешавад,

Сужае ҳам баҳри шоир мешавад.

Гоҳ меояд ба рӯи бистарат,

Гоҳ меёбад туро пушти дарат.

Гоҳ пушти хатти телфонҳои бад,

Бо қатори вожа аз раҳ мерасад.

Гоҳ бо оҳе асират мекунад,

Аз худат, аз умр, серат мекунад.

Марг бо ҳар чизу ҳар ҷо мерасад,

Бе иҷозат, бе таманно мерасад.

Ҷумлагӣ, дар чораи ӯ нотавон,

Гашта таслими Худои ломакон.

Лек марги ин ҷавони нозанин,

Марги дигар буд, аз навъи хашин.

Ҳосили зулму ситамҳои замон,

Ҳосили ҷабру ситам бар одамон…

Рӯз шуд, модар надид Абдураҳим,

Сар бидод ӯ нолаҳои «во Раҳим».

Дил шаҳодат дод- фарзандат гузашт,

Рафт роҳе, ки надорад бозгашт.

Баски қалби модарон ойина аст,

Хонаи ишқ асту як ганҷина аст.

Ин ҳақиқат бори дигар шуд яқин,

Ҷовидон кас нест дар рӯи замин.

Хоса оне ки маризу нотавон,

Кас надорад ҷуз Худованди ҷаҳон.

Нола мекарду гиребон медарид,

Дар заминкан ҳамчу соя мехазид.

Рӯҳи ӯ дар ҷисми ӯ маҳсур буд,

Дарку эҳсос аз тани ӯ дур буд.

Чун бидид ӯ ҷисми сарди пури худ,

Ин ҷаҳонро дид ҳамчун гури худ.

Шевану фарёди ӯ поён надошт,

Ҳолате монанди як девона дошт.

Рӯю мӯ меканд, модар аз алам,

Нотавон дар назди он ҷабру ситам.

Сар ба сӯи осмон фарёд зад,

Рӯсариро пора карду дод зад:

«-Эй Худо, ин имтиҳон аз баҳри чист?

Ин ғами барманрасида ҷабри кист?…»

Қалби санг аз оҳи модар об шуд,

Осмон аз навҳааш бетоб шуд.

Васфу тасвири чунин як манзара,

Мебарад тоқат зи дилҳо яксара…

 

ДОСТОНИ  ПАХТАЗОРОН ВА ПАХТАКОРОН

 

Миёни пунбазороне,

Ба дастат тӯрба мегардӣ ба сони хонабардӯшон.

Вале дарди миёнатро

Куҷо ҳис мекунанд он пунбабаргӯшон.

                                                           Лоиқ

Бишнав акнун нолаи боди баҳор,

Нолае, ки мерасад аз пахтазор.

Пахтазоре, ки саропо ранҷ буд,

Ҳокимонро лек кони ганҷ буд.

Пахтазоре, ки барои пахтакор,

Рӯзҳоро карда чун шабҳои тор.

Пахтакорӣ пешаи мардум бишуд,

Тешае бар решаи мардум бишуд.

Пахтаро кай дид он фарзанди кӯҳ,

Пахтаро кай буд эъҷозу шукӯҳ?

Мардумони кӯҳзоди бовиқор,

Чун ғулому зархариди пахтазор.

Пахта мегуфтанд, ҷумла рӯзу шаб,

Пахта мегуфтанду ҷома аз канаб.

Пахта — тиллои сафеди хоҷагон,

Мегирифт аз одамон зӯру тавон.

Пахта месабзид, аммо на ба об,

Оби дида, хуни дил, ранҷу азоб.

Ҷӯяҳои пахта чун занҷирҳо,

Баста дасти навҷавону пирҳо.

Чун зулуке хуни мардум мемакид,

Аз даҳонаш хуни мардум мечакид.

Ин зулуки гушнаи аз сер дур,

Туъмаҳо медод бар дандони гур.

То ки бошад «пахтаҷон» дар офият,

Заҳрҳо пошида рӯи ҷамъият.

Ин ба он маънӣ, ки дар умри сиёҳ,

Қадри одам буд санги рӯи роҳ.

Не тараҳҳум буд, не парвои кас,

Одам инҷо буд мисли хору хас.

Дар даруни ҷӯяҳои пахтазор,

Пиру барно, марду зан машғули кор.

Ташнагию гармии тоқатшикан,

Бурда он зӯру рамақро аз бадан.

Дар фироқи чашмаю оби зулол,

Бо забони байтҳо карда мақол.

Байт мегуфтанд, аммо нола буд,

Нолаҳошон ҳасрати садсола буд.

Байт мегуфтанд аз ҷабри замон,

Байти дарду ҳасрату оҳу фиғон:

— Эй дареғ аз оби софи сойҳо,

Мемурем ин ҷо даруни лойҳо.

— Дар кавири холии пурхору хас,

Дар азоб аз пашшаю неши магас.

-Эй дареғи шавкати кӯҳу дара,

Нағмаҳои дилпазири шаршара.

-Ку қуруту чаккаи айлоқи мо,

Вой аз ин гармову ҳалқи қоқи мо.

-Ку нишастанҳо ба зери сояҳо,

Ку нишоти сӯҳбати ҳамсояҳо.

-Войи хирманкӯбҳои нимашаб,

Войи он шабҳои пурсуру тараб.

-Вой аз он байту ғазалҳои Амир,

Войи он чаппотию дуғу фатир.

-Эй дареғи боғу роғу марғзор,

Эй дареғи нағмаҳои обшор.

…Гӯши саҳроҳо пур аз ин нолаҳо,

Ғарқа дар хун лолаҳо дар ёлаҳо.

Ҳасрати оби зулолу босафо,

Шиква аз бедодию ҷабру ҷафо,

Байтҳои дарду ҳасрат мешуданд,

Ё навиди фатҳу нусрат мешуданд…

***

…Оқибат бо заҳмати тоқатшикан,

Он макон гардид гулзору чаман.

Боғ бишкуфту замин гулзор шуд,

Он кавир аз хоби худ бедор шуд.

Об омад бар раги ҷӯборҳо,

Тоза шуд аз кӯча хассу хорҳо.

Он замини гаштгоҳи муру мор,

Кам-камак табдил шуд бар киштзор.

То замоне к-он макон обод шуд,

Зарра — зарра хоки мардум бод шуд.

Эй басо кӯдак, ки нозода бимурд,

Эй басо шамъи ҷавониҳо фусурд.

Эй басо пирони ранҷуру наҳиф,

Гашта қурбонии аъмоли касиф.

Дар ниҳоят заҳмати мардони кӯҳ,

Бар замини сӯхта бахшид рӯҳ.

Боғҳову деҳаҳо бунёд шуд,

Дашти Дилварзӣ, каме обод шуд.

Омада бар ҷӯйҳо оби равон,

Хун давонида ба рӯи одамон.

Дар наво печид набзи зиндагӣ,

Ҳамнавои нахли сабзи зиндагӣ.

Дашт акнун чун гулистон менамуд,

Он ҳама дарду алам гӯё набуд…

Мардумон шоду пур аз илҳоми кор,

Пахта гашта рамзи фарру ифтихор.

Лек ин як манзаре дар дида буд,

Ҳолате, ки дидаи сар дида буд.

Дидаи дил хира дар чизи дигар,

Хиратар гашта зи хуноби ҷигар.

Ру ба сӯи як макони дури дур,

Роҳ мерафтанд гӯё сӯи гӯр.

Дар замини сӯхта, ҳамранги дуд,

Об ин ҷо шӯру ҳам бешарфа буд.

Дашт ин ҷо хонаи сусморҳо,

Ҷилвагоҳи морҳо, кафторҳо.

Гарчи гургони даранда кам буданд,

Гургҳо ин ҷо ҳама одам буданд.

Одамишаклони бо ахлоқи гург,

Дар хари мансаб саворони сутург.

Аз барои шӯҳрату унвону ном,

Зулм карда одамонро чун ғулом…

 

ДОСТОНИ АДИБЕ, КИ БО ДИДАНИ РӮЗГОРИ АСАФБОРИ ПАХТАКОРОН ШИГИФТЗАДА ШУД

 

«Ҳаво, ки хунук мешуд, ғаму андӯҳ дили моро мефушурд.Пашшаҳо

вабо барин ҳуҷум намуда, он қадар мегазиданд, ки дасту пою рӯи одам

варам мекард.На молидани одеколон, на пашшахона ва на либос аз онҳо

наҷот дода наметавонист.Ҳамин ки бӯи одеколон андаке паст мешуд,

пашшаҳо аз нав ба ҳуҷум мегузаштанд. Охир чи тавр тамоми шаб нишас-

та ба баданатон одеколон мемолед!? Бинобар ҳамин гази командировкаи

 якчандрӯзаро кутоҳ карда, роҳи шаҳрро пеш гирифтанӣ шудем.»

«Байни маркази райони Мастчоҳ ва маркази совхоз 6 келометр роҳ

аст.Лекин он  роҳ  чунон  хоку ноҳамвор,  ки зиёда аз  як соат  вайро  тай

кардан зарур меояд.»

Ҳоҷӣ Содиқ, Ҳилолиён Аскар. «Аз Мастчоҳ ба Мастчоҳ», Сталино-

бод, 1961,  с. 94-  95

Чокарони ҳизби Ленин бо виқор,

Васф карда ҳар талоши пахтакор.

Як адиби зубдаи донандаро,

Як азизи ходиму хонандаро.

Роҳиаш карданд сӯи пахтазор,

То намояд васфи кори пахтакор.

То кунад ҳамду санои босифат,

Пахтаро чун соҳаи аълосифат.

ӯ расид аз шаҳру ҳоли зор дид,

Деҳаро як ҷои дилозор дид.

Саҳнаҳоеро, ки бо чашми сараш,

Дид ӯ, аммо наомад бовараш:

Пахтаро чун манбаи рӯзирасон,

Карда маъбуде барои одамон.

Ҷумла ғамхорӣ, барои пахта буд,

Одам инҷо ҳамчу «шери ахта» буд.

Сӯхта аз хандаҳои офтоб,

Саҳмашон аз зиндагӣ ранҷу азоб.

Хаставу уфтодаву дилхун ҳама,

Мисли беобу алафмонда рама.

Дастҳо шахшулу лабҳо хушку қоқ,

Дар хати пешонӣ, ожанги фироқ.

Кафшҳо фарсуда, пора пираҳан,

Устухону пӯст гашта марду зан.

Пӯстҳо бар устухон часпида буд,

Лоғарӣ, ингуна кай кас дида буд?!

Кӯдакон дар чанги гармо рӯзу шаб,

Мубтало бар дарду ранҷу сӯзу таб.

Дасту по чиркину ишкамҳо варам,

Чашмҳо гуду нигаҳҳо пур зи ғам.

Пирмарду пирзанҳо бемадор,

Гӯиё ки марги худро интизор.

Рафтаанд аз зеҳнҳо, аз ёдҳо,

Туъмаҳои он ҳама бедодҳо.

Пахтазор, аммо тамизу тоза буд,

Равнақаш дар ҳар куҷо овоза буд.

Пахтазорон хурраму шодобу тар,

Пахтакорон ташнакому хунҷигар.

Пахтазорон ифтихори хоҷагон,

Пахтакорон бардаҳои нотавон.

Пахтазорон наварӯсони чаман,

Пахтакорон мурдаҳои бекафан.

Ҷӯяҳои пахта шодобу қашанг,

Кӯчаҳои деҳаҳо пурхоку санг.

Ҳар нафас обу ҳаво ҷонсӯз буд,

Дарду ғам як рӯз не, ҳаррӯз буд.

Модарону кӯдакон камхун шуда,

Туъмаи силу вабо, тоун шуда.

Хандаи маснуъ дар лабҳояшон,

Чашмҳошон чашмаи оби равон.

Духтарон, он гулъузорони чаман,

Чокарони пахта- «тиллои ватан».

Мӯяшон хокистарӣ аз гарду хок,

Дасту по аз неши пахта чок-чок.

Сарвҳо буданду акнун бо ситам,

Пеши пои пахтаҳо гардида хам.

Чашмҳо бегона бо ишқу ҳавас,

Гунаҳо беотифа чун хору хас.

Дар ҷавонон навҷавонӣ мурда буд,

Рӯҳашон ғамдидаву афсурда буд…

Ин ҳама ранҷу балоҳоро, ки дид,

Шуд адиби нуктадон талхакафид.

Ашки ҳасрат рехт аз ду чашми ӯ,

Шуълаҳо зад дар замираш хашми ӯ.

Пайкараш дар ларза аз он фоҷеа,

Ақлу ҳушашро рабуд он воқеа.

Шаҳр омад, лек пеши дидааш,

Ҷилвагар он дарду ранҷи дидааш.

Шаб ба хобаш гиряҳои кӯдакон,

Нолаҳои модарони хастаҷон.

Ҳар шабе кобус медид он азиз,

Наъра мезад нимашаб мисли мариз.

Пирмарду кӯдакони хастаҳол,

Пеши чашмонаш заифу бемаҷол.

Он ҳама зулму ситам бар одамон,

Он ҳама ранҷу бало дар он макон.

Гум намешуд аз фазои дидааш,

Буд гӯё ин ҷазои дидааш.

Худ ба худ мегуфт он аҳли қалам:

«Аз куҷо меояд ин ҷабру ситам?

Аз чи ин мардум гирифтори азоб,

Кулфату хории онҳо беҳисоб?

Аз чи ин мардум чунин бечораанд,

Лек масъулини мо бекораанд?

Дар заминканҳо! На инки хонаҳо,

Дар ватан, аммо чунон бегонаҳо

Инчунин талху сиёҳе сарнавишт,

Дасти кӣ бар мардуми Масчо навишт?

Аз чи онҳо чун ғулому бардаанд,

Ё магар онон ҷиноят кардаанд?

Корашон хубу вале худ хору зор,

Пахтаҳо сарсабзу онҳо бемадор.

Пахтаҳо шодобу онҳо ташнаанд,

Пахтаҳо серанду онҳо гушнаанд.

Бачаҳошон бенасиб аз бачагӣ,

Ҳар тараф чун соилони кӯчагӣ.

Сарпарасте ҳаст, аммо чун ятим,

Зиндагӣ дар ҷисмашон гашта ақим.

Чун гиёҳи ёва тард аз киштзор,

Аз навою аз навозишҳо канор.

Марг инҷо дар камини одамон,

Мекушад ҳар лаҳзае пиру ҷавон.

Зиндаҳо дар ҳайрату дар изтироб,

Мурдаро шӯянд, бо чӣ? Нест об!

(Мурдаҳо бо ашк, тоҳир мешуданд,

Баҳри хоки сард ҳозир мешуданд.)

Ҳар замон бо оҳи сӯзон аз ҷигар,

Мерасад аз мурдаҳои нав хабар.

Гӯрканҳо дар талошу боз ҳам,

Мурдаҳо бисёр, аммо гӯр кам.

Мурдаҳо беобу тобуту кафан,

Дар фиғону оҳу нола марду зан.

«Во балом»у «во дареғ»у «во ҷигар»,

Гӯши саҳрою фалакро карда кар»…

Ин ҳама даҳшат зи ҳоли одамон,

Пеши чашмонаш аёну ноаён.

В-аз вуҷуди он ҳама ранҷу ситам,

Ғусса мехурд ӯву месӯхт аз алам.

Баъд аз он дар чашми ӯ ҳар ҳокиме,

Аҳриман буду фашисту золиме.

Баъд аз он тоқат набудаш, ки дигар,

Луъбате бошад хамӯшу лолу кар.

Дида пӯшад бар ҳақиқатҳои рӯз,

Дидаву нодида гирад ранҷу сӯз.

Дигар аз дунёи худ безор шуд,

Инзиво бигрифт ӯ бекор шуд.

Зиндагӣ дар пеши чашмаш мурда буд,

Баски андуҳи замонро хурда буд.

Баски арзишҳои одам рафта буд,

Одамият ҳам зи олам рафта буд.

Он адиби нуктасанҷи зиндаёд,

Инзиворо аз ҳама тарҷеҳ дод.

Рафт ӯ бар гӯшаи беқайдиҳо,

Карда кори дафтару хома раҳо.

ӯ дар ин узлат шаҳиди хома шуд,

Қаҳрамони ҷовиди ин чома шуд.

Инчунин марге на марги сода буд

Марги як руҳу дили озода буд.

Марги ҳифзи эътимоду боварӣ,

Ҳифзи шаъну иззати одамгарӣ.

Марги растан аз лаҷанзори риё,

Марг, аммо рафтане бар кибриё.

Оре, оре, ӯ чу пулоди асил,

Аз филизоти бадал барканда дил.

Қад алам бинмуд, аммо хам нашуд,

Ғайб зад аз дида, аммо кам нашуд!

 

РУҶӯИ ДЕҲАИ МАТРУК

«…деҳаҳои Масчои Кӯҳӣ ба хотири он ки мардум дубора барнагар-

дад, ….вайрон карда шуданд…»

Хуршеди АТОУЛЛО, «Қатли шери Масчо»

Деҳаи матрукае дар шеби кӯҳ,

Холӣ аз ҳар чиз, бефарру шукӯҳ.

Сокинонаш сояҳои абрҳо,

Хонаҳо тандиси гӯру қабрҳо.

Марг дасту рӯшро пуф карда буд,

Зиндагӣ он ҷо таваққуф карда буд.

Дар фироқи рафтаҳо хун мегирист,

Аз ҷафои чархи гардун мегирист.

Ҳар касе, ки будаш андак ақлу ҳуш,

Нолаҳои деҳа меомад ба гӯш:

— Ман парешону пакар афтодаам,

Лошаам, ки лолу кар афтодаам.

Рӯҳу ҷонро аз тани ман бурдаанд,

Рангро аз гулшани ман бурдаанд.

Он кишоварзам, ки боди фитнаҷӯ,

Бурда аз хоки заминам рангу бӯ.

Боғбонеам, ки дасти рӯзгор,

Ҷои гул бахшида як полиз хор.

Ҷангали сабзам, ки дастони табар,

Бурда аз ҷисмам шукӯҳи барги тар.

Ҳазрати Одам манам, ки сарнавишт,

Берунам андохт аз хоки биҳишт.

Гӯшае танҳои танҳо мондаам,

Ғурбатамро дар худам гурондаам.

Оҳ, кас ёд аз мани танҳо накард,

Дасти манро рӯзгорон кард тард.

Зиндагӣ, гӯё ки оқам кардааст,

Он нишотам рафт, қоқам кардааст.

Кӯчаҳоям кӯр гашта зери хок,

Сӯхта аз ташнагӣ олую ток.

Хонаҳоям бе дару дарвозаанд,

Бе сафову бе навои тозаанд.

Синаи ман ёдгори рафтаҳост,

Рафтаҳое, ки худи аҳволи мост.

Чашмаҳо хушкида, ҷӯҳо гум шуда,

Пайкари ман холӣ аз мардум шуда.

Оброҳи боғҳо — анбори санг,

Боғҳо хушкидаву беобу ранг.

Лонаҳо дар шохсорон бесадо,

Боғҳо урёну бесавту наво.

Субҳи ман бе нағмаи бонги хурус,

Рӯзи ман бе рӯзию туршу абус.

Ку дигар он хониши кабки дарӣ?

Мурда дар ман шеваҳои дилбарӣ.

Нағмаи ҷонбахши булбулҳо ки на.

Гул намонда, пора қалби ойина.

Пайкарам гӯрест, гӯри зиндагӣ,

Холиам аз созу сӯри зиндагӣ.

Ин манам обастани андӯҳҳо,

Модарам- пушту паноҳам, кӯҳҳо!

Не садои кӯдакон дар кӯи ман,

Не навои обҳо дар ҷӯи ман.

Не насиме, то расад аз бораҳо

Не танини ҷунбиши гаҳвораҳо,

Не ғиреви барраву бузғолаҳо,

Не самоъи лолаҳо дар ёлаҳо.

Мисли хори домани кӯҳи баланд,

Мондаам дар коми сад ранҷу газанд.

 

ДАШТИ ДИЛВАРЗИН ТАЛИ БАРЗУ БИШУД

 

«… мардуми ноҳияи Мастчоҳ бо ҳамон ифтихор ва ойини ватандории

худ пас аз кӯч бастан ба мавзеъи нав ва бунёд намудани диёри шукуфову

сабзу хуррам, дар навбати аввал, суннатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои миллии

қадимаро ҳамроҳи хеш ба ин сарзамини тозабунёд овардаанд ва то кунун

онҳоро бо беҳтарин ваҷҳ идома медиҳанд.

Ҳамзамон бо ин, баробари шакл гирифтани як воҳиди маъмурии дига-

ри Тоҷикистон ба унвони Мастчоҳи нав мардуми шарафманд ва хештан-

шиноси он шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳои навбунёдро дубора бо номҳои

ҷуғрофии куҳани суғдӣ номгузорӣ карда, ба ин васила дар эҳёи фарҳанги

бостонии худ саҳми муносиб гузоштаанд.»

Эмомалӣ РАҲМОН

 

Он ҳама ранҷу азиятҳои дашт,

Имтиҳони зиндагӣ буду гузашт.

Имтиҳоне, ки назирашро башар,

То кунун кам дида дар ҷои дигар.

Имтиҳоне — разми маргу зиндагӣ,

Имтиҳоне — базми маргу зиндагӣ.

Имтиҳони зӯри бозуву ғурур,

Имтиҳони қудрати ақлу шуур.

Имтиҳони тоқату сабри асаб,

Имтиҳони шӯҳрату ному насаб.

Имтиҳоне дар баҳои молу ҷон,

Имтиҳоне аз барои хону мон.

Имтиҳоне берун аз ҳар қоида,

Имтиҳоне ҷабру ғафлатзоида.

Имтиҳоне аз мусибат, дард, оҳ,

Имтиҳони муҷримони бегуноҳ.

Лек мардони ғаюру сарбаланд,

Бо вуҷуди он ҳама ранҷу газанд.

Бо тавону шӯру фатҳи бемисол,

Ибтикору ҳиммату кори ҳалол,

Даштро бо ҷомаи боғу чаман,

Ҳусни нав бахшида бар юмни Ватан.

Гарчи молу ҷони худро бохтанд,

Шӯразореро гулистон сохтанд.

Дашт, таслими абармардони кӯҳ,

Хурраму обод гашту бошукӯҳ.

Кӯчаҳо мумфаршу нуронӣ шуданд,

Хонаҳо зебо, чароғонӣ шуданд.

Ёфт поён қиссаи «буду набуд»,

Дашти Дилварзӣ Тали Барзу бишуд.

Рустамибозу, Фаридунзодагон,

Ифтихори кишвари озодагон.

Гарчи гоҳе ҷабр диданду ҷафо,

Аҳли дил буданду қавми бовафо.

Бо ҳидоятҳои мардони накӯ,

Он биёбонро намуда зеру рӯ.

Қаҳрамони кору заҳматҳо шуданд,

Сарварони хайру раҳматҳо шуданд.

Бар куҳистон низ руҳи нав дамид,

Як насими тозаи эҳё вазид.

Як насим аз ҷинси меҳру нангу ном,

Як сапеда аз гузори уфқи шом.

Ҷилва карду дар замири кӯчиён,

Он далерони Фаридунзодагон,

Ёди боғу деҳаро бедор кард,

Иддаеро озими куҳсор кард.

Омаданду аз дили вайронаҳо,

Берун оварданд боғу хонаҳо.

Ҷӯйро бо бӯсаҳои масти об,

Дода нуру шӯру шавқи изтироб.

Об омад, осиё бедор шуд,

Сабзу хуррам руҳи гандумзор шуд.

Хору хас аз роҳу кӯча гум шуданд,

Хонаҳо пурнур аз мардум шуданд.

Деҳа ҷавлонгоҳи рақси сояҳо,

Ҳамнаво бо суҳбати ҳамсояҳо.

Чашмаҳо ойинадори осмон,

Куҳҳо монанди марди паҳлавон,

Муттакои марзи ободӣ шуданд,

Саҳнаи пирӯзиву шодӣ шуданд.

Дар лаби рӯду нишеби дарраҳо,

Рақси сабза, шавқу шӯри барраҳо.

Инчунин аз дарраҳо, аз куҳҳо,

Дур гашта ғуссаву андуҳҳо.

Бод атри ишқро парвоз дод,

Зиндагиро мавҷи сузу соз дод.

Деҳаҳо — вайронаҳо эҳё шуданд,

Чун арусон хушгилу зебо шуданд.

***

Шамси истиқлол инҷо рӯ намуд,

Боби фатҳу ҳиммати навро кушуд.

Оқибат вайронае обод шуд,

Хотири ғамгини миллат шод шуд.

Гӯшае, ки номи он Янтоқ буд,

Дар харобӣ, якка буду тоқ буд.

Сабз шуд монанди боғу бустон,

Бустони сарзамини тоҷикон.

Кӯчаи мо ҳам дубора тӯй шуд,

Ҳар куҷои русто хушбӯй шуд.

Дашт акнун сабзазору гулшан аст,

Ифтихори миллат асту меҳан аст.

Пайкари Сомонӣ, он олитабор,

Ҳамчу пайки ваҳдати халқу диёр.

Қад алам бинмуд — рамзи иттиҳод,

Иттиҳоде, ки ҳамеша зинда бод!

 

 

ОХИРСУХАН

 

 

Бод ҳарҷо ҳар замоне мевазад,

Аз маконе бар маконе мевазад.

Панҷаи ӯ аз китоби хотира,

Мекушояд тоза боби хотира.

 

Саргузашти рафтаро пеши назар,

Мекунад бо ҳар тариқе ҷилвагар.

 

Мевазад мисли нафасҳои ҳаёт,

Медавад дар кӯчабоғи хотирот.

 

Ҳар киро чашми дилу ҷон рӯшан аст,

Сӯзи оҳи бод дар рӯҳу тан аст.

 

Дарс мегирем аз фарёди бод,

Дарси созу сӯзу дарси иттиҳод.

 

Аз замири бодҳои бетараф,

Қиссаҳое гуфта аз обу алаф,

 

Ёди дунёи шаҳидон кардаем,

Ёди он мардони даврон кардаем.

 

Дарди ҳиҷрат достони тоза нест,

Бори ҳиҷрат қобили андоза нест.

 

То замоне руҳи инсон дар тан аст,

Кори ӯ ҳамвора ҳиҷрат кардан аст.

 

Ҳиҷрате баҳри тану як пора нон,

Ҳиҷрате баҳри рифоҳи хонадон.

 

Ҳиҷрате аз тангноҳо, аз фишор,

Ҳиҷрате аз бими зиндон, бими дор.

 

Ҳиҷрате аз ҳар куҷо то нокуҷо,

Ҳиҷрате сӯи ҷавори кибриё…

 

Гарчи бошад достонҳо бешумор,

Мухтасар гуфтем мо, маъзур дор.

 

Он азизон дар гузори бодҳо,

Зиндаанд имрӯз ҳам дар ёдҳо.

НОЛАҲОИ  БОД

 

 

ЧАНД СУХАН АЗ МУАЛЛИФ

 

Муҳоҷирати мардуми Кӯҳистони Масчоҳ ба дашти  Дилварзин,  ки дар  солҳои 50-уми асри 20  сурат гирифт, як амри зарурӣ буд, зеро аз як тараф он макон барои кору зиндагии босамар тангӣ мекард, аз сӯи дигар бояд киштзорҳои нав барои парвариши пахта ба вуҷуд оварда мешуданд. Аммо наҳваи кӯчонидани мардум ба водӣ хориҷ аз муқаррароти дастуру нишондодҳои ҳукуматӣ ва риояти ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандии сокинони кӯҳистон буд. Яъне ҳамон мақоли машҳури «ба ҷои салла калла» амалӣ шуд. Ба иборати дигар, мардуми куҳистон дар ҳоле ба таври маҷбурӣ ба Дилварзин оварда шуданд, ки шароит дар ин дашти урён барои зиндагӣ муҳайё набуд: ҳанӯз хонаҳои истиқоматӣ ба таври пурра сохта нашуда бу

данд, маҳалҳо бо оби ошомиданӣ таъмин набуданд, роҳҳо хокию ноҳам-

вор, барқ набуд, хизматрасонии тиббӣ ба роҳ монда нашуда буд… Акса-

ри мардуми кӯчида аз сабаби набудани хона маҷбур буданд, муддате дар

заминканҳо, дар шароити дур аз шоистагии як инсон, як кишоварз зин-

дагӣ кунанд.Дар ин маврид муаллифони мақолаи таҳқиқотии «Демогра-

фическая ситуация в Таджикистане» навиштаанд: Ҳамчунин бояд ба яке

дигар аз хусусиятҳои муҳоҷиркунӣ, ки авзои иҷтимоиро муташанниҷ карда буд, ишора кард:бунёди пешакии зерсохтҳои иҷтимоии зарурӣ дар заминҳои нав ба таври густурда нокифоя буд. Ин нукта дар Қарори Шӯрои Комиссарони ҳалқи ҶШС Тоҷикистон аз 11 феврали соли 1939 таъкид шуда буд, ки дар он гуфта мешуд: «Хоҷагиҳои қаблан кӯчонидашуда… бе хона монданд ва маҷбур буданд, дар юртаҳои қамишии оддии барои зиндагӣ носозгор маскун шаванд.» Чунин вазъият дар давраи баъд аз ҷанг низ, вақте масчоҳиёнро кӯчонданд, такрор шуд.

Набудани шароити мусоид барои зиндагӣ ва носозгории одамон ба

иқлими дашт, боиси авҷгирии бемориҳо ва афзоиши маргу фавт, ба хусус

дар миёни солмандону кӯдакон мегардид. Албатта, буданд масъулони

дилсӯз, ки талош мекарданд ба мушкилоти мардум расидагӣ кунанд, аммо пешниҳодҳояшон на ҳамеша гӯши шунаво пайдо мекард.

Муҳоҷирати мардуми куҳистон ба дашти Дилварзин дар замони Ко-

тиби якуми ҲК Тоҷикистон будани Бобоҷон Ғафуров сурат гирифт ва ӯ

ба «заҳматкаш будани мардуми Масчоҳ эътимоду итминони қавӣ дошт.

Минбаъд ҷараёни зиндагӣ дар ҳама ҷабҳаҳо ин пешбинии Б. Ғафуровро

собит кард. Дар пахтакорӣ ва парвариши дигар зироатҳои хоҷагии кишо

варзӣ на ҳама хоҷагиҳои ҷумҳурӣ бо масчоҳиён ҳамсон буданд. Эътимо-

ди Б. Ғафуровро масчоҳиён исбот карда, дар шароити номусоиди табиию ҷуғрофии дашти Дилварзин кору пайкори суботкорона ба харҷ дода, заминҳои асрҳои аср бекорхобидаро ба макони «тиллои сафед», боғу бӯстон табдил доданд.

Дар ин достон ба таври мухтасар ҷараёни муҳоҷирати мардум аз кӯҳис-

тон ба дашт, мушкилоти солҳои аввал, рафъ шудани душвориҳо ва бо

талошу заҳмати зиёд ба гӯшаи зебое аз Тоҷикистон табдил шудани даш-

ти асрҳои  аср  урён, баён шудааст.  Умед мекунем, мавриди писанди хо-

нандагони гиромӣ қарор хоҳад гирифт.

 

БИШНАВ АЗ БОД …

 

Чӣ руҳафзову роҳатборӣ, эй бод,

Чӣ шодибахшу ғамбардорӣ, эй бод.

…Бигӯӣ ҳолу боз орӣ ҷавобам,

Ки хомӯши равонгуфторӣ, эй бод.

Хоқонӣ

Нола меояд зи қалби бодҳо,

Нолаҳои гумшуда, фарёдҳо.

Нолаҳои гоҳ гӯё, гаҳ хамӯш,

Ҳам пур аз нешанду ҳам саршори нӯш.

Мерасанд ин нолаҳо аз ёлаҳо,

Аз дили пурхуну доғи лолаҳо.

Лолаҳо аз хуни мардони ғариб,

Беватанҳои зи шодӣ бенасиб.

…Мерасанд ин нолаҳо аз кӯҳҳо,

«Кӯҳҳои ҳайкали андӯҳҳо»*.

Кӯҳҳое, ки сафоҳо доштанд,

Як бағал ҳисси тамошо доштанд.

* Аз устод Лоиқ

Алғараз дар зери он чархи кабуд,

Зиндагӣ лабрези шӯру ишқ буд.

Лек теғи зулми айёми палид,

Тори васли насли он ҷоро бурид…

…Мевазанд ин бодҳо аз даштҳо,

Аз ҷавори пуштаҳо, гулгаштҳо.

Бӯи гул меоваранд аз пуштаҳо,

Гул куҷо? Аз доғи хуни куштаҳо.

Мехазанд ин бодҳо аз пахтазор,

Аз ҷаҳони мардумони хору зор.

Нолаҳои синасӯз, эй сад дареғ,

Аз замони кинатӯз, эй сад дареғ.

Дар найистонҳо ниёиш кардаанд,

Токҳоро ҳам навозиш кардаанд.

Нолаи най, дар нафири бодҳо,

Ҷӯшиши май, дар замири бодҳо.

Бодҳо саҳрову дарё дидаанд,

Дар манору кохҳо рақсидаанд.

То шавӣ аз рафтаи худ бохабар,

Бодро бо дидаи дигар нигар.

Дар дили ин бодҳо ҳарф асту оҳ,

Дарду оҳе аз савобу аз гуноҳ.

Бегумон ин бодҳо гап мезананд,

Шевану фарёдҳо гап мезананд.

Ман ба таври мухтасар гӯям сухан,

Порае аз рӯзгори марду зан.

Чун наи Мавло «шикоят» мекунам,

Достон дорам, ҳикоят мекунам.

Фарз кун, тақлиди Мавло мекунам,

Ман куҷову Мавлавӣ! «МО» мекунам.

Маснавӣ — аз ҳиҷрати руҳ аз бадан,

Ман бигӯям ҳиҷрати тан аз Ватан.

Ҳиҷрате лабрези ашку дарду оҳ,

Ки дили торихро карда сиёҳ.

Ҳиҷрат он ҷо иттифоқи қудсӣ аст,

Ҳиҷрат ин ҷо қисса дорад аз шикаст.

Нолаи найро шунидӣ, эй азиз,

Дарсҳое дорад оҳи бод низ.

Лаҳзае чашми сари худро бипӯш,

Гӯши дил бикшову ҳарфи  ман ниюш.

 

ДОСТОНИ КӯҲ ВА ДАШТ

 

«Мардуми зиёде зери офтоби сӯзони биёбон дар ҳасрати боғу бешазо-

рон ва рӯду чашмасорони хеш ҷон дод, то барои давлати шӯравӣ пахта

бирӯёнад. Падарам мегуфтанд, агар дар ватани обоӣ деҳаи мо ҳамагӣ як

тобут дошт, дар ҷои нав панҷ тобут сохта буданд, ки ҳамарӯза дар роҳи

байни хонаҳои нимасохтаву хаймаҳо ва қабристони навпайдо дар ҳара-

кат буданд.

Рӯзҳое мешуд, ки  аз як  хона ду ё се  тобут мебароварданд. Ва рӯзҳое

мешуд, ки барои тобут навбат мегирифтанд.»

Салими Аюбзод. «Марсияи носуруда»

 

 

Як маконе буд дар оғӯши кӯҳ,

Дошт деҳа, хонаҳои бошукӯҳ.

Рӯдҳову чашмасори дилфиреб,

Боғҳову сабзазорони базеб.

Суфраи сабзи саховат паҳн буд,

Фарши тақвову диёнат паҳн буд.

Файз буду нур буду ишқ буд,

Зиндагӣ бисёр зебо менамуд.

Буттаҳо бутҳои кӯҳи Бомиён,

Сахраҳо рахшанда чун тоҷи Каён.

Дар замири боғҳо гарде набуд,

Сабза буду печаки зарде набуд.

Меваҳо чун лаълу чун ёқути ноб,

Ҳар яке ойинаи ашки саҳоб.

Мардумон ин ҷо ҳама машғули кор,

Розӣ аз доду надоди Кирдугор.

Бо забони обу гил ҳамдам ҳама,

Ҳарфашон бо шеваи шабнам ҳама.

Сӯфиён буданд бо дилҳои соф,

Ҳоҷиён буданд бе лофу газоф.

Зиндагӣ дар ин саро осуда буд,

Мисли он афсонаи «буду набуд…».

Лек теғи зулми айёми палид,

Тори васли насли он ҷоро бурид.

Дар яке аз рӯзҳои тирамаҳ

Шуд самои деҳа пурабри сияҳ.

Як нафар омад аз он шаҳри калон,

Бо хабарҳои аёну ноаён.

Ҳарфҳои булаҷаб мегуфт ӯ,

Аз қирони рӯзу шаб мегуфт ӯ.

Бар ҳама пиру ҷавони раҳгузар

Бо забони сода медод ин хабар:

-«Дар баҳорон мисли оби чашмаҳо,

Мешавем аз кӯҳу ҷангалҳо ҷудо.

Мебаранд аз ин макон бар ҷои дур,

Ихтиёрӣ гар нашуд, бо амру зӯр.»

Гарчи кӯчидан ба як ҷои дигар

Буд амре дархури он буму бар.

Чунки ҷамъият, ҷудо аз мулку мол,

Беш мешуд бо гузашти моҳу сол.

В-аз барои касбу кору бому дар

Танг мешуд домани кӯҳу камар.

Ҷои дигар дашту саҳрои Ватан

Интизори касбу кори марду зан.

То расанд аз роҳу ободӣ кунанд,

Кишвари худро пур аз шодӣ кунанд…

Лек бархе ҳокимони он замон

Зулм карданду ситам бар одамон.

Пеш аз он, ки хонае созанду роҳ,

Ё ки об оранд аз аъмоқи чоҳ.

Кӯчаю манзил чароғонӣ кунанд,

Нону обу орд арзонӣ кунанд.

Ҷойи он, бо зӯру зулми бешумор

Одамонро карда бар мошин савор.

Хонаҳошон сар ба сар тахриб шуд,

Синаҳошон пурғаму ношеб* шуд.

Хонаҳою боғҳо вайрон шуданд,

Деҳаҳо монанди қабристон шуданд.

Гӯри оташ гашт оташдонашон,

Холӣ аз нон гашт дастурхонашон.

Боғҳошон ҳезумистон шуд ҳама,

Холӣ аз шӯри садову ҳамҳама.

То дубора кас наояд ин макон,

То нагирад деҳа аз нав рӯҳу ҷон.

Як гурӯҳи золими одамнамо,

Кар намуда гӯши мурғони ҳаво,

Мезаданд оташ ба боғу хонаҳо,

Мисли девону дади афсонаҳо.

Не ба кӯдак раҳм буду не ба зан,

Корашон дашному бардору бизан.

Деҳаҳо вайрону ғорат мешуданд,

Мардумон саҳми ҳақорат мешуданд.

Ин ҳақиқат ҳар куҷо таъкид шуд,

Кӯҳ монду деҳ аз он табъид шуд.

Аз раҳе, ки пур зи хоку санг буд,

Дар канори рӯд буду танг буд.

Марду зан аз деҳа берун мешуданд,

Аз ғаму ҳасрат ҷигархун мешуданд.

Раҳ ба раҳ дар имтидоди пуштаҳо

Марқаде буд, ёдгори куштаҳо.

Куштаҳое, ки шаҳиди раҳ шуданд,

Дар масири бодҳо чун каҳ шуданд.

* ношеб — дар гӯиши мардуми кӯҳистон ба маънии ноумед

…Оқибат ранҷи сафарҳо шуд тамом,

Корвон омад ба даште вақти шом.

Дашти тафсон, сӯ ба сӯ чангу ғубор,

Сабзаҳои сӯхта дар чанги хор.

Аз шукӯҳи боғҳо номе набуд,

Аз булуғи роғҳо номе набуд.

Ҷӯй буду лек дар он об не,

Сояе ҷуз сояи афтоб не.

Нақши пойи бодҳо дар рӯи хок,

Хок ташна, побараҳна, синачок.

Хок бирён дар даруни деги дашт,

Деги дашт аслан зи обе пур нагашт.

Дашти беобе, на бутта, на алаф,

Хорҳои сӯхта дар ҳар тараф.

На шукӯҳи ҷангале аз коҷу сарв,

На навои қумриву кабку тазарв.

На садои дилнавози шаршара,

На насими руҳбахше аз дара.

На суруди шоми хирманкӯбҳо,

На танини шоли* хирманрӯбҳо.

На ғиреви барраҳои масти шир,

На садои гуппиву бӯи панир.

На гилеми сабзаҳо дар ёлаҳо,

На самоъи ёсу нози лолаҳо…

Як кавире холӣ аз набзи ҳаёт,

Дур аз уммеду пайғоми наҷот.

* шол — матои дастибофт аз пашм, ки дар хирманрӯбӣ аз он

истифода мешуд.

Ҷои борон ашки ғурбат мечакид,

Мардумон дар ҳасрати рӯзи саид.

Алғараз, ки деҳа дур аз кӯҳ шуд,

Халқи он побанди сад андӯҳ шуд.

Кӯчиён аз раҳ расида хастаҳол,

Не рамақ бар ҷисму не гарди маҷол.

Кӯдакон аз шиддати гармию роҳ

Бо лабони сӯхта, ҳоли табоҳ.

Қолабе аз яъсу навмедӣ ҳама,

Ҳар тараф ғалтида монанди рама.

Модарону духтарони содапӯш

Дар камоли хастагӣ санги хамӯш.

Рӯю мӯҳошон пур аз гарду ғубор,

Ноумед аз сарнавишту рӯзгор.

Рӯи хоку хор, зери офтоб,

Дар нигаҳҳо сад саволи беҷавоб.

Ашкҳо дар чашмашон хушкида буд,

Даҳшате нашнидаву нодида буд!

Пирамардони заифу нотавон

Дар хамӯшӣ ҳайкали садҳо фиғон.

Хира сӯи осмони ношинос,

Чашмҳо камнуру ғарқи илтимос.

Не дар онҳо сояҳои шаршара,

Не сафои боғу гулҳои дара.

Дастҳо шахшӯлу пур аз обила,

Чун савори хастаи як қофила.

Такя дода рӯи хоки беалаф,

Бо умеде хира гашта ҳар тараф.

Соя меҷустанд, аммо соя ку?

Оби сарду кулчаи ҳамсоя ку?

Кӯчаи уммедворӣ баста буд,

Вақт ҳам он ҷо ғарибу хаста буд…

***

Як гурӯҳе аз асирони татор,

Дар хами бечорагӣ, машғули кор,

Хонаҳо месохтанд аз хоку гил,

Аз азоби кӯчиён гашта хиҷил.

Хонаҳое, ки ба зоҳир хона буд,

Холӣ аз файзу сафо, вайрона буд!

Сақфу фарши хонаҳо аз хок буд,

Тахтаҳои бомашон афлок буд.

На яке току на ҷевон доштанд,

На яке даҳлезу айвон доштанд.

Чордевори пур аз яъсу азо,

Чордеворе куҷо? Ғурбатсаро!

Хонаҳо чун қабрҳо бенуру тор,

Рӯзии мардум ҷаву нони мағор.

Хонаҳо ин ҷо пур аз бечорагӣ,

Одамон навмед аз оворагӣ.

Ташна буданду гурусна марду зан,

Мурдаҳо дар ҳасрати гӯру кафан.

Кӯдакони ташнаи оби зулол

Ғарқ мегаштанд андар ҳавзу чол…

Саҳнаҳое, ки чунин хунин буда,

Дар гузори дашти Дилварзин буда.

 

ДАРДИ ДИЛҲОИ МАРДИ ТОТОР….

 

«8 маи соли 1944 бо қарори Кумитаи давлатии мудофиаи СССР тотор-

ҳои Қрим ба таври иҷборӣ ба минтақаҳое аз қаламрави ӯзбекистон, Қазо-

қистон, Тоҷикистон ва баъзе минтақаҳои РСФСР кӯчонда шуданд.

Зиндагии бадарғашудагон вазнин буд, сатҳи фавт нисбатан баланд буд.

Тибқи маълумоти идораҳои махсуси ӯзбекистон, дар якуним соли аввали

баъд аз  кӯчондан,  тақрибан  30 000 тоторҳои  Қрим  ҷони худро аз  даст

доданд, ки ин тақрибан 20 фоизро ташкил медод».

«Сталинская депортация крымских татар: историк рассказала о траги-

ческих  последствиях».

 

Пирамарде аз асирони татор

Дардманду нотавон машғули кор.

Дида ҳоли зори он кӯчидагон

Ашки ҳасрат рехта аз дидагон.

Як саҳар омад ба назди Шомурод,

Боби суҳбатро зи пурсишҳо кушод.

Гуфт: -«Ман дар ҳайратам, эй мӯсафед,

Кӣ шуморо кард ин сон ноумед?

Мо гунаҳкорем, мо табъидием,

Мо сазои ҷурми худро дидаем.

Мо хиёнат карда бар халқу ватан,

Гаштаем овора дар дашту даман.

Он чи бар мо омада, подоши мост,

Пас бигӯ, охир, куҷо ҷурми шумост,

К-инчунин саргаштаву овораед,

Хору зору дарбадар, бечораед?»

Шомурод он дам бигуфт: — «Эй Мустафо,

Мо намедонем асли моҷаро.

Ҳокимон гуфтанд, як дашти фарох,

Не чун ин рустои тангу санглох,

Киштгоҳу об дорад беҳисоб,

Ҳам чарогоҳе, надида кас ба хоб,

Мактабу кошонаҳои барҳаво,

Як макони дилкушову босафо.

Меравем он даштро гулгун кунем,

Як биҳиште дар дили ҳомун кунем».

Ин бигуфту Шомурод оҳе кашид,

Оташи оҳаш ба гардунҳо расид.

Хира шуд ӯ лаҳзае бар нокуҷо,

Хира сӯи ӯ ду чашми Мустафо.

«- Сад фиғон, эй Мустафо, моро ба зӯр,

Кардаанд аз хонаҳои хеш дур,

Мо дар ин саҳрои ғам қурбонием,

Бегуноҳему вале зиндонием…»

Шомурод инро бигуфту гиря кард,

Гиряи талхе пур аз андӯҳу дард,

Шонааш болову пойин мепарид,

Ашки ҳасрат аз ду чашмаш мечакид.

Гиряе аз сарнавишти талху шӯр,

Гиряе бар рӯзгори ҳамчу гӯр.

Мустафо пажмурда чун барги дарахт,

Назди ин ҳолат бишуд лолу карахт.

Худ ба худ мегуфт он марди татор:

«Ин чи бозӣ, ин чи фитна, ин чи кор,

Мо гунаҳ кардему дидем ин ситам,

Аз чӣ ин мардум чу мо дар банди ғам?»

Дар ҷавоби ин саволи Мустафо

Нола омад аз замири бодҳо.

…Бодҳо дар имтидоди моҳу сол,

Фориғ аз афсонаҳои қилу қол,

Достонҳое ривоят мекунанд,

Қиссаҳоеро ҳикоят мекунанд,

Қиссаҳо аз моҷарои хайру шар,

Қиссаҳои пурмуаммои башар…

 

ДОСТОНИ ФОҶЕАИ ХУРШЕД ВА ДИГАР

ҒӯРАМАРГОНИ МУҲОҶИРАТ

 

«Масчоҳиёни ба фазои комилан ношинос ва муҳити бегона кӯчонида-

шуда, дар солҳои аввал натавонистанд ба вазъият мутобиқ шаванд. Дар

шароити  гарм,  норасоии  шадиди оби  нӯшокӣ, тағйирот  дар  шеваи

хӯрокхӯрӣ, мушкилоти манзил (аксари муҳоҷирон дар хаймаҳо ва ҳатто

дар заминканҳо зиндагӣ мекарданд) ва набудани хизматрасонии тиббӣ,

маргу мири кӯдакон якбора афзоиш ёфт ва дар солҳои аввали муҳоҷират

ба 600 кӯдак мерасид. Вафоти солмандон, ки ҷисмашон тавони мутобиқ-

шавии зарурӣ бо муҳити навро надошт, низ афзоиш ёфт (27)».

«Демографическая ситуация в Таджикистане».

 

Бишнав акнун нолаи қалби фигор,

Достони кӯдакони хору зор.

Кӯдакони беҷаҳони кӯдакӣ,

Бенасибони замони кӯдакӣ.

Кӯдакон, ин барраҳои дарраҳо,

Дар масири бодҳо чун зарраҳо.

Дар ҳавои пораноне дарбадар,

Обашон аз чашмаҳои чашми тар.

Хоб медиданд шабҳо обро,

Рӯи суфра кулчаи маҳтобро.

Чун гиёҳони замини ташналаб

Ноаён гум мешуданд аз сӯзи таб.

Андак — андак кӯдакон кам мешуданд,

Қалби модарҳо пур аз ғам мешуданд.

Ҳар қадар, ки кӯдакон кам мешуданд,

Бар шумори қабрҳо зам мешуданд.

Кӯдаке, маъсумаке Хуршед ном,

Бехабар аз қиссаҳои субҳу шом,

Рӯзу шаб машғули бозӣ рӯи хок,

Куртаҳою дасту рӯяш чок-чок.

Рӯи монанди гули ӯ сӯхта,

Яъсу ранҷурӣ ҷабинаш дӯхта.

Бозӣ мекард ӯву анбозаш набуд,

Ғайри сангу хок ҳамрозаш набуд.

Дар маконе, ки ягон соя надошт,

Сояҳо чӣ? Балки ҳамсоя надошт.

Гармии хуршед ӯро ташна кард,

Ташнагиро дар вуҷудаш дашна кард.

Дар суроғи об ҳар сӯ медавид,

Ғайри ҳавзи лой ӯ чизе надид.

Рафт сӯи ҳавз … ногаҳ аз қазо

Пош лағжиду нагун шуд. Ҳасрато!

Оби он мурдоби ифлосу касиф

Мор шуд, балъид он ҷисми наҳиф.

Дасту по мезад ба уммеди наҷот,

Дар миёни панҷаи маргу ҳаёт,

Лек он ҷо одаме ҳозир набуд,

Бахти бадро бин, касе нозир набуд!

Тифлаки бечора дар гудол мурд,

Ин ҷаҳонро бар дами гармо супурд.

Рафт, инак, бар ғуруби ҷовидон,

Сад фиғон аз фитнаи давру замон!

Модари бечора чун инро шунид,

Во дареғо, гуфту пироҳан дарид.

Гаҳ фиғон мекарду гаҳ лолу карахт,

Он зани бечораи баргаштабахт.

Марги кӯдак ақли ӯро бурда буд,

Зоҳиран ӯ зинда, аммо мурда буд.

Бо фиғону нолаҳо меканд мӯ,

Бо тани беҷони ӯ дар гуфтугӯ:

— «Эй Худо, ин ғуссаҳо додӣ чаро,

Бар сарам овор кардӣ сад бало?

Кӯдаки бечораам оё чӣ кард,

Аз чӣ додиаш ба коми марги сард?

Худ ба ман кардӣ ато Хуршедро,

Дода бар дил партави уммедро.

Гуфта будам, ки калонаш мекунам,

Ҷони худро вақфи ҷонаш мекунам.

Мебарам ӯро ба мактабхонаҳо,

То раҳо бошад аз ин вайронаҳо.

Хонаду доно шавад… зебои ман,

Эй дареғи ӯву садҳо войи ман!

Кӯдаке буду ба ҳукми сура буд,

Дар ҷаҳони орзу устура буд.

Ғунчаи нашкуфтаро кардӣ хазон,

Ман чи кардам, эй Худои меҳрубон?»

…Нолаҳо мекарду мегуфт: «Эй балом,

Рӯз шуд дар дидаҳоям мисли шом.

Эй дареғ аз қисмати шум, эй дареғ,

Зад ба пойи бахти ман бо зарби теғ.

Нури чашмам, пораи қалбам куҷост?

Қисмат аз чӣ шодиҳоямро нахост?..»

Марду зан бар ҳоли ӯ нолон буданд,

Мисли ӯ ҳар лаҳзае гирён буданд.

Не касе бар доди онон мерасид,

Не касе афғони онон мешунид.

Ҳокимон дар инзиво аз дарди халқ,

Бехабар аз обу аз огарди халқ.

Не ба мардум раҳму парво доштанд,

Не қадам дар роҳи ҳақ бардоштанд.

Лек мардум лобаю зорикунон,

Модари бечораро ёрикунон.

Кӯдакаш, он дурри поку нобро,

Он ақиқу гавҳари ноёбро,

Бо ғиреву синаҳои чок — чок,

Ҳамчу ганҷе дода бар оғӯши хок.

Даври ӯ биншаста ҳамдардаш шуданд,

Гармие дар хонаи сардаш шуданд.

Ҳарчи мегуфтанд, модар лол буд,

Бесадо, бе эътино, беҳол буд.

Пирамарди бохирад, Бобониёз

Лаб кушуду гуфт бо сӯзу гудоз:

— «Хоҳарам, дидӣ, ки дар ин дашти кӯр

Эй басо кӯдак, ки мо дода ба гӯр.

Кӯдакони лоуболи бегуноҳ,

Чӯҷаҳои бемакону бепаноҳ

Аз ҷаҳони мо ҳама берун шуданд,

Баъд аз он қалбу ҷигарҳо хун шуданд.

Кӯдаки Соро, ки ӯ дирӯз мурд,

Қатраоберо надиду ҷон супурд.

Гушнагӣ тифли Валиро даррабуд,

Суфраи ғамро ба рӯи мо кушуд.

Теғи гармо кӯдаки Яҳё бикушт,

Ҳам тараб, ҳам бахт бар ӯ кард пушт.

Кӯдаки Боқӣ дар ин саҳрою дашт

Гум шуду дигар ба хона барнагашт.

Духтари бечораи Наврӯзмо

Мурду модарро намуд ӯ рӯсиё.

Баччаи сесолаи Мирзораҳим

Дар таги чархи тракторе дуним.

Тифлаки хандонаки Бобои Ёр

Дина шаб ҷон додааст аз неши мор.

Кӯдаки семоҳаи Абдусамад

Мурд, баъд аз он ки каҷдум неш зад.

Чанди дигар аз азоби ташнагӣ,

Ҳам зи ранҷи ҷонгудози гушнагӣ,

Мисли гулҳо аз аташ пар-пар шуданд,

Шуълаҳо буданду хокистар шуданд.

Фасли сармо ҳам бало оварда буд,

Ҷои шодӣ, бас азо оварда буд.

Хонаҳо буданд сарду тангу тор,

Хостгоҳи дарду ранҷи бешумор.

Тифлакон даргири сад дарде шуданд,

Саҳми ҳам гармову ҳам сардӣ шуданд.

Ин ҳама кӯдак, ки мисли гул буданд,

Дар фазои зиндагӣ булбул буданд.

Бар дами гармою бар сармо асир,

Бенасиб аз ширу ҷурғоту панир.

Рақси гулҳо рафтааст аз ёдашон,

Баччагӣ ҳам мурда дар бунёдашон.

Дасти мо кӯтаҳ, ки имдоде кунем,

Ин ҳама бедодро доде кунем.

Ҷуз дуо чизе наояд аз башар,

Пас дуо хоҳем баҳри якдигар.

То Худо раҳме кунад бар ҳоли мо,

То дубора гул кунад иқболи мо.

То равад аз остони мо бало,

То бигирад осмон ранги сафо.

Сабр мехоҳем бар ту, хоҳарам,

Ҳазрати Ҷонофарин бахшад карам.

Доғи кӯдакро набинӣ баъд аз ин,

Ин ғами ҷонсӯз бошад охирин.»

***

Оре, оре, дашт мисли аждаҳо

Баҳри қурбонӣ даҳонро карда во.

Одамонро дар асорат карда буд,

Рӯҳашонро кушта ғорат карда буд.

Одамон монанди мурғони қафас

Шаб ҳама шаб нола мекарданду бас.

Нолаҳошон чун гираҳҳои ҳасир

Гашта дар банди гаронгӯшӣ асир.

Ҳокимон худ пайрави Ленин буданд,

Душмани ҳар дину ҳар ойин буданд.

Корашон танҳо шиору ҳарф буд,

Чоҳи танги ҷаҳлашон ҳам жарф буд.

Одамонро мисли гӯсфандони кар

Карда аз набзи замона бехабар.

Аз барои шӯҳрату унвони хеш

Ҳарфашон як буд: Эй мардум, ба пеш!

Пеш, аммо рафтане сӯи қафо,

Рафтане дар панҷаи ҷабру ҷафо.

Дар талоши ризқ саргардон шудан,

Бандаи навхоҷаю дунон шудан…

Рӯзу шабҳо дар ҳавои гарму сард,

Бо тане ранҷуру бо рухсори зард.

Панҷаҳо ларзон зи фарти гушнагӣ,

Сӯхта лабҳо зи ранҷи ташнагӣ.

Дасту бозу лоғару ҳам берамақ,

Дидаҳои боз, аммо бешафақ.

Пойҳо монанди тори анкабут,

Торҳои бенаво дар шохи тут.

Мӯи сарҳо дарҳаму ошуфта буд,

Зиндагӣ шодиашонро руфта буд.

Рӯи барфу рӯи хоку рӯи санг

Мисли сарбозони майдонҳои ҷанг.

Дар муҳити бастаи тарсу ҳарос

Бо нигоҳи лолу ғарқи илтимос.

Дар нафасҳошон асосан оҳ буд,

Хирмани маҳсулашон ҳам коҳ буд.

Кор мекарданд, ҳатто вақти хоб,

Бо ҳазорон сахтию дарду азоб.

На фараҳ на истироҳат доштанд,

Рӯзгоре бо кароҳат доштанд.

Мардумони кӯҳҳои сарбаланд

Гашта ин ҷо бардаи досу каланд.

Дар замине, ки набуд оби равон,

Тешаи Фарҳод наздаш нотавон.

Як биёбони махуфи беалаф,

Умри одам бенаво мешуд талаф.

Сели хушкӣ шуста сангу хоки ӯ,

Бемуруват дидаи афлоки ӯ.

Дар тулӯъ ойинааш хокистарӣ,

Бесафову ҷилваҳои ховарӣ.

Офтобаш дар ғуруби ташна тар,

Бе навиди субҳу фардои дигар.

Дар чунин зиндони беқуфлу калид

Зери бори рӯзгорони палид,

Кор мекарданд ҷумла марду зан,

Дар шигифт аз ҳолашон зоғу заған.

…Васфи ҳоли зорашон беохир аст,

Кай қалам бар ин рисолат қодир аст?!

***

Гарчи он айёми ҷаҳлу зӯр буд,

Бо мароми одамӣ ноҷӯр буд,

Ҳизби Ленин бо шиору бо фишор

Гашта буд бар зеҳни одамҳо савор.

Лек кохи орият ларзон набуд,

Бешаи ҳақ холӣ аз шерон набуд.

Раҳбаре аз шахсиятҳои асил

Аз азоби одамон гашта хиҷил,

Хуб мефаҳмид ранҷи халқро,

Он ҳама оҳу шиканҷи халқро.

Арсаро ӯ бо талошу ибтикор

Боз мекард аз барои касбу кор.

Ҳамдилӣ мекард бо ҳар марду зан,

То шавад ободу зебо ин Ватан.

Кору номи неки ӯ то ҷовидон

Нақш баста дар замири одамон.

Ҳар куҷо васфи зиёдаш мекунанд,

Бо дуои хайр ёдаш мекунанд.

***

…Некбин бошӣ агар, дар боми бод

Нек мебинӣ ҷалоли эътимод.

Эътимоде, ки Ватанро сохта,

Дар биёбон сад чаманро сохта.

Даштро чун боғу бустон кардааст,

Машъали гулҳо фурӯзон кардааст…

Ин ҳама аз ишқи меҳан буду ҳаст,

«Мо» шуданҳои ҳама «ман» буду ҳаст.

(Давом  дорад)

Хоҳиши як хоҳар

 

Хоҳари азизе наздам омад.Тифле дар бағал дошт. Хоҳиш кард шеъре дар бораи бемодарӣ нависам.Сабабашро пурсидам.Гуфт: аз вафоти модарам қариб як сол гузашт, ҳеҷ наметавонам ба бемодариам одат кунам.Ҳамеша як гиряи вазнин гулугирам мекунад. Чизе нависед, гиря кунам ва сабук шавам.
Гуфтам, марг барои инсон як мерос аст ва нохоста аз иродаи мо ба суроғамон меояд, ҳар ҷо ҳаёт аст, марг ҳам дунболарав аст ва касе ҷои гурез надорад. Бояд сабр кард ва ба ояндаи фарзандон андешид, ки давоми ҳамон падару модарҳои аздастдодаамон мебошанд. Гуфт: қабул дорам, аммо ман ба умед наздатон омадаам, нависед.
Гуфтам, шеър бояд қабл аз ҳама уммедворкунанда бошад, на маъюскунанда. Хомӯш монд… Тифли бағалаш, ки тақрибан дусола буд, беэътиною бепарво ба суҳбати мо, бо табассуме аз табори фариштагон дар лаб, муҳитро саршор аз умед карда буд ва як нигоҳ ба ӯ кофӣ буд, ки ғамҳои олам ба фаромӯшӣ супурда шаванд.
Китобчаеро, ки маҷмуаи шеърҳои ба падару модарам бахшидаам буд, назди он хоҳар гузоштам.Гуфт: ба он шарт мегирам, ки маблағашро аз ман гиред. Гуфтам: ҳамчун туҳфа қабул кун. Қотеона рад кард ва гуфт: ман муаллима ҳастам ва медонам имрӯзҳо китобҳо чи гуна чоп мешаванд, агар дар фурӯш бошад, адресашро гӯед, рафта мегирам. Ва таъкид кард: мехоҳам шеъре гӯед, ки ҳануз чоп накардаед.
Як шеъри нотамом доштам (ду- се байт), барояш хондам.Исрор кард идома диҳам ва дар интернет мунташир кунам.

Ва инак он шеъргуна:

«Он ки нури дидаву тоҷи сар аст, модар аст»у ман надорам,
Он ки ҳар ҷо ақли моро раҳбар аст, модар асту ман надорам.

Он ки танбеҳат кунад, аммо наранҷиву давӣ бар сӯи ӯ,
Дар қиболи мушкилӣ чун сангар аст, модар асту ман надорам.

Он ки атри будани ӯ хонаҳоро мекунад боғи биҳишт,
Хонаи дилро чу нури ахтар аст, модар асту ман надорам.

Он ки месӯзад бароят то насӯзӣ з-оташи тунди ҳаёт,
Шамъи ҳастии туро чун миҷмар аст, модар асту ман надорам.

Он ки мебинад, вале нодида мегирад хатову ҷурми ту,
Одил асту бо адолат довар аст, модар асту ман надорам…

 

Ғазал дар ғазал

Ман натонистам нагуям ин ғазал

Чун кӣ мегуяд чунин ғамгин ғазал?

 

Муддате аз ман ниҳон буд ин ҳабиб

Омаду бишкаст ин ойин ғазал.

 

Гуфтаҳоям як каме ногуфта монд,

Дафн шуд дар синаам чандин ғазал.

 

Боз танҳо мондаму ин бор ҳам

Дардҳоямро бишуд таскин газал.

 

Ман либоси шодро кардам бадар

Боз бар тан домани мишкин ғазал.

 

Бори дарде шонаамро хам намуд,

Хам шудам аз баски шуд сангин ғазал

 

Мекашӣ дар худ тамоми дардро

Месазад гӯям туро таҳсин, ғазал!

 

Ҳар куҷо, хамвора бо ман будаӣ,

Офарин бар ҳамдили дерин, ғазал!

 

***

 

Мерезад аз лабони ту бас нозанин ғазал,
Аз обшори муи ту то бар замин ғазал.

То сурхии лабони ту бар вожаҳо расид,
Аз ҳарф — ҳарфи вожа чакид ангубин ғазал.

Хайли нигохи ту аз лона пар кушуд,
Ғофил аз он ки менигарад аз камин ғазал.

Мижгони чун синони ту в-абруи чун камон
Нахчиргахе намудаанд ин сарзамин ғазал.

Сарви сиҳӣ, ки меравӣ чун кабки хушхиром
Арзонӣ карда накҳати хулди барин ғазал.

Ин вазну шеъру қофия танҳо баҳона буд,
Зеботар аз ту нест, гул,зеботарин ғазал.

 

***

Имшаб қалам гум кардааст дар дафтарам роҳи ғазал,
Оташ ба гардун мезанад аз синаам оҳи ғазал.

 

Ҳамдарди ман буда ғазал, ҳам дарди ман буда ғазал,
Оҳ ин мабодо бишнавам астағфируллоҳи ғазал.

 

Ин шаб магар дар куйи ман нури саҳаргаҳ дидааст,
Пайдову пинҳон мекунад манро ба ҳамроҳи ғазал.

 

Як шаҳпарак ҳамроҳи ман дар ин шаби бехобиҳо,
*Киш* гуямаш пар мекашад суям чу арвоҳи ғазал.

 

Чандин гуле дар ин баҳор чун дар хазон пар пар шуданд,
Ман аз ғаму андуҳашон рафтам ба даргоҳи ғазал.

 

Боз ин шаби бехбиҳо ҳамчун қиёмат шуд дароз,
Юсуф шудам худро задам бар хилвати чоҳи ғазал.

 

Рафтам суроғи Мавлавӣ, бо Саъди ҳам пайке задам,
Аз худ худе ангоштам дар Каҳкашон шоҳи ғазал.

 

Як пашша омад ногаҳон аз панҷара бар хонам,
Виз-визкунон гуфто ба ман: ҳарфат ҳама коҳи ғазал.

 

***

 

Ду зулфи туро ман ғазал мекунам,

Туро бо ғазал дар бағал мекунам.

 

Ду чашми чу ҳавзи зулоли туро,

Ба иксири буса асал мекунам.

 

Лабонат қасида ба девони шеър,

Ки тақлиди Шайхи аҷал мекунам.

 

Дар оғуши ту паноҳ мебарам —

Ба ҳарфи нигоҳат амал мекунам.

 

***

Даме, ки нигоҳат ғазал мешавад,

Ҳама заҳри олам асал мешавад.

 

Тамоми даду деви даҳри дудар

Ба ҳуру фаришта бадал мешавад.

 

Ба мавҷи нигоҳат чу африштае,

Вуҷудат маро дар бағал мешавад.

 

Хазону зимистон ба ҳар иқлиме,

Баҳорӣ чу моҳи ҳамал мешавад.

 

Аз ин пас дар ин шаҳраки соҳилӣ

Ҳадиси нигоҳат масал мешавад.

 

…Нигоҳат ҳамеша ғазалгуна бод,

Вагар на, Хучаста касал мешавад.

***

То ту ҳастиву ғазал ҳаст, ману ту ҳастем,

Ишқро азму ҷадал ҳаст, ману ту ҳастем.

 

То вафо ҳасту ҷафо ҳаст ва дар ин водӣ,

Шеваи рузи азал ҳаст, ману ту ҳастем.

 

То дар ин майкадаи ишқ зи шуру мастӣ,

Бо туам қасди бағал ҳаст, ману ту ҳастем.

 

То дар он бусагаҳи ҳамчу анори руят,

Шаҳди ангуру асал ҳаст, ману ту ҳастем.

 

То дар ин зистгаҳи булъаҷаби одамизод,

Сояи теғи аҷал ҳаст, ману ту ҳастем.

ПАРЕШОНПОРАХО

Сад дарсади ҳарфи ту дақиқан лоф аст,
Чун дағдағаат калимаи Исроф аст.
Дар моҳи шариф он чи бисёр, дуруғ,
Чизе ки намерасад туро инсоф аст.

Қисме пайи бахт роҳи мулло ҷуянд,
Як қисми дигар ба нақшаи ҷодуянд.
Як идда нишони пойи шӯ мешӯянд,
Як идда, вале дар орзуи шӯянд.

Соқӣ, ки шароб бар сабӯ мерезад,
Шоир ғаму буғз аз гулу мерезад.
Дар гӯшае аз утоқ марде танҳо,
Бо теғи қалам нишаста мӯ мерезад.

Дар гушнагиҳо наботу нон бояд хурд,
В-ар ташна шавӣ оби равон бояд хурд.
Дируз яке шайх ба шайхе мегуфт:
«Гар руза хурӣ, дар рамазон бояд хурд».

Ҳарчанд, ки дидаҳо пур аз нам бошанд,
Ҳарчанд, ки синаҳо пур аз ғам бошанд.
Ман фикр намекунам, ки ойинаву санг,
Дар мазҳаби ишқ душмани ҳам бошанд.

Ту нестӣ ҳарду дидаам боронист,
Дур аз ту Худо гувоҳ, ки осон нест.
Як маҷлиси изтирорӣ мехоҳам ман,
Бархезу биё, ки вазъият бӯҳронист!

Бонуи латифу ноз, субҳи ту ба хайр,
Ойинаи дилнавоз, субҳи ту ба хайр.
Эй хонаи офтоб пушти чашмат,
Эй духтари мудароз, субҳи ту ба хайр!

***
Эй ойина,моҳ, эй гул, эй зан, шаб хуш,
Эй духтараки ситорадоман шаб хуш.
Лутфан бинавис мисли ҳар шаб, бону:
Эй шоир, эй Хуҷастаи ман, шаб хуш!

Дар суги Шоири халқии Тоҷикистон, устод Нурмуҳаммади Ниёзӣ

Шеъри мо мотамнаво шуд, ҳасрато,
Сури мо сугу азо шуд, ҳасрато!

Вожаҳо, муште ба фарқи худ занед,
Шоире аз мо ҷудо шуд, ҳасрато!

Эй қалам, эй модари шеъру ғазал,
Соҳибат инак куҷо шуд? Ҳасрато!

Руди Сайҳун баъд аз ин руди ғам аст,
Бетараннум, бесафо шуд, ҳасрато!

Деҳи Румон бе Ниёзӣ…эй дареғ,
Холӣ шуд, беҳамсадо шуд, ҳасрато!

Рафтанат, эй шоири дардошно,
Қиссаи андуҳи мо шуд, ҳасрато!

ЧИСТ РУЗА?

Чист рӯза? Як набарди тан ба тан,
Як ҷиҳоде бо сипоҳи «ман» ва «МАН».

Корзоре аз бақову аз фано,
Санҷише аз худ ба руҳи хештан.

Иҷтиноб аз обу нон охир ки чи?
Қурби ҷону тан ба Холиқ доштан.

Рӯза — васли руҳ бо он Руҳбахш,
Дурӣ аз ишкам – адуи ҷону тан.

Боз кардан чашми дил бар сӯи Ҳақ,
Бастан аз гуфторҳои бад даҳан.

Базми тоат, базми нури давлат аст,
Чун Худо мехонадат, пас сар бизан.

Рӯза худ ойинаи Ҳақбоварист,
Шустан аз худ гарду хоки ширку занн.

Рӯза – пайкоре ба ҳар бегонагӣ,
Рӯза яъне сохтан дар худ Ватан.

Рӯ ба даргоҳи Худо овар, азиз,
То наёбад раҳ ба дилҳо аҳриман.

Як даме худ бош берангу риё,
Он ниқоби сурати худро бикан.

***

Ҳар қадар аз рӯза гӯям андак аст,
Пас салоҳ он аст, кам гӯям сухан.

 

АНДУҲИ ТУ ҶО НАМЕШАВАД ДАР ОЛАМ

(Нолаҳое нотамом дар суги Устод Муъмин Қаноат)

 

Рафтӣ, эй устоду оташ бар дилу ҷонҳо задӣ,

Пар задӣ, боди хазонро бар гулистонҳо задӣ.

 

Абри сад фасли баҳоре пушти чашмам ҷо гирифт,

Вопасин ашъорро бо лаҳни боронҳо задӣ.

 

Будани ту эътимоди шеър буду шоирон,

Рафтӣ, аммо рахнае бар кохи имонҳо задӣ.

 

Шоире будӣ, ки дар паҳнои шеъри порсӣ,

Парчаме аз ҳувият, фарҳанг, инсонҳо задӣ.

 

Аз тамаллуқ дур будӣ, бо садоқат ошно,

Ҳарфро аз обу аз ойина бо онҳо задӣ.

 

Шоири дардошно, устураи миллатпараст,

Мисли Аҳмадшоҳ дасту дил ба туфонҳо задӣ.

 

Шеъри оламгири ту худ эътибори миллат аст,

Муҳри миллатро ба рӯи барги давронҳо задӣ.

 

Тоҷикистон аз ғами ту мотамистон шуд, дареғ,

Ҳасрате дар қалби эронию афғонҳо задӣ.

 

То ҷаҳон боқист, номат ҳамрадифи лаҳзаҳост,

Исми зебои худатро дар дилу ҷонҳо задӣ.

 

***

 

«Тоҷикистон – исми ман» гуфтию исмат зинда бод,

Алвидоъ Муъмин Қаноат, алвидо эй зиндаёд!

***

Абрам, ки ба рӯи даштҳо меборам,

Бодам, ки ба марги баргҳо менолам.

Зарфи дилам аз ғами ту уфтоду шикаст,

Андуҳи ту ҷо намешавад дар олам.

Аз рафтанат имрӯз Ватан мегиряд

Бозор ҳам паранда шуд, аз шоха пар кашид,

Бо рафтанаш галӯи ҳама халқро дарид.

Дар рӯзгори рафтаи ғурбаткашидааш,
Чизе ба номи отифа аз «мо»ву «ман» надид.

 

***

 

Як шаби пайкарнавози навбаҳор,

Дидаам дар осмон маҳтобро

Ки миёни абрҳо овора буд,

Ёдам омад шеъри Бозор!

 

Дар нишеби дарраи пурпечи куҳ,

Дидаам ғарқи ҳаёҳу обро

Даргурез аз садди санги бора буд,

Ёдам омад шеъри Бозор!

 

Дар ғуруби пурсукут, аммо шигарф,

Дида дар оффоқ нони офтоб,

Аз гузашти рӯзи дигар пора буд,

Ёдам омад шеъри Бозор!

 

Дар хиёбоне пур аз ғавғои шаҳр,

Дида рӯи курсие навошиқе

Рӯ ба у бо ёри худ дар зора буд,

Ёдам омад шеъри Бозор!

 

Шеъри ӯ дар парчами болои сангарҳо баланд,

Шеъри ӯ дар шир-шири доси даравгарҳо баланд,

Шеъри ӯ дар мӯи то зонуи духтарҳо баланд,

Шеъри ӯ аз хокдон то мулки ахтарҳо баланд!

Аъзам Хуҷаста.1984

***

Ҳаво сарду фазои шеър сард аст,

Ки баъд аз ин тамоми фасл зард аст.

Тулуъат достони дарди миллат,

Ғурубат иддаеро шод кардаст.

 

***

Аз марги ту руҳи шеъри ман мегиряд,

Чун абри баҳор дар чаман мегиряд.

Эй ҳанҷараи расои ашъори баланд,

Аз рафтанат имрӯз Ватан мегиряд.

БАҲОРОНАҲО

Дар чашми ту ояҳои пинҳон дидам,

Аз хандаи ту шукуҳи борон дидам.

Мӯи ту ки мояи парешонӣ ҳаст,

Ман дидаму хешро парешон дидам.

 

Чун чашмаи беқарор хандон астӣ,

Ҳамнусхаи рушани баҳорон астӣ.

Ҳар ҷо, ки равӣ шукуфа бармехезад,

Билло ба Худо, ки духти борон астӣ.

 

Бо ёди ту беқарор мемонам ман,

Бе рӯи ту бебаҳор мемонам ман.

Аммо паси ин ҳисори дилтангиҳо,

Як панҷара интизор мемонам ман.

 

Аввал ба забони ишқ суҳбат кардӣ,

Байту ғазали маро иродат кардӣ.

Аммо ахиран ба маҳфиле гапчинакон

Гуфтанд, ки бе Хуҷаста одат кардӣ.

Дадманиш

Дина аз пеши ман, ки рад шуда буд,
Дидам, ин зан чи қадр бад шуда буд!

Бетафовут, бидуни ҳеҷ нигоҳ,
Сард монанди як ҷасад шуда буд.

Мисли маъшуқае, ки дар як дам
Бо ту бегона мешавад, шуда буд.

Фук боло гирифта мерафту
Расми ағёрро балад шуда буд.

Нақшаи интиқом дар зеҳнаш,
Ҷои одам, дареғ, дад шуда буд!

Пеши по дода ӯ маро ҳар бор
Дар масирам ҳазор сад шуда буд.

Ман наранҷидаам, аз ӯ чун ӯ
Муртад аз ҳафт пушту ҷад шуда буд

Хӯйи зишташ танида дар рӯҳаш
Зери по мондаву намад шуда буд.

Дер шуд

Дилам ба «лутф»-и ғамат пир шуд, дигар набиё,

Ки бе ту аз ҳама кас сер шуд, дигар набиё.

 

Ҳазор бор туро хондаам, биё баргард,

Наомадию кунун дер шуд, дигар набиё.

 

Ҳамон нигоҳ, ки як вақтҳо умедам буд,

Ба чашми хастаи ман тир шуд, дигар набиё.

 

Куҷост он ҳама шуру куҷост он ҳама ишқ…

Ҳавои зиндагӣ дилгир шуд, дигар набиё.

 

Чи қадр бе ту шикастам, ки оқибат буғзам,

Чу устухон гулугир шуд, дигар набиё.

 

Шунидаам, ки меойӣ, вале чаро ҳоло?

Хуҷастаат, ба Худо, пир шуд, дигар набиё.

Ёде аз «Хастаги»

Хастаам ман,

Аз хаёли ман бирав.

Кучаҳои сарди эҳсоси маро

Бо садои қалби ташна,

Ташнаи ишқу хавас

Пур макун аз боди руъё,

Мераву дигар наё!

 

Ҳайрати ёди ту дар хамёзаҳои оҳи ман

Руҳи гулҳои баҳорӣ медиҳад

Дар ғуруби абрии буи хазони сӯхта

Атри боли шабнамолуди қанорӣ медиҳад.

 

Оре, оре,

Хастаам ман

Чун ғуруби ғурбати андуҳи дарде ношинос,

Руҳи ҷони хастаам бо бодҳои бетараф

Мезанад худро ба пойи раҳгузарҳо,

Гоҳ дар бустону гоҳе дар кавири бе алаф.

 

Ман фиреби ту ва ту фанди манй,

Дар саробе мо ба фикри соҳилем.

Дар рикоби корвоне, ки матоаш шиша аст,

Дар кавире мешитобем…

Бе нишони манзиле

….

Хастаам ман.

Кош …

Ҷои ин панҷараҳо кошкӣ девор набуд,

Қисмати мову шумо мотами бисёр набуд.

 

Кош мешуд, ки саодат бари мо механдид,

Одам ин гуна парешондилу афгор набуд.

 

Кош дар кулли ҷаҳон ишқ ҳукумат мекард,

Хабаре аз талаву ғорату куштор набуд.

 

Осмон чатри ҳимоят ба замин во мекард,

Дашнаву тиру бало рӯи кас овор набуд.

 

Мегушудем ба рӯи дили ҳам панҷараро,

Пушти ин панҷара андешаи озор набуд.

 

Ҳар куҷо замзамаи мавҷи хушӣ мепечид,

Одам аз зиндагиаш хаставу безор набуд.

 

Зиндагӣ файзу сафоро ба ҷаҳон мебахшид,

Ҳаққи мо дар кафи гургони ситамкор набуд.

 

Эй басо мардуми бечора, ки шуд овора,

Кош аз ранҷи муҳоҷир гапу ахбор набуд.

 

Ҳама дар хилвати оғӯши Ватан меболид,

Ба дари хонаи бегона касе зор набуд.

 

Ҷои овози чаковак ҳама ҷо тақ-тақи тир,

Кош мешуд, ки ҳамин тақ -тақи такрор набуд.

 

Кош аз дасти ҳамин ДОИШиёни хунхор,

Аҳли дунё ҳамаи сол азодор набуд.

 

Ному бадкории  «толиб» зи ҷаҳон гум мешуд,
Толибе буд, ба ҷуз толиби он Ёр набуд.

 

Кош мо аз таҳи дил ҷумла яке «МО» будем,

Ин ҳама «ман-манӣ»ву ойини бозор набуд.

 

 

Хоҳам гуфт

Ғазал барои дили доғдор хоҳам гуфт,

Барои марду зани дилфигор хоҳам гуфт.

 

Ҳамешаҳо сухан аз «зулфи ёр» гуфтам, бас,

Ва ин замон зи хами гирудор хоҳам гуфт.

 

Яке ба мотами фарзанди хеш менолад,

Аз ӯ ба гӯши кари рӯзгор хоҳам гуфт.

 

Яке ба хилвати шаб беқарор мегиряд,

Ва аз ниҳояти ашки қатор хоҳам гуфт.

 

Яке дар оташи ҷонсӯзи дард месӯзад,

Ки аз ғамаш ғазали бешумор хоҳам гуфт.

 

Тамоми панҷараҳо рӯи боғ пӯшида,

Вале ғазал ба шукӯҳи баҳор хоҳам гуфт.

 

Ва пушти панҷара марде ғариб ғамгин аст,

Ки аз забони вай, аз интизор хоҳам гуфт.

 

Ҳазор зулму ситам меравад ба ҳамвандам,

Аз он диёр, аз он шаҳри ёр хоҳам гуфт.

 

Ва ҳол чун ғазал аз дарду оҳ мегӯям,

Ду байти талх ҳам аз Қандаҳор хоҳам гуфт.

 

Барои Кобулу Балхам – диёри ҷангзада,

Барои Ғуру Ҳироту Мазор хоҳам гуфт.

 

Азизи ман, ситами рӯзгор мегузарад,

Ки бо киноя на! бо ифтихор хоҳам гуфт.

 

Пагоҳи рӯшану уммед мерасад аз роҳ,

Ҳазор шукр ба Парвардигор хоҳам гуфт.

 

 

Биё

Беморам, эй азиз,

Ба диданам биё.

Бо худ китоби шеърҳои ошиқонаатро биёр,

Ва дар вуҷуди ман қалам бизан.

Ба рӯи баргҳои зарди пайкарам қадам бизан.

Биёву ояҳои сабзи навбаҳорро

Ба ҷисми ман бидам,

Ки аз дами масеҳият

Чу бод нола сар диҳам,

Хазонро зи сарнавишти гулфишон хабар диҳам.

Ва шохаҳои ҳамчу тир фурӯшуда ба ҷисми боғро,

Дубора навдаҳои тар диҳам.

 

Биё!

…Наойӣ, дар рикоби баргҳои зард,

Чу боли офтоби хастаи ғуруб

Суқут мекунам.

Нафаси хотирахо

Ба ёди шодравон Қувват Давлат,дар гиромидошти 65 солагиаш

Дар сари турбати ту бо дили пурхун моем,

Бе ту дар маҳфили шодӣ ҳама маҳзун моем.

 

Он ки аз кӯрии мо, бехабарон рафт туӣ,

Ин ки шуд дар сари сад махмаса мадфун, моем.

 

Он ки зери бағалаш ойинаҳо дошт, туӣ,

Ин ки сангиндилу садрангу дигаргун, моем.

 

Он ки аз олами пурҳодиса дилканд, туӣ,

Ин ки шуд бандаи дунёи пурафсун моем.

 

Он ки дар кӯҳи бақо ҳайкали шаън аст, туӣ,

Ин ки дар боди фано сояи ҳомун моем.

 

Кам касе қадри туву шеъри туро медонист,

Баъди марги ту ҷигарсӯхта акнун моем.

 

Ин туӣ дар нафаси хотираҳо мепечӣ,

Ва аз ин доираи хотира берун моем.

 

Ин туӣ фарри калому суханат побарҷост,

Ва ба ҳукми ҷаҳиши санги фалохун моем.

 

Ин туӣ рафта ба аршу шудаӣ рошиди мо,

Ин ки дар фарши залолат шуда вожун моем.

 

Руҳат омехтаи руҳи замон аст, рафиқ,

Ки ба Гулбонги ғазалҳои ту мадюн моем.

ШУМО…

Шумо аз руҳи истеъдод метарсед,

Дарахти бебаред, аз бод метарсед.

 

Ҳама кори шумо саркуби эъҷоз аст,

Қалам гумкарда, аз эҷод метарсед.

 

Шумо шоирнамои шеърбофонед,

Ки аз шеъри сара, эй дод! метарсед.

 

Чунон дар хилвати зулмот мадфунед,

Агар моҳӣ кунад фарёд, метарсед.

 

Ба чашми  ҳар ҷавоне хок мепошед,

Ба ин бедодиҳо аз дод метарсед?

 

Шумо безавқу беруҳед, медонам,

Ва аз ҳар навҷавони шод метарсед.

 

Шумо танҳо ба фикри хештан ҳастед,

Ки аз шӯри дили озод метарсед.

 

Вале аз чи наметарсед  аз Яздон,

Ва аз курсӣ чу аз Шаддод метарсед?

БАДФАРЗАНД

15128932_902812396520069_2637117432506719511_o

Бишнавед аз банда ҳарфе чандро,
Достони марди бефарзандро.

Дар яке аз рустоҳои қадим,
Зиндагӣ мекард Бобо Шокарим.

Дар миёни кӯҳ танҳо менамуд,
Ҳеҷ кас ҳамроҳу ҳамрозаш набуд.

Хонааш монанди қалбаш танг буд,
Зиндагӣ дар ин саро беранг буд.

Дар яке аз рӯзҳои тирамоҳ,
Бар само печид аз ӯ дуди оҳ.

Бемадору хаставу дилреш буд,
Нодим аз ҷурму ҷафои хеш буд.

…Ӯ чӣ карда, ки пушаймон гашта аст,
К-ин чунин зору парешон гашта аст?

Тир аммо аз камон барҷаста буд,
Кӯчаи лутфи Худо ҳам баста буд.

Пеш аз ҳар кор бояд фикр кард,
То нагардӣ хор, бояд фикр кард.

Синааш оташфишони дард буд,
Сураташ афсурда буду зард буд

Ногаҳон чашмаш ба ҷое хира шуд,
Рӯзи рӯшан дар нигоҳаш тира шуд.

Акси модар дид, ӯро ёд кард,
Лаҳзае аз таҳти дил фарёд кард.

Ёдаш омад, модараш бемор буд,
Гӯшае афтода хору зор буд.

Нола мекарду тавалло: — “Эй писар,
Як даме бар ҳоли зори ман нигар.

Ман туро парвардаам, эй ҷони ҷон,
То шавӣ дар пириҳо манро тавон.

Ташнаам, як косаи обам биёр…”
Гиря мекард модари ӯ зор-зор.

ӯ вале бо модараш номеҳрубон,
Бетафовут буд бо модар, ҷавон.

Аз ҳузури модараш безор буд,
Кори ин мардак фақат озор буд.

Модари бечораро шаллоқ зад,
Вой! Муште бар Худои пок зад!

Модари пираш замин уфтода буд,
Он ки шири пок бар ӯ дода буд!

…Ҳар кӣ модарро азият мекунад,
Рӯзгори хеш зулмат мекунад.

Ҳар кӣ бо модар намояд кори зишт,
Мешавад маҳруми даргоҳи биҳишт.

Модари бечора он муште, ки хурд,
Лаҳзае баъд ҷон ба Яздон доду мурд.

Мард рафту мардумонро ҳой гуфт,
Пеши онҳо гиря карду вой гуфт.

Қисса инҷо мешавад худ мухтасар,
Чунки қасди мо бувад чизи дигар.

Солҳо рафтанду аммо Шокарим,
Шуд гирифтори балоҳои азим.

Ҳамсараш Бибишарофат ҳам гузашт,
Он замон ки Шокарим буд сию ҳашт.

Баъди он маҳзуну белабханд шуд,
Бенасиб аз меваи фарзанд шуд.

З-он ки шуд фарзанд боғи қиблагоҳ,
Ҳар ки бадфарзанд шуд умраш табоҳ.

Мард гарчи даҳ карат ҳаҷ рафта буд,
Лек роҳи ростро каҷ рафта буд.

Каҷдилӣ аз каҷраҳӣ сар мешавад,
Гӯш чун бепарда шуд, кар мешавад.

Ҳар касе к-у модари худ хор кард,
Куфр ӯ бар довари додор кард.

Бо дуои модари худ Шокарим
Сифлаю нодор гашту шуд ақим…

Ба Худо месупорамат

ir2211-1

Эй рафта бар сафар, ба Худо месупорамат,

Эй ҷону эй ҷигар, ба Худо месупорамат.

 

Бахтат ҳамеша ҳамраҳу роҳат сафед бод,

Дар марзи баҳру бар, ба Худо месупорамат.

 

Ҳар ҷо ки меравӣ ҳама дам сарбаланд бош,

Ҳошо, на дар ба дар, ба Худо месупорамат.

 

Меҳри Ватан ба дил бибар, онро макун иваз

Бо кишвари дигар, ба Худо месупорамат.

 

Бархе хасон талоши ту нодида дидаанд,

Онҳо куҷо башар? Ба Худо месупорамат.

 

Аз сифлагони касфуруш, аз бардагони нафс,

Ту кардаӣ ҳазар, ба Худо месупорамат.

 

Ин ҷамъи гургу меш чу одам ба суратанд,

Эй поку хушназар, ба Худо месупорамат.

 

Дидам, ки завқу шури ту саркуб мешавад,

То бошӣ борвар, ба Худо месупорамат.

 

Дасти дуо ба сӯи Худо боз кардаам,

«Эй ғоиб аз назар, ба Худо месупорамат*».

 

*Аз Хоҷаи Шероз

Дар «чамъи» шумо

%d0%b6%d1%8e%d1%80%d0%b8

Ин ҷо ҳама ҷамъанду парешон,
Ин ҷо ҳама мотамзада хандон.

Дар маҳбаси торикӣ асиранд,
Дар зоҳири худ ҷумла фурӯзон.

Ин ҷо ҳама бадхоҳу ҳасуданд,
Лекин сухан аз бахшишу эҳсон.

Аҳли қаламу беқалам астанд,
Мафкурафиребанду ҳавасрон.

Аз ҳамқалами хеш бидузданд,
Подошу мукофот чи осон.

Ин ҷо шуда майдони рақобат,
Навкисаю навхоҷа санохон.

Оне ки фақат сафсата гӯяд,
Худро бигирад шоири даврон.

Ин ҷо чи суханбозу сухансоз,
Маддоҳу гадопеша фаровон.

Гӯянд сухан аз ватану халқ,
Дар асл ҳама ташнаи унвон.

Ин ҷо каси ҳақгӯй ками кам,
Ҳақшӯй вале реги биёбон.

Ин ҷо чи басо воизу мулло
Дар хилвати худ пайрави шайтон.

Алфози Худоро бифурӯшанд,
Ин фосиқакон қимату арзон.

Ин ҷо ҳама қориву ба ман гӯ,
Ку пайрави воқеийи Қуръон?

 

***

Ҳақиқат- барги зери пост ин ҷо,
Шарофат-ҳарфи бемаъност инҷо.

Муҳаббат-сарвати аздастрафта,
Ҷаҳолат кӯҳи побарҷост инҷо.

Рафоқат куртаи дарбеҳкарда,
Адоват қоматаш болост инҷо.

Ибодат-одат аз руи риёву
Наҷобат –беваи танҳост инҷо.

Латофат-як бағал гулҳои мурда,
Хабосат-духтари зебост инҷо.

Ҳасодат мисли зарпечак, валекин
Хиёнат – пояи дунёст инҷо.

Саховат-мусафеди дастларзе,
Ҳимоят-марди бепарвост инҷо.

Қазоват-одати дерина, аммо
Маломат-пешаи инҳост инҷо.

Рисолат-суннати азёдрафта,
Ҷасорат- ҷурми бас болост инҷо.

Адолат – кудаки маъсуми даврон,
Ки кури кури модарзост инҷо.

Басират- пири барҷомондаеву
Риёзат – навраси барност инҷо.

Намонда эътибори ишқ, эй вой,
Яке «Маҷнун» яке «Лайлост» инҷо.

Хулоса Ишқ аз мо куч карда,
Ва нафрат вижагии мост инҷо.

Ҳама бо сояҳои хеш қаҳранд,
Қаробат, оҳ, як руъёст инҷо.

Чароғи меҳрубониҳо шикаста,
Ки чашми ишқ нобиност инҷо.

Фазилат баргаи беэътибор аст,
Ки ҳар «доро» яқин «доно»ст инҷо.

Худашро, оҳ арзон мефурӯшад,
Ҳар он шахсе, ки мансаб хост инҷо.

Дилам аз ин ҳама андуҳ танг аст,
Ки паҳнои ғамам саҳрост инҷо.

Хулоса ҳар куҷо танҳо «через» аст,
Барои НОМ даъвоҳост инҷо.

Ман аз ҷои дигар чизе нагуфтам,
Ҳар он чи гуфтаам инҷост, инҷо.

 

Ин сон набудааст

1-1

Он шоирам, ки шеъри тарам нон набудааст,
Танҳо барои ишкаму дандон набудааст.

Байте нагуфтаам ба таманнои ошу об,
Қасдам пулу зиёфати арзон набудааст.

Васфе агар намудаам аз ёру аз диёр,
Манзури ман тафохури осон набудааст.

Безорам аз таҳоҷуми амвоҷи шоирӣ,
Мақсуди ман гирифтани унвон набудааст.

Ҳар шеърпора гуфтаам аз ваҳдати вуҷуд,
Шукри Худо, ки шеъри парешон набудааст.

Чизе агар ба ҳурмати хубон навиштаам,
Асло барои шаҳвати шайтон набудааст.

Гуфтанд, шеъри хуб мудовои дардҳост,
Аммо дареғ, фарзия ин сон набудааст.

Дар маҳфиле, ки аҳли ҳунар сангу шишаанд,
Дидам чароғи шеър фурузон набудааст.,

Аммо ба ҳар ҳисоб, ки ин шеъри пуч нест,
Ойинаро гувоҳ, ки урён набудааст.

Солики мулки дил

%d0%b0%d0%b1%d0%b4%d1%83%d1%80%d0%b0%d1%88%d0%b8%d0%b4-%d1%84%d0%be%d0%b7%d0%b8%d0%bbМуборакбодие ба зодрузи дуст ва бародари гиромиам, Абдурашиди ФОЗИЛ

Дарё шавад уқёнус бо мавҷи хурӯшонаш,
Ҳар зарра шавад анҷум бо нури фурӯзонаш.

Эй солики мулки дил, бо дилшудагон ҳамсӯ,
Он шабнамӣ, меламъад дар ҳолаи тӯфонаш.

Аз тан чу буридастӣ, дилро шудаӣ маскун,
Ҳар дил, ки ту дилдорӣ, Ҳақ гашта санохонаш.

Ҳам аҳли назар ҳастӣ, ҳам аҳли сухан ҳастӣ
Суфии раҳи тақво, эй пайрави фармонаш

Дар боргаҳи ирфон-хилватгаҳи танҳоӣ,
Ҳамроз шавӣ бо Ӯ, ҳамсуфраву ҳамхонаш.

Эй орифи шӯрида, ҳамшаҳрии Мавлоно,
Донандаи асрорӣ эй ҳофизи Қуръонаш.

Милоди Шумо бар мо, ҳамвора муборак бод
Ё Раб ту муҳаббат кун, мебош нигаҳбонаш

 

Ниничаи ман

%d0%bd%d0%b0%d1%81%d1%80%d0%b8%d0%bd

Насрини ман, Насрини ман,

Ниничаи ширини ман.

Дар Каҳкашони зиндагӣ,

Эй хушаи Парвини ман.

 

Ту омадию сур шуд,

Кошонаам пурнур шуд,

Дар печу тоби зиндагӣ

Танҳоӣ аз ман дур шуд.

 

Ту нинии нози манӣ,

Ҳамбозу ҳамрози манӣ.

Дар вусъати бе ғуссагӣ

Шаҳболи парвози манӣ.

 

Аммо каме бехобакӣ,

Нимишабон бетобаки.

Меронӣ хоб аз чашми ман,

Шайтунаки, офтобакӣ…

Дар «Шоми шеъри Гулноз» газале барои Гулноз

 

Маҳзарат ойинаи ишқ, сафо овардӣ,

Ин сафоро магар аз куйи Худо овардӣ?

 

Ин чи давлат, чи саодат, чи муборак базмест,

Як бағал ишқ ту бар маҳфили мо овардӣ.

 

Чашм то боз намудӣ гули эҷод шукуфт,

Ин ту будӣ, ки ғазалро ба само овардӣ.

 

То набудӣ ҳама ҷо сояи хомӯшӣ буд,

Омадӣ, ҳамраҳи худ созу наво овардӣ.

 

Дар Ироқи дили мо фитнаи ДОИШ гум шуд,

Ваҳдату сулҳу сафоро  чи ба љо овардӣ.

 

Одам аз себи ғазалҳои ту Ҳавво бинад,

Шуру ангезаи исёни варо овардӣ.

 

Дар ғазал кори ту олӣ, суханат ширин аст,

Ростӣ, ин ҳунаратро зи куҷо овардӣ?

 

Имшаб аз лутфи ту Аъзам ба ғазал ру овард,

Чунки бо маҳфилат илҳоми маро овардӣ.

 

Парчами шеъри ту, Гулноз барафрохта бод,

Баски бар ойинаи шеър ҷило овардӣ.%d0%be%d0%b4%d0%b0%d0%bc3

Бе ту

 

index

Бе ту одат карда будам, ногаҳон боз омадӣ,

Аз дили дунёи рафта ҳамчу эъҷоз омадӣ.

 

Омадӣ бо як бағал ишқу сафову иштиёқ,

Мисли собиқ боз ҳам маҷзубу танноз омадӣ.

 

Гуфта будам мекашам берун туро аз хотирам,

Хотиротам зеру рӯ кардиву дамсоз омадӣ.

 

Дидиву нодида бигрифтӣ чароғи сурхи роҳ,

Ҷумла банду домро бишкаста чун боз омадӣ.

 

Ман чу сайде рубуруят дасту по гум кардаам,

Ту агарчи боз, аммо ҳамчу анбоз омадӣ.

 

Метаровад дар нигоҳат мавҷи шеъри пири ринд,

Рост гӯ, бону, магар аз шаҳри Шероз омадӣ.

 

Бори дигар дар ҳузурат ишқ сӯям ханда кард,

Дар сукути хилвати дил шеърпардоз омадӣ.

Мусафед

187623

Омад, нишаст паҳлуи як бед, мӯсафед,
Худро ғарибу бекасу ҷо дид, мӯсафед.

Зери ҳамон дарахт, ки як ҷӯйбор дошт
Паҳлу заду нишаст ва ларзид мӯсафед.

Худро даруни ойинаи об диду баъд
Бар рӯи об хам шуду хандид мӯсафед.

Чун дид рӯбарӯи худаш дашти ташнае,
Дар чашми об лаҳзае рақсид мӯсафед.

Оҳиста лаб гушуд, саломе ба об кард
Аз ҷӯйбор, хотира пурсид мӯсафед.

Аммо ки ҷӯйбор ба ӯ эътино накард
Як ҳарф, ҳарфи тозае нашнид мӯсафед.

Дар гирудори зиндагӣ он қадр ғарқ буд
Умраш чи гуна рафт? Нафаҳмид мӯсафед

Оҳе кашид аз ҷигари пора – порааш
Дар мотами гузашта бинолид мусафед…

Як тарона

1389870216_molchit-telefon

Агар ту телфун накунӣ дили ман шӯр мезанад,
Хаёли ранҷидани ту мана дар гур мезанад.

Дига дилат наметапад барои ман, ки ишқи ту,
Ба қалби лахт- лахти ман дарбиҳи ноҷӯр мезанад.

Ҷудоӣ аз ту, о, нагӯ, ки боварам намешава,
Ки бе ту пайкони ғамат мана аз дур мезанад.

Агар ту ёдам накунӣ, мерам суроғи сарнавишт,
Мепурсам аз чи ӯ чунин дами манфур мезанад.

Агар ту ёдам накунӣ, мерам дари майкадаҳо,
Менӯшам он бода, ки ӯ ақла да тур мезанад.

Агар ту зангам назанӣ, мепӯсаму занг мезанам,
Биё, биё, ки бе ту оҳ, дили ма шӯр мезанад.

Замин афлок шуд

(Ҳамдардие ба бародар ва дусти гиромиам, Абдурашид, ки дар суги бародарашон, Мирзоюсуфи Фозил(Эшони Мирзо), инсони вораста ва фариштахисол нишастаанд.)

14441186_1228796383851134_4566010284554730789_n
Гиря кардам,
Шаб ҳама шаб гиря кардам.
Гиря дар дил,
Гиря дар чон,
Гиря дар мижгону чашмон,
Гиря дар лаб гиря кардам.

Осмонҳоро даридам,
Пар кашидам,
То ба марзи бехудӣ танҳо расидам.
Додаратро дар фалак,
Дар ҷавори қудсиён ҳамчун малак,
¬Ғарқи нури ҳастӣ дидам,
Ғарқа дар таб гиря кардам.

Шаб бирафту рӯз омад,
Шамси ахтарсӯз омад,
Қалби ман дар сӯз омад,
Дар азои марги кавкаб гиря кардам.

Оби чашмам ҷӯи хун шуд,
Осмон омад замину вожгун шуд,
Зиндагӣ зеру забун шуд,
Рӯ ба сӯи хонаи Раб гиря кардам.

Сад дареғ аз марги шамси синаҳо,
Сад дареғ аз сайқали ойинаҳо.
Бехабар Эшони Мирзо даргузашт,
Сад дареғ аз ҳамдили деринаҳо.

Ӯ бирафту оламе ҳамроҳи ӯ дар хок шуд,
Ӯ бирафту бори дигар хок бо ӯ пок шуд.
Ӯ бирафту аз каёну фарри ҷисми поки ӯ
Гӯшае аз ин замин як пораи афлок шуд.

Дехаи мо

10696236_1512921738979636_438908425166352083_n

 

Деҳаи мо
Қаблан як пули кучак дошт, ки факат бо хар
Ва ё
пои пиёда
Кас аз он вориди русто мешуд.
Ва ба хотир дорам ман,
Он замон
Хонаи бобоям ҳар шаб
Мусофир ва меҳмоне дошт.
Деҳаи мо акнун
Чун ҳама деҳаи куҳҳои баланд
Пули мошингузари маҳкаму хубе дорад.
Хонаҳо низ бузургтар шудаанд.
Вале
Он пули куҳна
Аз кафи суннатии деҳаи мо
Ҳамчу тиллои Зарафшон рафтаст
Ҳамраҳаш бобоям
Ба суроғи …
Меҳмон рафтаст.

Хазон омад суроги ман …

Зи боғу ҳар дарахти хонаам буи падар ояд,
Садои форами модар ба гушам ҳар саҳар ояд.

Падар дар боғ «меҷунбад» ва модар хона мерӯбад,
Маро ин манзара ҳар лаҳза дар пеши назар ояд.

Падар устураи ҳаммат ва модар рамзи хубиҳо,
Ба умедам, ки ин толеъ ба ман бори дигар ояд.

Падар камҳарфу сокит буду ман инро надонистам,
Ки аз мавҷи нигоҳи камсухан ғам бештар ояд.

Ва инро хам надонистам дар он шабхои бехоби,
Ки модарро зи дарди сар чунин ох аз чигар ояд.

Хазон омад суроғи ман, чу ҳарду аз барам рафтанд,
Баҳорамро кунун бингар, ки лола хунҷигар ояд.

…Хаёлам ҳарду руи кат нишаста чашм дар роҳанд,
Ки як фарзанди маҳҷуре чу Аъзам аз сафар ояд.

Дилам як дуст мехохад …

 

images

“Дилам як дуст мехоҳад, ки хеле меҳрубон бошад”
Ва ҳар чи дар дилаш дорад, ҳамонаш дар забон бошад.

Сухан аз сидқ кам гуяд, валекин дар амал содиқ,
Ҳамон бошад ба пеши ман, ки дар ҷисми худ он бошад.

Нагуяд “ҷони ман ҳасти”,вале дар ҷодаи ёри
Тани афсурдам манро тавону руҳу ҷон бошад.

Дилам як дуст мехоҳад, ки якру бошаду яксу
Дар уфқи ноумедиҳо чу овои азон бошад.

Вуҷудаш болу пар бошад ва меъроҷе диҳад ҷонро
Мани зиндонии “ман”ро шабеҳи нардбон бошад.

Зи ёрони шаробию кабоби хаста шуд, хаста,

Дилам як дуст мехоҳа,  ки дур аз ину он бошад.

Дилам як дуст мехоҳад, мехоҳад, вале донад
Чунин дусте, ки мехоҳад, вуҷудаш дар гумон бошад.

Туро бахшидам

 

Аз он рузе ки дар ишкат ватан кардам
Худамро дар чахони худ кафан кардам
Фаро рафтам зи эҳсосу тахаййулҳо
Ва дар дарёи дил татҳири тан кардам.

Наранчидам, ки гулҳоро хазон кардӣ
Кавиреро барои худ чаман кардам.

Туро бо чумла хубу зишт бахшидам
Худамро дар худам тандиси МАН кардам.

Бубин,  дар инзиво афтодаму бо ту
Дар ин даҳри арусакҳо сухан кардам.

Кунун дури магир аз ман ки аз дури
Туро дуздидаву дар ту Ватан кардам

 

ДАРС

lovely-sad-wallpaper

 

Дируз

Вақте ба оромгохи волидонам  рафтам,

Бори дигар дарк кардам, ки

Падару модарам

(Худо биёмурзадашон!)

Агарчи ба ман бисёр чизхоро омузонданд,

Аммо

Наомузонданд, ки бидуни онҳо

Чи гуна  бояд зиндаги кунам.

ЗОДРУЗАМ

14221741667

 

Зодрузам

Маргрузи солҳои рафтаам,

Солҳои рафтаву бо хеш бурда

Сад манеро аз вуҷудам,

Сад наворо аз сурудам,

Сад ҳазорон хислату андешаро

Аз фарозу

аз хилоли тору пудам.

 

Солҳое, ки пур аз

Рузу ҳафта,

Моҳ буданд,

Бо ғаму бо шодмонӣ,

Бо суъуду бо суқут,

Бо нолаҳои дар сукут

Ҳамроҳ буданд.

 

То ки оям то ба ин руз,

Солҳо аз ман гузаштанд,

Ё гузаштам ман аз онҳо.

Ин гузашту ин гузаштан,

Гоҳ ғурбат аз куҳистон суи дашт,

Сухтан дар кучаҳои  гарму доғи бедарахт,

Хокро оғуш кардан ҳамчу рахт,

Рафтане гоҳе бидуни бозгашт.

 

Гоҳи дигар ин гузашту ин гузаштан,

Ҳамчу рузи як асири банду зиндон,

Ҳамчу назъу кандани ҷон,

Мегузашт, аммо… вале … истода буд,

Қисмате буд,  ки Худояш дода буд.

 

Солҳо аз ман гузаштанд,

Солҳои сориқони кӯдакӣ,

Ғосибони ганҷу файзи олами афсонаҳо,

Селҳои бурда аз куи ҷавонӣ хонаҳо,

Карда вайрон  кушкҳо, кошонаҳо.

 

Дар хилоли солҳо додо шудам,

Шукри беҳад, баъд аз он бобо шудам.

То шудам додо, шудам огаҳ зи ранҷи волидон,

Дарк кардам зинда — зинда кандани ҷон.

 

Буд соле, ки падарро даррабуд,

Олами ғамро ба руи мо кушуд,

Модари дилсузро  аз мо гирифт,

Файзу фарри рузро аз мо гирифт.

 

Ман кунун ин руз,

Солрузи омадан бар ин замин,

Дар азои солҳои рафта гирям,

Ё ки хандам бар ҳама буду набуд?!

Ҳарчи буда ҳарчи ҳасту ҳарчи мехоҳад шудан,

Шукри ҳар дарду ғами он солҳо,

Шукри ҳар бешу ками он солҳо,

Шукри беҳад,

Додаӣ аз солҳо шастам, Худо,

Кардаӣ аз ишқи худ мастам , Худо.

Баъд аз ин аз ман нагирӣ шасти ман,

Баъд аз инам ту бигир дастам, Худо!

 

 

 

 

 

 

 

КОБУС

s55754908

Дар ру ба руи ман
Як сояе аз рафтаҳои дур,
Дар шакли як шабаҳ
Сангар гирифтааст.

Ва
Ин манам, ки дар тирраси у
Худро фиреб медиҳам:

— Кобус!

Марсияе дар суги устод Неъмат Оташ

IMG_3687

 

 

Як неъмати биҳиштие аз ҷамъи мо бирафт,

Моро биҳишту сокиту беэътино бирафт.

Боре нагуфт ҳоли мо бе ӯ чӣ мешавад,

Нодида дид ойину расми вафо, бирафт.

Ҳар ҷо ҳузӯри гарми ӯ аз ишқ ҷилва буд,

Он усваи муҳаббату файзу сахо бирафт.

Оташ куҷо, ки Неъмати мо Шамси ишқ буд,

Бо ишқу шури Мавлавӣ бар кибриё бирафт.

Аз дидаҳо бирафтаву дар синаҳо нишаст,

Ёрон, рафиқу ҳамнафаси бериё бирафт.

Ӯ рафту гуфт, будани мо ҷумла рафтанист,

Аз ин фано раҳидаву бар он бақо бирафт.

Фикр мекардам …

“Фикр мекардам азизам, дидам аслан нестам”*,
Дар миёни ҷамъи “ман”ҳо ҷумла ҳаст, ман нестам.

Дар талоши “мо” шудан худро задам бар сангу чуб,
Дӯстиҳоям надиданд, арчӣ душман нестам.

Ҳар кӣ розе гуфт ганҷи сина кардам ҳарфи ӯ,
Туҳмати беҳуда кардӣ, ман ки кавдан нестам.

Аз хиёнат мегурезам то маро дар тан сар аст,
Бар ҳама қавле, ки додам содиқам,“зан” нестам.

Дар ҷаҳони неку бад чун хайли гӯли соддадил,
Аз фиребу ифтирову фитна  эман нестам.

Захмҳое мерасад бар рӯҳу тан, донам яқин,
Дар ниҳоят мекушандам, охир оҳан нестам.

*Аз Ораши Воқеъталаб

 

 

 

 

Худситез

11987202_946320778772566_1879162655774295600_n

Эй ки дар ойинаат худро тамошо мекунӣ ,
Каҷдилӣ, худро вале ойинасимо мекунӣ.

Борҳо мехонамат, аммо чаро беэътино
Меравӣ, худро шабеҳи куру аъмо мекунӣ?

Гуфтаандам ин авохир бемуруват гаштаӣ,
Бо ҳама, ҷуз бастагон меҳру муросо мекунӣ.

Эй бародар, аз чи берун мондаӣ аз ҷамъи мо?
Чунки кори зишти Рулину Яҳудо мекунӣ?

Хешро дар чорчуби одаму одамгарӣ,
Бо таби бегонахоҳиҳот расво мекунӣ.

Эй ки як дам нестӣ дар маҳзари Парвардигор,
Бо дами маснӯъ тақлиди Масеҳо мекунӣ.

Куҷоӣ…

lovely-sad-wallpaperҲама дардам, ҳама дардам куҷоӣ модари пирам,
Куҷоӣ, эй падар, эй муттако, эй пири дастгирам.

Ба зери бори якрангӣ зи ғам хам мешавам ҳар дам,
Куҷо бигзорам ин бору зи кӣ дарси вафо гирам?

Маро танҳо раҳо кардеду рафтеду нагуфтедам,
Ки ман ҳам дар камони зиндагӣ дар ҳукми як тирам.

Зулоли ранҷи бемеҳрӣ дарунам мекунад туфон,
Чӣ хоҳад шуд тақдирам, кӣ хоҳад гуфт таъбирам.

Вузу дар ҷуйи ашки худ нашуд бар дарди ман чора,
Кунун дар хуни худ ғарқам зи ҳастӣ дилгиру серам.

Абас дар интизорам ман, падар модар намеоянд,
Ва бори бекасӣ бар душу рузе хаста мемирам…

Зиндагӣ як достони шод нест…

444056_vVtRpmVl

Каҷравӣ ойини фарзин будааст,

Каҷравонро каҷравӣ дин будааст.

Неши ақраб достони дигарест,

Неши аблаҳ лек аз кин будааст.

Аз нигоҳи одамони каҷназар,

Сурати ойина чиркин будааст.

Ишқро бахшида сад ранги дигар,

Чун матои ишқ рангин будааст.

Ошиқиро турфа маъно кардаанд:

Масдари у рахту болин будааст!

Зиндагӣ як достони шод нест,

Руи шодӣ гоҳ ғамгин будааст.

Гоҳ талхӣ оварад бар комҳо,

Гоҳ талхиҳош ширин будааст.

Каҷравон каҷбину каҷандешаанд,

Каҷравонро корашон ин будааст.

Сипос аз дустонам

23

Дар рузҳои таҷлил аз 60 солагӣ тане чанд аз азизон бароям туҳфаҳое мондагор таҳия карданд.Бо арзи иродат ва сипоси фаровон ин абёти самимиро пешкаши дустон мекунам.

 

Беҳрӯзи Забеҳулло

Барои дӯстам Аъзами Хуҷаста-шоири зулолсаро!

 

60-сол қалам бадасти бедор будӣ,

60-сол ту ҳомили ҳамин бор будӣ.

60-сол ба гардани қалам дасти ту буд,

60-сол қаламкашу қаламдор будӣ!

 

*   *   *

Дар мулки сухан хуҷаста бодо шастат,

Ҳаргиз нахурад замин, қалам аз дастат

Шаст соли дигар ҳар ки бихонад шеърат,

То рузи қиёмат бишавад сармастат.

*  *  *

Шогирди дабистони Хуросон будем,

Дар Кобулу Шерозу Сифоҳон будем,

Ёдат наравад хотираи субҳи умед,

Дар маҳфили риндони Хуросон будем.

*    *   *

Гаҳ васфи Ватан кардиву гаҳ васфи нигор,

Гаҳ аз ғами худ гуфтиву гаҳ аз ғами ёр.

Шоир ҳамеша дар камини маъност,

Сайёд ҳамеша дар пайи сайди шикор!

 

 

Маликнеъмат

 

Бахшида ба 60-солагии дӯсти суханвар Аъзам Хуҷаста:

Мо барои хеш не, баҳри дигарҳо зистем,

Дар миёни ҷамъият хомӯшу танҳо зистем.

То шиносад миллати моро ҳама рӯи ҷаҳон,

Гаҳ дар Эрон, гоҳ Афғон, дар ҳама ҷо зистем.

Ҳар киро додем даст, аз остини мо гирифт,

Зишткориҳо фузун дидему зебо зистем.

Ҷои мо гоҳе агар дар чашми ёрон танг буд,

Мешавад гуфтан магар онро, ки ноҷо зистем?

Умри мо бо нуқтаи холи нигоре хатм шуд,

Ҳамчу Маҷнун дар ғами Лайлои фардо зистем.

Зиндагӣ зебост, оре, лек аз диди дигар,

Талхҳо хурдему ширину гуворо зистем.

 

Инъоми Темуриён

Муборак зодруз Аъзам Хучаста,

Зи ашъорат ба дилхо гул бираста.

Хама олам зи ашъорат мусаффо,

Хама шеърат чу гулхои даста даста.

Намуда куҳ сари таъзим ба маънӣ,

Зи ҳарфи шеъри ту олам хучаста.

Дили покат илохо дар амон бод,

Аё пири хирад Аъзам Хучаста.

 

Нурали Нурзод

Хуҷаста, эй Хуҷаста, эй Хуҷаста,

Нагардӣ ҳеҷ гоҳе дилшикаста.

Ба шасти нав расида шасти шастат,

Расӣ бар шасти дигар ҷаста ҷаста.

Баҳори шасти ту бодо хуҷаста,

Хуҷаста, эй Хуҷаста, эй Хуҷаста.

Ҳамеша рўи роҳат гул бирезад,

Дарахти умру ёри барнишаста.

 

 

Ҷӯра Юсуфӣ

Эҳдо ба 60-умин зодрўзи Аъзами Хуҷаста

Дар дили мо шод бо ғам буду ҳаст,

Ин ду аз даврони Одам буду ҳаст.

Хандаҳои ашкборамро бубин:

Аз пайи ҳар сур мотам буду ҳаст.

Шоми тору рўзи равшан бо ҳаманд,

Гуссае бо бўса тавъам буду ҳаст.

Ман чи гўям аз висолу ҳачри дўст,

Шахд бо заҳре пайи ҳам буду ҳаст.

Маҳфили ёрони ҳамдам чаннатест,

Беҳтарин соат ҳамин дам буду ҳаст.

Чом бар каф, шеър бар лаб, дил ба ёр-

Расми озодони олам буду ҳаст.

Аз чавони то ба пирӣ омадем,

Дар канори Ҷўра Аъзам буду ҳаст!

 

Мирзоҳайдар Умарзод

Эҳдо ба зодрузи дустам Аъзам Хуҷаста

Коғази испедро карда сияҳ,

Сабз карди дафтари ашъори дил.

Шасти умрат бишканад шасти аҷал,

Эй, китоби дидаи бедори дил.

 

Мерави хомушу бо барқи нигоҳ,

Оташе дар чони гулҳо мезанӣ,

То бимонад хушранг боғи дилат,

Бо муҳаббат хори гулҳо меканӣ.

 

Хаста мебинам туро гоҳе ба роҳ,

Аз саволу аз чавоби беҳисоб.

Саҳфаи дил аз муҳаббат ранг деҳ,

Бар ҳама ночуриҳо мекун хитоб!

Кутоҳ, аммо …

1618001_603171026403491_2067883632_o

Овора нестам,
Эҳсоси ғурбат надорам,
Аммо
Сояи бегонагӣ ҳамеша ҳамроҳам аст.
***

Намедонам чаро
Вақтҳои охир
Ҳатто дар хобҳои парешони шаб
Лаб зери дандон мегирам.

***

Ман намояндаи порлумоне ҳастам
Ки дар он
Ибтикор “вето” мешавад,
То инфиҷорҳои баъдӣ
Ба усулгароён нисбат дода шаванд.

***

Биё,
Бо ҳам ба гузаштаҳо равем,
Ва ин бор аз роҳе баргардем, ки
Барои пулиси “афсус”
Посгоҳе набошад.
***

Лаби дарё нишин
Ва гӯш ба бод супор,
Ман ҳама чиро ба бод гуфтам.

****

Дар “ҷанг” бо ту шикаст хурдам
Аммо ҳануз
Ишғолам накардаӣ.

***

Барои ин ҷо омадан хеле шитоб доштам,
Аммо имрӯз
Маҷоли дубора рафтанро аз ман гирифтаанд.

***

Афсус…
Ту дар ман мурдаӣ,
Ва ин ҳама омаданҳоят
Фотиҳахонӣ дар сари гӯр аст.

***
Дар ин зимистон
Барои дилхушии мо
Яхҳо гул кардаанд,
Аммо ба ту тақдим намекунам:
Гармои дастонат барои онҳо корсоз нест.

Абас набуд (ислох)


Чй рузхо гузаштааст
Ки аклро нафас набуд
Парандаи сабурй дар кафас набуд
Маро ба чуз надидани худам хавас набуд
Барои пилки нахси дидаам
Ба хирмане губори хас набуд

Чй рузхо, чй рузхо
Ба руйи теги му давидаам
Ба куллахои изтиробу иштиёки дил расидаам
Зи боли абрхо гирифтаам
Ва домани пур аз сароби сояро кашидаам
Ки дар рикоби корвони рохиён танини нолаи чарас набуд

Чй рузхо, чй рузхо
Ки хам шудам ба зери бори зиндагй
Чу мучриме шитофтам ба суи дори зиндагй
Зи худ рахо шудам чу бод
Ман аз фишори зиндагй
Ки лоуболу бепанох мисли ман магас набуд

Чй рузхо, чй рузхо
Надида будаам набуди бударо
Дари зи лутфу мехрубонию сафо кушударо
Нигохи гарми гусса аз дилам зудударо
Насими гарди гам зи суратам рабударо
Ва ёфтам
ки он хама дуо абас набуд!

Солики мулки дил

 

Муборакбодие ба зодрузи дуст ва бародари гиромиам, Абдурашиди ФОЗИЛ

Дарё шавад уқёнус бо мавҷи хурӯшонаш,
Ҳар зарра шавад анҷум бо нури фурӯзонаш.

Эй солики мулки дил, бо дилшудагон ҳамсӯ,
Он шабнамӣ, меламъад дар ҳолаи тӯфонаш.

Аз тан чу буридастӣ, дилро шудаӣ маскун,
Ҳар дил, ки ту дилдорӣ, Ҳақ гашта санохонаш.

Ҳам аҳли назар ҳастӣ, ҳам аҳли сухан ҳастӣ
Суфии раҳи тақво, эй пайрави фармонаш

Дар боргаҳи ирфон-хилватгаҳи танҳоӣ,
Ҳамроз шавӣ бо Ӯ, ҳамсуфраву ҳамхонаш.

Эй орифи шӯрида, ҳамшаҳрии Мавлоно,
Донандаи асрорӣ эй ҳофизи Қуръонаш.

Милоди Шумо бар мо, ҳамвора муборак бод
Ё Раб ту муҳаббат кун, мебош нигаҳбонаш

 

<span>%d</span> такие блоггеры, как: