ШАБИ ЯЛДО

Ин ачабро бин, ки имшаб бачаги
Мехмон бар хонаи ман омадаст,
Бо чахони бозихои бегами
Ин мусофир назди Аъзам омадаст

…Ман намедонам дар ин асно киям
Ман манам ё ман наям
Ё мане дигар ба ман чур омада
В-ин шаби Ялдо ба чашми тираам
Хамчунон як пораи нур омада.

Кулбаи бефайзи ман дар як нафас
Пур шуд аз созу навои бачаги,
Ман рахо гаштам зи захматхои умр
Гум шудам ман дар фазои бачаги.

Гушу хушам пур шуд аз созу наво
Ман шудам аз худ чудо
Дар чахони худ шудам аз одаму олам рахо
То сафои бекарону бекарони босафо.

Ман чахонеро башоратгар будам
Хам чахоне буд башири ман дар ин хилватсаро…

…Ногахон телфун занг зад,
Хасрато!
Он чахони бачаги аз хонаи ман гайб зад,
Сад дарег
афсонаи ман гайб зад.
Гуширо бардоштам:
Ало……..ало……

Хандаи мастонаи як хонуме

Гуиё ин хандаи такдир буд
Олами руъёии манро хаме таъбир буд.
Гуширо бигзоштам
Ох, чи холе доштам:
Бешаи андешаам отш гирифт,
Наъра зад дар сина шери ёдхо
Хонаи дил хамчу махшаргох гашт
Аз гиреву нолаву фарёдхо
…Боз худро дидаму танхоиро
Ин чахони шуми мургу мохиро

комментария 2

  1. Омадам то шуълаи ишки ту бунёдам шавад,
    Меравам то кахкашон то хандахо ёдам шавад.
    Эй азизи дурихову дурихои дури ман,
    Меравам, то ёди ту наздики фарёдам шавад.

  2. Шаби ялдо гузашту занги калбам рафт,
    Биё акнун садоям кун, к-ин мани девона боз хам девонатар гаштам.
    Биё руъётарин руъё ,
    Биё пайдотарин пайдо.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: