Хазору ду шаб?


Дар хилвати харобаи афсонахои бод
Дар интихои як шабе аз як хазор шаб
Дар як утоки рушану торики субхидам
Накше ба руи фарш — аз рафтани яке
Чисме ба руи рахт — аз мондани дигар.

Хуршед хира мешавад аз пушти панчара
Дар чустучуи рафтаи он рохии шаб аст,
Бозии боду паради обии панчара
Ойинаи таронаи хомуш дар лаб аст.

Як пайкаре ки зиндагй дар у шукуфта аст
Аз худ рахо шуда дар хеш хуфта аст,
Бар он хазору як шабе як шаб илова шуд
Шахрзоди мо вале
аз у нагуфта аст…

Один ответ

  1. Салом. Рости, шеърхо хубанд ва тасвирхои зебо дида мешавад. Ба Шумо дар рохи эчод барорхову барорхо хохонам…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: