Дафтари шеърам

Дафтари шеърам парешони ту шуд,
Сафҳа — сафҳа моту ҳайрони ту шуд
Байтҳоям сояе аз зулфи ту
Хомаам ойинагардони ту шуд.
Омадиву ин вучуди хастаам,
Чойи пойи амру фармони ту шуд.
Хонаам шуд гулшане аз мақдамат,
Ҳастиам мафҳуми имони ту шуд.
Сарнавишти ту сиришти ишқи ман,
Ишқи ман дар банди зиндони ту шуд.
Бусаам дар роҳи чашмат ланг шуд,
Ҳасрати ман оҳи пинҳони ту шуд.
Ин ғазал гуфтам, ки шояд хониаш,
Ашки талхе садди чашмони ту шуд.

комментария 3

  1. Таронаи нигохамро ба дасти осмон додам,
    Биё эй шеъри осмони, зи ту рангин буд эжодам!

  2. Ба чуз номи ту нопайдо дигар номе намедонам,
    Ба чуз азми тавофи ту , кадам чоенамемонам.
    Хар он харфе, ки хонам аз китоби ошикони туст,
    Бидон чизе намедонам касам бо ишку имонам.
    Ба чуз савдои дарди ту, ки мекубад дари дилрло,
    Дигар савдо намедонам агар донам зи сар ронам.
    Ба чуз фирдавсат уммеде надорам дар дили кучак,
    На аз фирдавс мегуям туи фирдавси пинхонам.
    Ба чуз калбе, ки дардашро факат дар шеъри ман хони,
    Тамоми дардхоямро кучо монам, кучо монам.
    Ту сирри ошикон накшо зи ашки чашми Фарзона,
    Марав аз ман, бимон бо ман, ало ширинтар аз чонам!

  3. Farzona sherhoi khub, lekin boz kor kuned!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: