Дидам, нестам

Ман худамро чустучу кардам ва дидам нестам

Хун шудам то бораҳои дил расидам, нестам

Дар хами ойина рафтам, то ки шояд ру занам

Порахои пораро садбора чидам, нестам

Охро бар бод додам, то расам бар доди бод

Бодхоро дар хавои худ шамидам,нестам

Дар китобу дафтари фарсудаам рафтам фуру

Сафха-сафха хотиротамро даридам, нестам….

Осиёби дехаро хам дар дили шаб дар задам

Бо хаёли худ чувозашро кашидам, нестам

Сояамро дар утоки холй дар худ духтам

Лахзае хамчун шабх аз худ рахидам, нестам

Один ответ

  1. Офарин бар болидатабъиятон! Аз ин шеъратон хеле хушам омад. Хамеша муваффак бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: