Нафаси хотирахо

Ба ёди шодравон Қувват Давлат,дар гиромидошти 65 солагиаш

Дар сари турбати ту бо дили пурхун моем,

Бе ту дар маҳфили шодӣ ҳама маҳзун моем.

 

Он ки аз кӯрии мо, бехабарон рафт туӣ,

Ин ки шуд дар сари сад махмаса мадфун, моем.

 

Он ки зери бағалаш ойинаҳо дошт, туӣ,

Ин ки сангиндилу садрангу дигаргун, моем.

 

Он ки аз олами пурҳодиса дилканд, туӣ,

Ин ки шуд бандаи дунёи пурафсун моем.

 

Он ки дар кӯҳи бақо ҳайкали шаън аст, туӣ,

Ин ки дар боди фано сояи ҳомун моем.

 

Кам касе қадри туву шеъри туро медонист,

Баъди марги ту ҷигарсӯхта акнун моем.

 

Ин туӣ дар нафаси хотираҳо мепечӣ,

Ва аз ин доираи хотира берун моем.

 

Ин туӣ фарри калому суханат побарҷост,

Ва ба ҳукми ҷаҳиши санги фалохун моем.

 

Ин туӣ рафта ба аршу шудаӣ рошиди мо,

Ин ки дар фарши залолат шуда вожун моем.

 

Руҳат омехтаи руҳи замон аст, рафиқ,

Ки ба Гулбонги ғазалҳои ту мадюн моем.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: