Хоҳам гуфт

Ғазал барои дили доғдор хоҳам гуфт,

Барои марду зани дилфигор хоҳам гуфт.

 

Ҳамешаҳо сухан аз «зулфи ёр» гуфтам, бас,

Ва ин замон зи хами гирудор хоҳам гуфт.

 

Яке ба мотами фарзанди хеш менолад,

Аз ӯ ба гӯши кари рӯзгор хоҳам гуфт.

 

Яке ба хилвати шаб беқарор мегиряд,

Ва аз ниҳояти ашки қатор хоҳам гуфт.

 

Яке дар оташи ҷонсӯзи дард месӯзад,

Ки аз ғамаш ғазали бешумор хоҳам гуфт.

 

Тамоми панҷараҳо рӯи боғ пӯшида,

Вале ғазал ба шукӯҳи баҳор хоҳам гуфт.

 

Ва пушти панҷара марде ғариб ғамгин аст,

Ки аз забони вай, аз интизор хоҳам гуфт.

 

Ҳазор зулму ситам меравад ба ҳамвандам,

Аз он диёр, аз он шаҳри ёр хоҳам гуфт.

 

Ва ҳол чун ғазал аз дарду оҳ мегӯям,

Ду байти талх ҳам аз Қандаҳор хоҳам гуфт.

 

Барои Кобулу Балхам – диёри ҷангзада,

Барои Ғуру Ҳироту Мазор хоҳам гуфт.

 

Азизи ман, ситами рӯзгор мегузарад,

Ки бо киноя на! бо ифтихор хоҳам гуфт.

 

Пагоҳи рӯшану уммед мерасад аз роҳ,

Ҳазор шукр ба Парвардигор хоҳам гуфт.

 

 

Реклама
«

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: