Кош …

Ҷои ин панҷараҳо кошкӣ девор набуд,

Қисмати мову шумо мотами бисёр набуд.

 

Кош мешуд, ки саодат бари мо механдид,

Одам ин гуна парешондилу афгор набуд.

 

Кош дар кулли ҷаҳон ишқ ҳукумат мекард,

Хабаре аз талаву ғорату куштор набуд.

 

Осмон чатри ҳимоят ба замин во мекард,

Дашнаву тиру бало рӯи кас овор набуд.

 

Мегушудем ба рӯи дили ҳам панҷараро,

Пушти ин панҷара андешаи озор набуд.

 

Ҳар куҷо замзамаи мавҷи хушӣ мепечид,

Одам аз зиндагиаш хаставу безор набуд.

 

Зиндагӣ файзу сафоро ба ҷаҳон мебахшид,

Ҳаққи мо дар кафи гургони ситамкор набуд.

 

Эй басо мардуми бечора, ки шуд овора,

Кош аз ранҷи муҳоҷир гапу ахбор набуд.

 

Ҳама дар хилвати оғӯши Ватан меболид,

Ба дари хонаи бегона касе зор набуд.

 

Ҷои овози чаковак ҳама ҷо тақ-тақи тир,

Кош мешуд, ки ҳамин тақ -тақи такрор набуд.

 

Кош аз дасти ҳамин ДОИШиёни хунхор,

Аҳли дунё ҳамаи сол азодор набуд.

 

Ному бадкории  «толиб» зи ҷаҳон гум мешуд,
Толибе буд, ба ҷуз толиби он Ёр набуд.

 

Кош мо аз таҳи дил ҷумла яке «МО» будем,

Ин ҳама «ман-манӣ»ву ойини бозор набуд.

 

 

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: