Аз рафтанат имрӯз Ватан мегиряд

Бозор ҳам паранда шуд, аз шоха пар кашид,

Бо рафтанаш галӯи ҳама халқро дарид.

Дар рӯзгори рафтаи ғурбаткашидааш,
Чизе ба номи отифа аз «мо»ву «ман» надид.

 

***

 

Як шаби пайкарнавози навбаҳор,

Дидаам дар осмон маҳтобро

Ки миёни абрҳо овора буд,

Ёдам омад шеъри Бозор!

 

Дар нишеби дарраи пурпечи куҳ,

Дидаам ғарқи ҳаёҳу обро

Даргурез аз садди санги бора буд,

Ёдам омад шеъри Бозор!

 

Дар ғуруби пурсукут, аммо шигарф,

Дида дар оффоқ нони офтоб,

Аз гузашти рӯзи дигар пора буд,

Ёдам омад шеъри Бозор!

 

Дар хиёбоне пур аз ғавғои шаҳр,

Дида рӯи курсие навошиқе

Рӯ ба у бо ёри худ дар зора буд,

Ёдам омад шеъри Бозор!

 

Шеъри ӯ дар парчами болои сангарҳо баланд,

Шеъри ӯ дар шир-шири доси даравгарҳо баланд,

Шеъри ӯ дар мӯи то зонуи духтарҳо баланд,

Шеъри ӯ аз хокдон то мулки ахтарҳо баланд!

Аъзам Хуҷаста.1984

***

Ҳаво сарду фазои шеър сард аст,

Ки баъд аз ин тамоми фасл зард аст.

Тулуъат достони дарди миллат,

Ғурубат иддаеро шод кардаст.

 

***

Аз марги ту руҳи шеъри ман мегиряд,

Чун абри баҳор дар чаман мегиряд.

Эй ҳанҷараи расои ашъори баланд,

Аз рафтанат имрӯз Ватан мегиряд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: