(Нолаҳое нотамом дар суги Устод Муъмин Қаноат)
Рафтӣ, эй устоду оташ бар дилу ҷонҳо задӣ,
Пар задӣ, боди хазонро бар гулистонҳо задӣ.
Абри сад фасли баҳоре пушти чашмам ҷо гирифт,
Вопасин ашъорро бо лаҳни боронҳо задӣ.
Будани ту эътимоди шеър буду шоирон,
Рафтӣ, аммо рахнае бар кохи имонҳо задӣ.
Шоире будӣ, ки дар паҳнои шеъри порсӣ,
Парчаме аз ҳувият, фарҳанг, инсонҳо задӣ.
Аз тамаллуқ дур будӣ, бо садоқат ошно,
Ҳарфро аз обу аз ойина бо онҳо задӣ.
Шоири дардошно, устураи миллатпараст,
Мисли Аҳмадшоҳ дасту дил ба туфонҳо задӣ.
Шеъри оламгири ту худ эътибори миллат аст,
Муҳри миллатро ба рӯи барги давронҳо задӣ.
Тоҷикистон аз ғами ту мотамистон шуд, дареғ,
Ҳасрате дар қалби эронию афғонҳо задӣ.
То ҷаҳон боқист, номат ҳамрадифи лаҳзаҳост,
Исми зебои худатро дар дилу ҷонҳо задӣ.
***
«Тоҷикистон – исми ман» гуфтию исмат зинда бод,
Алвидоъ Муъмин Қаноат, алвидо эй зиндаёд!
***
Абрам, ки ба рӯи даштҳо меборам,
Бодам, ки ба марги баргҳо менолам.
Зарфи дилам аз ғами ту уфтоду шикаст,
Андуҳи ту ҷо намешавад дар олам.
Filed under: Poetry |
Добавить комментарий