Шеъри мо мотамнаво шуд, ҳасрато,
Сури мо сугу азо шуд, ҳасрато!
Вожаҳо, муште ба фарқи худ занед,
Шоире аз мо ҷудо шуд, ҳасрато!
Эй қалам, эй модари шеъру ғазал,
Соҳибат инак куҷо шуд? Ҳасрато!
Руди Сайҳун баъд аз ин руди ғам аст,
Бетараннум, бесафо шуд, ҳасрато!
Деҳи Румон бе Ниёзӣ…эй дареғ,
Холӣ шуд, беҳамсадо шуд, ҳасрато!
Рафтанат, эй шоири дардошно,
Қиссаи андуҳи мо шуд, ҳасрато!
Filed under: Poetry |
Добавить комментарий