Сад дарсади ҳарфи ту дақиқан лоф аст,
Чун дағдағаат калимаи Исроф аст.
Дар моҳи шариф он чи бисёр, дуруғ,
Чизе ки намерасад туро инсоф аст.
Қисме пайи бахт роҳи мулло ҷуянд,
Як қисми дигар ба нақшаи ҷодуянд.
Як идда нишони пойи шӯ мешӯянд,
Як идда, вале дар орзуи шӯянд.
Соқӣ, ки шароб бар сабӯ мерезад,
Шоир ғаму буғз аз гулу мерезад.
Дар гӯшае аз утоқ марде танҳо,
Бо теғи қалам нишаста мӯ мерезад.
Дар гушнагиҳо наботу нон бояд хурд,
В-ар ташна шавӣ оби равон бояд хурд.
Дируз яке шайх ба шайхе мегуфт:
«Гар руза хурӣ, дар рамазон бояд хурд».
Ҳарчанд, ки дидаҳо пур аз нам бошанд,
Ҳарчанд, ки синаҳо пур аз ғам бошанд.
Ман фикр намекунам, ки ойинаву санг,
Дар мазҳаби ишқ душмани ҳам бошанд.
Ту нестӣ ҳарду дидаам боронист,
Дур аз ту Худо гувоҳ, ки осон нест.
Як маҷлиси изтирорӣ мехоҳам ман,
Бархезу биё, ки вазъият бӯҳронист!
Бонуи латифу ноз, субҳи ту ба хайр,
Ойинаи дилнавоз, субҳи ту ба хайр.
Эй хонаи офтоб пушти чашмат,
Эй духтари мудароз, субҳи ту ба хайр!
Filed under: Poetry |
Добавить комментарий