Ғазал дар ғазал

Ман натонистам нагуям ин ғазал

Чун кӣ мегуяд чунин ғамгин ғазал?

 

Муддате аз ман ниҳон буд ин ҳабиб

Омаду бишкаст ин ойин ғазал.

 

Гуфтаҳоям як каме ногуфта монд,

Дафн шуд дар синаам чандин ғазал.

 

Боз танҳо мондаму ин бор ҳам

Дардҳоямро бишуд таскин газал.

 

Ман либоси шодро кардам бадар

Боз бар тан домани мишкин ғазал.

 

Бори дарде шонаамро хам намуд,

Хам шудам аз баски шуд сангин ғазал

 

Мекашӣ дар худ тамоми дардро

Месазад гӯям туро таҳсин, ғазал!

 

Ҳар куҷо, хамвора бо ман будаӣ,

Офарин бар ҳамдили дерин, ғазал!

 

***

 

Мерезад аз лабони ту бас нозанин ғазал,
Аз обшори муи ту то бар замин ғазал.

То сурхии лабони ту бар вожаҳо расид,
Аз ҳарф — ҳарфи вожа чакид ангубин ғазал.

Хайли нигохи ту аз лона пар кушуд,
Ғофил аз он ки менигарад аз камин ғазал.

Мижгони чун синони ту в-абруи чун камон
Нахчиргахе намудаанд ин сарзамин ғазал.

Сарви сиҳӣ, ки меравӣ чун кабки хушхиром
Арзонӣ карда накҳати хулди барин ғазал.

Ин вазну шеъру қофия танҳо баҳона буд,
Зеботар аз ту нест, гул,зеботарин ғазал.

 

***

Имшаб қалам гум кардааст дар дафтарам роҳи ғазал,
Оташ ба гардун мезанад аз синаам оҳи ғазал.

 

Ҳамдарди ман буда ғазал, ҳам дарди ман буда ғазал,
Оҳ ин мабодо бишнавам астағфируллоҳи ғазал.

 

Ин шаб магар дар куйи ман нури саҳаргаҳ дидааст,
Пайдову пинҳон мекунад манро ба ҳамроҳи ғазал.

 

Як шаҳпарак ҳамроҳи ман дар ин шаби бехобиҳо,
*Киш* гуямаш пар мекашад суям чу арвоҳи ғазал.

 

Чандин гуле дар ин баҳор чун дар хазон пар пар шуданд,
Ман аз ғаму андуҳашон рафтам ба даргоҳи ғазал.

 

Боз ин шаби бехбиҳо ҳамчун қиёмат шуд дароз,
Юсуф шудам худро задам бар хилвати чоҳи ғазал.

 

Рафтам суроғи Мавлавӣ, бо Саъди ҳам пайке задам,
Аз худ худе ангоштам дар Каҳкашон шоҳи ғазал.

 

Як пашша омад ногаҳон аз панҷара бар хонам,
Виз-визкунон гуфто ба ман: ҳарфат ҳама коҳи ғазал.

 

***

 

Ду зулфи туро ман ғазал мекунам,

Туро бо ғазал дар бағал мекунам.

 

Ду чашми чу ҳавзи зулоли туро,

Ба иксири буса асал мекунам.

 

Лабонат қасида ба девони шеър,

Ки тақлиди Шайхи аҷал мекунам.

 

Дар оғуши ту паноҳ мебарам —

Ба ҳарфи нигоҳат амал мекунам.

 

***

Даме, ки нигоҳат ғазал мешавад,

Ҳама заҳри олам асал мешавад.

 

Тамоми даду деви даҳри дудар

Ба ҳуру фаришта бадал мешавад.

 

Ба мавҷи нигоҳат чу африштае,

Вуҷудат маро дар бағал мешавад.

 

Хазону зимистон ба ҳар иқлиме,

Баҳорӣ чу моҳи ҳамал мешавад.

 

Аз ин пас дар ин шаҳраки соҳилӣ

Ҳадиси нигоҳат масал мешавад.

 

…Нигоҳат ҳамеша ғазалгуна бод,

Вагар на, Хучаста касал мешавад.

***

То ту ҳастиву ғазал ҳаст, ману ту ҳастем,

Ишқро азму ҷадал ҳаст, ману ту ҳастем.

 

То вафо ҳасту ҷафо ҳаст ва дар ин водӣ,

Шеваи рузи азал ҳаст, ману ту ҳастем.

 

То дар ин майкадаи ишқ зи шуру мастӣ,

Бо туам қасди бағал ҳаст, ману ту ҳастем.

 

То дар он бусагаҳи ҳамчу анори руят,

Шаҳди ангуру асал ҳаст, ману ту ҳастем.

 

То дар ин зистгаҳи булъаҷаби одамизод,

Сояи теғи аҷал ҳаст, ману ту ҳастем.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: