ЧАНД СУХАН АЗ МУАЛЛИФ
Муҳоҷирати мардуми Кӯҳистони Масчоҳ ба дашти Дилварзин, ки дар солҳои 50-уми асри 20 сурат гирифт, як амри зарурӣ буд, зеро аз як тараф он макон барои кору зиндагии босамар тангӣ мекард, аз сӯи дигар бояд киштзорҳои нав барои парвариши пахта ба вуҷуд оварда мешуданд. Аммо наҳваи кӯчонидани мардум ба водӣ хориҷ аз муқаррароти дастуру нишондодҳои ҳукуматӣ ва риояти ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандии сокинони кӯҳистон буд. Яъне ҳамон мақоли машҳури «ба ҷои салла калла» амалӣ шуд. Ба иборати дигар, мардуми куҳистон дар ҳоле ба таври маҷбурӣ ба Дилварзин оварда шуданд, ки шароит дар ин дашти урён барои зиндагӣ муҳайё набуд: ҳанӯз хонаҳои истиқоматӣ ба таври пурра сохта нашуда бу
данд, маҳалҳо бо оби ошомиданӣ таъмин набуданд, роҳҳо хокию ноҳам-
вор, барқ набуд, хизматрасонии тиббӣ ба роҳ монда нашуда буд… Акса-
ри мардуми кӯчида аз сабаби набудани хона маҷбур буданд, муддате дар
заминканҳо, дар шароити дур аз шоистагии як инсон, як кишоварз зин-
дагӣ кунанд.Дар ин маврид муаллифони мақолаи таҳқиқотии «Демогра-
фическая ситуация в Таджикистане» навиштаанд: Ҳамчунин бояд ба яке
дигар аз хусусиятҳои муҳоҷиркунӣ, ки авзои иҷтимоиро муташанниҷ карда буд, ишора кард:бунёди пешакии зерсохтҳои иҷтимоии зарурӣ дар заминҳои нав ба таври густурда нокифоя буд. Ин нукта дар Қарори Шӯрои Комиссарони ҳалқи ҶШС Тоҷикистон аз 11 феврали соли 1939 таъкид шуда буд, ки дар он гуфта мешуд: «Хоҷагиҳои қаблан кӯчонидашуда… бе хона монданд ва маҷбур буданд, дар юртаҳои қамишии оддии барои зиндагӣ носозгор маскун шаванд.» Чунин вазъият дар давраи баъд аз ҷанг низ, вақте масчоҳиёнро кӯчонданд, такрор шуд.
Набудани шароити мусоид барои зиндагӣ ва носозгории одамон ба
иқлими дашт, боиси авҷгирии бемориҳо ва афзоиши маргу фавт, ба хусус
дар миёни солмандону кӯдакон мегардид. Албатта, буданд масъулони
дилсӯз, ки талош мекарданд ба мушкилоти мардум расидагӣ кунанд, аммо пешниҳодҳояшон на ҳамеша гӯши шунаво пайдо мекард.
Муҳоҷирати мардуми куҳистон ба дашти Дилварзин дар замони Ко-
тиби якуми ҲК Тоҷикистон будани Бобоҷон Ғафуров сурат гирифт ва ӯ
ба «заҳматкаш будани мардуми Масчоҳ эътимоду итминони қавӣ дошт.
Минбаъд ҷараёни зиндагӣ дар ҳама ҷабҳаҳо ин пешбинии Б. Ғафуровро
собит кард. Дар пахтакорӣ ва парвариши дигар зироатҳои хоҷагии кишо
варзӣ на ҳама хоҷагиҳои ҷумҳурӣ бо масчоҳиён ҳамсон буданд. Эътимо-
ди Б. Ғафуровро масчоҳиён исбот карда, дар шароити номусоиди табиию ҷуғрофии дашти Дилварзин кору пайкори суботкорона ба харҷ дода, заминҳои асрҳои аср бекорхобидаро ба макони «тиллои сафед», боғу бӯстон табдил доданд.
Дар ин достон ба таври мухтасар ҷараёни муҳоҷирати мардум аз кӯҳис-
тон ба дашт, мушкилоти солҳои аввал, рафъ шудани душвориҳо ва бо
талошу заҳмати зиёд ба гӯшаи зебое аз Тоҷикистон табдил шудани даш-
ти асрҳои аср урён, баён шудааст. Умед мекунем, мавриди писанди хо-
нандагони гиромӣ қарор хоҳад гирифт.
БИШНАВ АЗ БОД …
Чӣ руҳафзову роҳатборӣ, эй бод,
Чӣ шодибахшу ғамбардорӣ, эй бод.
…Бигӯӣ ҳолу боз орӣ ҷавобам,
Ки хомӯши равонгуфторӣ, эй бод.
Хоқонӣ
Нола меояд зи қалби бодҳо,
Нолаҳои гумшуда, фарёдҳо.
Нолаҳои гоҳ гӯё, гаҳ хамӯш,
Ҳам пур аз нешанду ҳам саршори нӯш.
Мерасанд ин нолаҳо аз ёлаҳо,
Аз дили пурхуну доғи лолаҳо.
Лолаҳо аз хуни мардони ғариб,
Беватанҳои зи шодӣ бенасиб.
…Мерасанд ин нолаҳо аз кӯҳҳо,
«Кӯҳҳои ҳайкали андӯҳҳо»*.
Кӯҳҳое, ки сафоҳо доштанд,
Як бағал ҳисси тамошо доштанд.
* Аз устод Лоиқ
Алғараз дар зери он чархи кабуд,
Зиндагӣ лабрези шӯру ишқ буд.
Лек теғи зулми айёми палид,
Тори васли насли он ҷоро бурид…
…Мевазанд ин бодҳо аз даштҳо,
Аз ҷавори пуштаҳо, гулгаштҳо.
Бӯи гул меоваранд аз пуштаҳо,
Гул куҷо? Аз доғи хуни куштаҳо.
Мехазанд ин бодҳо аз пахтазор,
Аз ҷаҳони мардумони хору зор.
Нолаҳои синасӯз, эй сад дареғ,
Аз замони кинатӯз, эй сад дареғ.
Дар найистонҳо ниёиш кардаанд,
Токҳоро ҳам навозиш кардаанд.
Нолаи най, дар нафири бодҳо,
Ҷӯшиши май, дар замири бодҳо.
Бодҳо саҳрову дарё дидаанд,
Дар манору кохҳо рақсидаанд.
То шавӣ аз рафтаи худ бохабар,
Бодро бо дидаи дигар нигар.
Дар дили ин бодҳо ҳарф асту оҳ,
Дарду оҳе аз савобу аз гуноҳ.
Бегумон ин бодҳо гап мезананд,
Шевану фарёдҳо гап мезананд.
Ман ба таври мухтасар гӯям сухан,
Порае аз рӯзгори марду зан.
Чун наи Мавло «шикоят» мекунам,
Достон дорам, ҳикоят мекунам.
Фарз кун, тақлиди Мавло мекунам,
Ман куҷову Мавлавӣ! «МО» мекунам.
Маснавӣ — аз ҳиҷрати руҳ аз бадан,
Ман бигӯям ҳиҷрати тан аз Ватан.
Ҳиҷрате лабрези ашку дарду оҳ,
Ки дили торихро карда сиёҳ.
Ҳиҷрат он ҷо иттифоқи қудсӣ аст,
Ҳиҷрат ин ҷо қисса дорад аз шикаст.
Нолаи найро шунидӣ, эй азиз,
Дарсҳое дорад оҳи бод низ.
Лаҳзае чашми сари худро бипӯш,
Гӯши дил бикшову ҳарфи ман ниюш.
ДОСТОНИ КӯҲ ВА ДАШТ
«Мардуми зиёде зери офтоби сӯзони биёбон дар ҳасрати боғу бешазо-
рон ва рӯду чашмасорони хеш ҷон дод, то барои давлати шӯравӣ пахта
бирӯёнад. Падарам мегуфтанд, агар дар ватани обоӣ деҳаи мо ҳамагӣ як
тобут дошт, дар ҷои нав панҷ тобут сохта буданд, ки ҳамарӯза дар роҳи
байни хонаҳои нимасохтаву хаймаҳо ва қабристони навпайдо дар ҳара-
кат буданд.
Рӯзҳое мешуд, ки аз як хона ду ё се тобут мебароварданд. Ва рӯзҳое
мешуд, ки барои тобут навбат мегирифтанд.»
Салими Аюбзод. «Марсияи носуруда»
Як маконе буд дар оғӯши кӯҳ,
Дошт деҳа, хонаҳои бошукӯҳ.
Рӯдҳову чашмасори дилфиреб,
Боғҳову сабзазорони базеб.
Суфраи сабзи саховат паҳн буд,
Фарши тақвову диёнат паҳн буд.
Файз буду нур буду ишқ буд,
Зиндагӣ бисёр зебо менамуд.
Буттаҳо бутҳои кӯҳи Бомиён,
Сахраҳо рахшанда чун тоҷи Каён.
Дар замири боғҳо гарде набуд,
Сабза буду печаки зарде набуд.
Меваҳо чун лаълу чун ёқути ноб,
Ҳар яке ойинаи ашки саҳоб.
Мардумон ин ҷо ҳама машғули кор,
Розӣ аз доду надоди Кирдугор.
Бо забони обу гил ҳамдам ҳама,
Ҳарфашон бо шеваи шабнам ҳама.
Сӯфиён буданд бо дилҳои соф,
Ҳоҷиён буданд бе лофу газоф.
Зиндагӣ дар ин саро осуда буд,
Мисли он афсонаи «буду набуд…».
Лек теғи зулми айёми палид,
Тори васли насли он ҷоро бурид.
Дар яке аз рӯзҳои тирамаҳ
Шуд самои деҳа пурабри сияҳ.
Як нафар омад аз он шаҳри калон,
Бо хабарҳои аёну ноаён.
Ҳарфҳои булаҷаб мегуфт ӯ,
Аз қирони рӯзу шаб мегуфт ӯ.
Бар ҳама пиру ҷавони раҳгузар
Бо забони сода медод ин хабар:
-«Дар баҳорон мисли оби чашмаҳо,
Мешавем аз кӯҳу ҷангалҳо ҷудо.
Мебаранд аз ин макон бар ҷои дур,
Ихтиёрӣ гар нашуд, бо амру зӯр.»
Гарчи кӯчидан ба як ҷои дигар
Буд амре дархури он буму бар.
Чунки ҷамъият, ҷудо аз мулку мол,
Беш мешуд бо гузашти моҳу сол.
В-аз барои касбу кору бому дар
Танг мешуд домани кӯҳу камар.
Ҷои дигар дашту саҳрои Ватан
Интизори касбу кори марду зан.
То расанд аз роҳу ободӣ кунанд,
Кишвари худро пур аз шодӣ кунанд…
Лек бархе ҳокимони он замон
Зулм карданду ситам бар одамон.
Пеш аз он, ки хонае созанду роҳ,
Ё ки об оранд аз аъмоқи чоҳ.
Кӯчаю манзил чароғонӣ кунанд,
Нону обу орд арзонӣ кунанд.
Ҷойи он, бо зӯру зулми бешумор
Одамонро карда бар мошин савор.
Хонаҳошон сар ба сар тахриб шуд,
Синаҳошон пурғаму ношеб* шуд.
Хонаҳою боғҳо вайрон шуданд,
Деҳаҳо монанди қабристон шуданд.
Гӯри оташ гашт оташдонашон,
Холӣ аз нон гашт дастурхонашон.
Боғҳошон ҳезумистон шуд ҳама,
Холӣ аз шӯри садову ҳамҳама.
То дубора кас наояд ин макон,
То нагирад деҳа аз нав рӯҳу ҷон.
Як гурӯҳи золими одамнамо,
Кар намуда гӯши мурғони ҳаво,
Мезаданд оташ ба боғу хонаҳо,
Мисли девону дади афсонаҳо.
Не ба кӯдак раҳм буду не ба зан,
Корашон дашному бардору бизан.
Деҳаҳо вайрону ғорат мешуданд,
Мардумон саҳми ҳақорат мешуданд.
Ин ҳақиқат ҳар куҷо таъкид шуд,
Кӯҳ монду деҳ аз он табъид шуд.
Аз раҳе, ки пур зи хоку санг буд,
Дар канори рӯд буду танг буд.
Марду зан аз деҳа берун мешуданд,
Аз ғаму ҳасрат ҷигархун мешуданд.
Раҳ ба раҳ дар имтидоди пуштаҳо
Марқаде буд, ёдгори куштаҳо.
Куштаҳое, ки шаҳиди раҳ шуданд,
Дар масири бодҳо чун каҳ шуданд.
* ношеб — дар гӯиши мардуми кӯҳистон ба маънии ноумед
…Оқибат ранҷи сафарҳо шуд тамом,
Корвон омад ба даште вақти шом.
Дашти тафсон, сӯ ба сӯ чангу ғубор,
Сабзаҳои сӯхта дар чанги хор.
Аз шукӯҳи боғҳо номе набуд,
Аз булуғи роғҳо номе набуд.
Ҷӯй буду лек дар он об не,
Сояе ҷуз сояи афтоб не.
Нақши пойи бодҳо дар рӯи хок,
Хок ташна, побараҳна, синачок.
Хок бирён дар даруни деги дашт,
Деги дашт аслан зи обе пур нагашт.
Дашти беобе, на бутта, на алаф,
Хорҳои сӯхта дар ҳар тараф.
На шукӯҳи ҷангале аз коҷу сарв,
На навои қумриву кабку тазарв.
На садои дилнавози шаршара,
На насими руҳбахше аз дара.
На суруди шоми хирманкӯбҳо,
На танини шоли* хирманрӯбҳо.
На ғиреви барраҳои масти шир,
На садои гуппиву бӯи панир.
На гилеми сабзаҳо дар ёлаҳо,
На самоъи ёсу нози лолаҳо…
Як кавире холӣ аз набзи ҳаёт,
Дур аз уммеду пайғоми наҷот.
* шол — матои дастибофт аз пашм, ки дар хирманрӯбӣ аз он
истифода мешуд.
Ҷои борон ашки ғурбат мечакид,
Мардумон дар ҳасрати рӯзи саид.
Алғараз, ки деҳа дур аз кӯҳ шуд,
Халқи он побанди сад андӯҳ шуд.
Кӯчиён аз раҳ расида хастаҳол,
Не рамақ бар ҷисму не гарди маҷол.
Кӯдакон аз шиддати гармию роҳ
Бо лабони сӯхта, ҳоли табоҳ.
Қолабе аз яъсу навмедӣ ҳама,
Ҳар тараф ғалтида монанди рама.
Модарону духтарони содапӯш
Дар камоли хастагӣ санги хамӯш.
Рӯю мӯҳошон пур аз гарду ғубор,
Ноумед аз сарнавишту рӯзгор.
Рӯи хоку хор, зери офтоб,
Дар нигаҳҳо сад саволи беҷавоб.
Ашкҳо дар чашмашон хушкида буд,
Даҳшате нашнидаву нодида буд!
Пирамардони заифу нотавон
Дар хамӯшӣ ҳайкали садҳо фиғон.
Хира сӯи осмони ношинос,
Чашмҳо камнуру ғарқи илтимос.
Не дар онҳо сояҳои шаршара,
Не сафои боғу гулҳои дара.
Дастҳо шахшӯлу пур аз обила,
Чун савори хастаи як қофила.
Такя дода рӯи хоки беалаф,
Бо умеде хира гашта ҳар тараф.
Соя меҷустанд, аммо соя ку?
Оби сарду кулчаи ҳамсоя ку?
Кӯчаи уммедворӣ баста буд,
Вақт ҳам он ҷо ғарибу хаста буд…
***
Як гурӯҳе аз асирони татор,
Дар хами бечорагӣ, машғули кор,
Хонаҳо месохтанд аз хоку гил,
Аз азоби кӯчиён гашта хиҷил.
Хонаҳое, ки ба зоҳир хона буд,
Холӣ аз файзу сафо, вайрона буд!
Сақфу фарши хонаҳо аз хок буд,
Тахтаҳои бомашон афлок буд.
На яке току на ҷевон доштанд,
На яке даҳлезу айвон доштанд.
Чордевори пур аз яъсу азо,
Чордеворе куҷо? Ғурбатсаро!
Хонаҳо чун қабрҳо бенуру тор,
Рӯзии мардум ҷаву нони мағор.
Хонаҳо ин ҷо пур аз бечорагӣ,
Одамон навмед аз оворагӣ.
Ташна буданду гурусна марду зан,
Мурдаҳо дар ҳасрати гӯру кафан.
Кӯдакони ташнаи оби зулол
Ғарқ мегаштанд андар ҳавзу чол…
Саҳнаҳое, ки чунин хунин буда,
Дар гузори дашти Дилварзин буда.
ДАРДИ ДИЛҲОИ МАРДИ ТОТОР….
«8 маи соли 1944 бо қарори Кумитаи давлатии мудофиаи СССР тотор-
ҳои Қрим ба таври иҷборӣ ба минтақаҳое аз қаламрави ӯзбекистон, Қазо-
қистон, Тоҷикистон ва баъзе минтақаҳои РСФСР кӯчонда шуданд.
Зиндагии бадарғашудагон вазнин буд, сатҳи фавт нисбатан баланд буд.
Тибқи маълумоти идораҳои махсуси ӯзбекистон, дар якуним соли аввали
баъд аз кӯчондан, тақрибан 30 000 тоторҳои Қрим ҷони худро аз даст
доданд, ки ин тақрибан 20 фоизро ташкил медод».
«Сталинская депортация крымских татар: историк рассказала о траги-
ческих последствиях».
Пирамарде аз асирони татор
Дардманду нотавон машғули кор.
Дида ҳоли зори он кӯчидагон
Ашки ҳасрат рехта аз дидагон.
Як саҳар омад ба назди Шомурод,
Боби суҳбатро зи пурсишҳо кушод.
Гуфт: -«Ман дар ҳайратам, эй мӯсафед,
Кӣ шуморо кард ин сон ноумед?
Мо гунаҳкорем, мо табъидием,
Мо сазои ҷурми худро дидаем.
Мо хиёнат карда бар халқу ватан,
Гаштаем овора дар дашту даман.
Он чи бар мо омада, подоши мост,
Пас бигӯ, охир, куҷо ҷурми шумост,
К-инчунин саргаштаву овораед,
Хору зору дарбадар, бечораед?»
Шомурод он дам бигуфт: — «Эй Мустафо,
Мо намедонем асли моҷаро.
Ҳокимон гуфтанд, як дашти фарох,
Не чун ин рустои тангу санглох,
Киштгоҳу об дорад беҳисоб,
Ҳам чарогоҳе, надида кас ба хоб,
Мактабу кошонаҳои барҳаво,
Як макони дилкушову босафо.
Меравем он даштро гулгун кунем,
Як биҳиште дар дили ҳомун кунем».
Ин бигуфту Шомурод оҳе кашид,
Оташи оҳаш ба гардунҳо расид.
Хира шуд ӯ лаҳзае бар нокуҷо,
Хира сӯи ӯ ду чашми Мустафо.
«- Сад фиғон, эй Мустафо, моро ба зӯр,
Кардаанд аз хонаҳои хеш дур,
Мо дар ин саҳрои ғам қурбонием,
Бегуноҳему вале зиндонием…»
Шомурод инро бигуфту гиря кард,
Гиряи талхе пур аз андӯҳу дард,
Шонааш болову пойин мепарид,
Ашки ҳасрат аз ду чашмаш мечакид.
Гиряе аз сарнавишти талху шӯр,
Гиряе бар рӯзгори ҳамчу гӯр.
Мустафо пажмурда чун барги дарахт,
Назди ин ҳолат бишуд лолу карахт.
Худ ба худ мегуфт он марди татор:
«Ин чи бозӣ, ин чи фитна, ин чи кор,
Мо гунаҳ кардему дидем ин ситам,
Аз чӣ ин мардум чу мо дар банди ғам?»
Дар ҷавоби ин саволи Мустафо
Нола омад аз замири бодҳо.
…Бодҳо дар имтидоди моҳу сол,
Фориғ аз афсонаҳои қилу қол,
Достонҳое ривоят мекунанд,
Қиссаҳоеро ҳикоят мекунанд,
Қиссаҳо аз моҷарои хайру шар,
Қиссаҳои пурмуаммои башар…
ДОСТОНИ ФОҶЕАИ ХУРШЕД ВА ДИГАР
ҒӯРАМАРГОНИ МУҲОҶИРАТ
«Масчоҳиёни ба фазои комилан ношинос ва муҳити бегона кӯчонида-
шуда, дар солҳои аввал натавонистанд ба вазъият мутобиқ шаванд. Дар
шароити гарм, норасоии шадиди оби нӯшокӣ, тағйирот дар шеваи
хӯрокхӯрӣ, мушкилоти манзил (аксари муҳоҷирон дар хаймаҳо ва ҳатто
дар заминканҳо зиндагӣ мекарданд) ва набудани хизматрасонии тиббӣ,
маргу мири кӯдакон якбора афзоиш ёфт ва дар солҳои аввали муҳоҷират
ба 600 кӯдак мерасид. Вафоти солмандон, ки ҷисмашон тавони мутобиқ-
шавии зарурӣ бо муҳити навро надошт, низ афзоиш ёфт (27)».
«Демографическая ситуация в Таджикистане».
Бишнав акнун нолаи қалби фигор,
Достони кӯдакони хору зор.
Кӯдакони беҷаҳони кӯдакӣ,
Бенасибони замони кӯдакӣ.
Кӯдакон, ин барраҳои дарраҳо,
Дар масири бодҳо чун зарраҳо.
Дар ҳавои пораноне дарбадар,
Обашон аз чашмаҳои чашми тар.
Хоб медиданд шабҳо обро,
Рӯи суфра кулчаи маҳтобро.
Чун гиёҳони замини ташналаб
Ноаён гум мешуданд аз сӯзи таб.
Андак — андак кӯдакон кам мешуданд,
Қалби модарҳо пур аз ғам мешуданд.
Ҳар қадар, ки кӯдакон кам мешуданд,
Бар шумори қабрҳо зам мешуданд.
Кӯдаке, маъсумаке Хуршед ном,
Бехабар аз қиссаҳои субҳу шом,
Рӯзу шаб машғули бозӣ рӯи хок,
Куртаҳою дасту рӯяш чок-чок.
Рӯи монанди гули ӯ сӯхта,
Яъсу ранҷурӣ ҷабинаш дӯхта.
Бозӣ мекард ӯву анбозаш набуд,
Ғайри сангу хок ҳамрозаш набуд.
Дар маконе, ки ягон соя надошт,
Сояҳо чӣ? Балки ҳамсоя надошт.
Гармии хуршед ӯро ташна кард,
Ташнагиро дар вуҷудаш дашна кард.
Дар суроғи об ҳар сӯ медавид,
Ғайри ҳавзи лой ӯ чизе надид.
Рафт сӯи ҳавз … ногаҳ аз қазо
Пош лағжиду нагун шуд. Ҳасрато!
Оби он мурдоби ифлосу касиф
Мор шуд, балъид он ҷисми наҳиф.
Дасту по мезад ба уммеди наҷот,
Дар миёни панҷаи маргу ҳаёт,
Лек он ҷо одаме ҳозир набуд,
Бахти бадро бин, касе нозир набуд!
Тифлаки бечора дар гудол мурд,
Ин ҷаҳонро бар дами гармо супурд.
Рафт, инак, бар ғуруби ҷовидон,
Сад фиғон аз фитнаи давру замон!
Модари бечора чун инро шунид,
Во дареғо, гуфту пироҳан дарид.
Гаҳ фиғон мекарду гаҳ лолу карахт,
Он зани бечораи баргаштабахт.
Марги кӯдак ақли ӯро бурда буд,
Зоҳиран ӯ зинда, аммо мурда буд.
Бо фиғону нолаҳо меканд мӯ,
Бо тани беҷони ӯ дар гуфтугӯ:
— «Эй Худо, ин ғуссаҳо додӣ чаро,
Бар сарам овор кардӣ сад бало?
Кӯдаки бечораам оё чӣ кард,
Аз чӣ додиаш ба коми марги сард?
Худ ба ман кардӣ ато Хуршедро,
Дода бар дил партави уммедро.
Гуфта будам, ки калонаш мекунам,
Ҷони худро вақфи ҷонаш мекунам.
Мебарам ӯро ба мактабхонаҳо,
То раҳо бошад аз ин вайронаҳо.
Хонаду доно шавад… зебои ман,
Эй дареғи ӯву садҳо войи ман!
Кӯдаке буду ба ҳукми сура буд,
Дар ҷаҳони орзу устура буд.
Ғунчаи нашкуфтаро кардӣ хазон,
Ман чи кардам, эй Худои меҳрубон?»
…Нолаҳо мекарду мегуфт: «Эй балом,
Рӯз шуд дар дидаҳоям мисли шом.
Эй дареғ аз қисмати шум, эй дареғ,
Зад ба пойи бахти ман бо зарби теғ.
Нури чашмам, пораи қалбам куҷост?
Қисмат аз чӣ шодиҳоямро нахост?..»
Марду зан бар ҳоли ӯ нолон буданд,
Мисли ӯ ҳар лаҳзае гирён буданд.
Не касе бар доди онон мерасид,
Не касе афғони онон мешунид.
Ҳокимон дар инзиво аз дарди халқ,
Бехабар аз обу аз огарди халқ.
Не ба мардум раҳму парво доштанд,
Не қадам дар роҳи ҳақ бардоштанд.
Лек мардум лобаю зорикунон,
Модари бечораро ёрикунон.
Кӯдакаш, он дурри поку нобро,
Он ақиқу гавҳари ноёбро,
Бо ғиреву синаҳои чок — чок,
Ҳамчу ганҷе дода бар оғӯши хок.
Даври ӯ биншаста ҳамдардаш шуданд,
Гармие дар хонаи сардаш шуданд.
Ҳарчи мегуфтанд, модар лол буд,
Бесадо, бе эътино, беҳол буд.
Пирамарди бохирад, Бобониёз
Лаб кушуду гуфт бо сӯзу гудоз:
— «Хоҳарам, дидӣ, ки дар ин дашти кӯр
Эй басо кӯдак, ки мо дода ба гӯр.
Кӯдакони лоуболи бегуноҳ,
Чӯҷаҳои бемакону бепаноҳ
Аз ҷаҳони мо ҳама берун шуданд,
Баъд аз он қалбу ҷигарҳо хун шуданд.
Кӯдаки Соро, ки ӯ дирӯз мурд,
Қатраоберо надиду ҷон супурд.
Гушнагӣ тифли Валиро даррабуд,
Суфраи ғамро ба рӯи мо кушуд.
Теғи гармо кӯдаки Яҳё бикушт,
Ҳам тараб, ҳам бахт бар ӯ кард пушт.
Кӯдаки Боқӣ дар ин саҳрою дашт
Гум шуду дигар ба хона барнагашт.
Духтари бечораи Наврӯзмо
Мурду модарро намуд ӯ рӯсиё.
Баччаи сесолаи Мирзораҳим
Дар таги чархи тракторе дуним.
Тифлаки хандонаки Бобои Ёр
Дина шаб ҷон додааст аз неши мор.
Кӯдаки семоҳаи Абдусамад
Мурд, баъд аз он ки каҷдум неш зад.
Чанди дигар аз азоби ташнагӣ,
Ҳам зи ранҷи ҷонгудози гушнагӣ,
Мисли гулҳо аз аташ пар-пар шуданд,
Шуълаҳо буданду хокистар шуданд.
Фасли сармо ҳам бало оварда буд,
Ҷои шодӣ, бас азо оварда буд.
Хонаҳо буданд сарду тангу тор,
Хостгоҳи дарду ранҷи бешумор.
Тифлакон даргири сад дарде шуданд,
Саҳми ҳам гармову ҳам сардӣ шуданд.
Ин ҳама кӯдак, ки мисли гул буданд,
Дар фазои зиндагӣ булбул буданд.
Бар дами гармою бар сармо асир,
Бенасиб аз ширу ҷурғоту панир.
Рақси гулҳо рафтааст аз ёдашон,
Баччагӣ ҳам мурда дар бунёдашон.
Дасти мо кӯтаҳ, ки имдоде кунем,
Ин ҳама бедодро доде кунем.
Ҷуз дуо чизе наояд аз башар,
Пас дуо хоҳем баҳри якдигар.
То Худо раҳме кунад бар ҳоли мо,
То дубора гул кунад иқболи мо.
То равад аз остони мо бало,
То бигирад осмон ранги сафо.
Сабр мехоҳем бар ту, хоҳарам,
Ҳазрати Ҷонофарин бахшад карам.
Доғи кӯдакро набинӣ баъд аз ин,
Ин ғами ҷонсӯз бошад охирин.»
***
Оре, оре, дашт мисли аждаҳо
Баҳри қурбонӣ даҳонро карда во.
Одамонро дар асорат карда буд,
Рӯҳашонро кушта ғорат карда буд.
Одамон монанди мурғони қафас
Шаб ҳама шаб нола мекарданду бас.
Нолаҳошон чун гираҳҳои ҳасир
Гашта дар банди гаронгӯшӣ асир.
Ҳокимон худ пайрави Ленин буданд,
Душмани ҳар дину ҳар ойин буданд.
Корашон танҳо шиору ҳарф буд,
Чоҳи танги ҷаҳлашон ҳам жарф буд.
Одамонро мисли гӯсфандони кар
Карда аз набзи замона бехабар.
Аз барои шӯҳрату унвони хеш
Ҳарфашон як буд: Эй мардум, ба пеш!
Пеш, аммо рафтане сӯи қафо,
Рафтане дар панҷаи ҷабру ҷафо.
Дар талоши ризқ саргардон шудан,
Бандаи навхоҷаю дунон шудан…
Рӯзу шабҳо дар ҳавои гарму сард,
Бо тане ранҷуру бо рухсори зард.
Панҷаҳо ларзон зи фарти гушнагӣ,
Сӯхта лабҳо зи ранҷи ташнагӣ.
Дасту бозу лоғару ҳам берамақ,
Дидаҳои боз, аммо бешафақ.
Пойҳо монанди тори анкабут,
Торҳои бенаво дар шохи тут.
Мӯи сарҳо дарҳаму ошуфта буд,
Зиндагӣ шодиашонро руфта буд.
Рӯи барфу рӯи хоку рӯи санг
Мисли сарбозони майдонҳои ҷанг.
Дар муҳити бастаи тарсу ҳарос
Бо нигоҳи лолу ғарқи илтимос.
Дар нафасҳошон асосан оҳ буд,
Хирмани маҳсулашон ҳам коҳ буд.
Кор мекарданд, ҳатто вақти хоб,
Бо ҳазорон сахтию дарду азоб.
На фараҳ на истироҳат доштанд,
Рӯзгоре бо кароҳат доштанд.
Мардумони кӯҳҳои сарбаланд
Гашта ин ҷо бардаи досу каланд.
Дар замине, ки набуд оби равон,
Тешаи Фарҳод наздаш нотавон.
Як биёбони махуфи беалаф,
Умри одам бенаво мешуд талаф.
Сели хушкӣ шуста сангу хоки ӯ,
Бемуруват дидаи афлоки ӯ.
Дар тулӯъ ойинааш хокистарӣ,
Бесафову ҷилваҳои ховарӣ.
Офтобаш дар ғуруби ташна тар,
Бе навиди субҳу фардои дигар.
Дар чунин зиндони беқуфлу калид
Зери бори рӯзгорони палид,
Кор мекарданд ҷумла марду зан,
Дар шигифт аз ҳолашон зоғу заған.
…Васфи ҳоли зорашон беохир аст,
Кай қалам бар ин рисолат қодир аст?!
***
Гарчи он айёми ҷаҳлу зӯр буд,
Бо мароми одамӣ ноҷӯр буд,
Ҳизби Ленин бо шиору бо фишор
Гашта буд бар зеҳни одамҳо савор.
Лек кохи орият ларзон набуд,
Бешаи ҳақ холӣ аз шерон набуд.
Раҳбаре аз шахсиятҳои асил
Аз азоби одамон гашта хиҷил,
Хуб мефаҳмид ранҷи халқро,
Он ҳама оҳу шиканҷи халқро.
Арсаро ӯ бо талошу ибтикор
Боз мекард аз барои касбу кор.
Ҳамдилӣ мекард бо ҳар марду зан,
То шавад ободу зебо ин Ватан.
Кору номи неки ӯ то ҷовидон
Нақш баста дар замири одамон.
Ҳар куҷо васфи зиёдаш мекунанд,
Бо дуои хайр ёдаш мекунанд.
***
…Некбин бошӣ агар, дар боми бод
Нек мебинӣ ҷалоли эътимод.
Эътимоде, ки Ватанро сохта,
Дар биёбон сад чаманро сохта.
Даштро чун боғу бустон кардааст,
Машъали гулҳо фурӯзон кардааст…
Ин ҳама аз ишқи меҳан буду ҳаст,
«Мо» шуданҳои ҳама «ман» буду ҳаст.
(Давом дорад)
Filed under: Poetry |
Добавить комментарий