Хоҳари азизе наздам омад.Тифле дар бағал дошт. Хоҳиш кард шеъре дар бораи бемодарӣ нависам.Сабабашро пурсидам.Гуфт: аз вафоти модарам қариб як сол гузашт, ҳеҷ наметавонам ба бемодариам одат кунам.Ҳамеша як гиряи вазнин гулугирам мекунад. Чизе нависед, гиря кунам ва сабук шавам.
Гуфтам, марг барои инсон як мерос аст ва нохоста аз иродаи мо ба суроғамон меояд, ҳар ҷо ҳаёт аст, марг ҳам дунболарав аст ва касе ҷои гурез надорад. Бояд сабр кард ва ба ояндаи фарзандон андешид, ки давоми ҳамон падару модарҳои аздастдодаамон мебошанд. Гуфт: қабул дорам, аммо ман ба умед наздатон омадаам, нависед.
Гуфтам шеър бояд қабл аз ҳама уммедворкунанда бошад, на маъюскунанда. Хомӯш монд… Тифли дар бағалаш буда, ки тақрибан дусола буд, беэътиною бепарво ба суҳбати мо, бо табассуме аз табори фариштагон дар лаб, муҳитро саршор аз умед карда буд ва як нигоҳ ба ӯ кофӣ буд, ки ғамҳои олам ба фаромӯшӣ супурда шаванд.
Китобчаеро, ки маҷмуаи шеърҳои ба падару модарам бахшидаам буд, назди он хоҳар гузоштам.Гуфт: ба он шарт мегирам, ки маблағашро аз ман гиред. Гуфтам: ҳамчун туҳфа қабул кун. Қотеона рад кард ва гуфт: ман муаллима ҳастам ва медонам имрӯзҳо китобҳо чи гуна чоп мешаванд, агар дар фурӯш бошад, адресашро гӯед, рафта мегирам. Ва таъкид кард: мехоҳам шеъре гӯед, ки ҳануз чоп накардаед.
Як шеъри нотамом доштам (ду- се байт), барояш хондам.Исрор кард идома диҳам ва дар интернет мунташир кунам.
Ва он шеъргуна
«Он ки нури дидаву тоҷи сар аст, модар аст»у ман надорам,
Он ки ҳар ҷо ақли моро раҳбар аст, модар асту ман надорам.
Он ки танбеҳат кунад, аммо наранҷиву давӣ бар сӯи ӯ,
Дар қиболи мушкилӣ чун сангар аст, модар асту ман надорам.
Он ки атри будани ӯ хонаҳоро мекунад боғи биҳишт,
Хонаи дилро чу нури ахтар аст, модар асту ман надорам.
Он ки месӯзад бароят то насӯзӣ з-оташи тунди ҳаёт,
Шамъи ҳастии туро чун миҷмар аст, модар асту ман надорам.
Он ки мебинад, вале нодида мегирад хатову ҷурми ту,
Одил асту бо адолат довар аст, модар асту ман надорам…
Filed under: Poetry |
Добавить комментарий