Шаҳрҳо ҳамчу «водии хомӯш», кӯчаҳо гӯрҳои бемурда
Хонаҳо мисли гӯшаи зиндон, одам аммо ғамину афсурда
Ҳар куҷо дарду оҳу танҳоӣ, аз азои расида мегӯяд
Меканад рӯю мӯй навболе, модарашро ба хок биспурда…
Ҷангале гаштааст ин дунё, насли Одам чи гиҷ уфтода
Ҳар замон, хуни тоза мехоҳанд, гургҳо, гургҳои ҷонбурда
Охирин туъмаи куруно ҳам ғайри ман одаме набошад, кош
Баъд аз ин кас набинад андӯҳе, гул нагардад хазону пажмурда…
Filed under: Poetry |
Добавить комментарий