АЗ ХУДГИФ БА ХУДГИФ ОБ ОМАД

Эй ту дар киштии тан рафта ба хоб,

Обро дидӣ, нигар дар об, об.

Мавлавӣ

Достони кутаҳе гӯям, шунав,

Достони куҳнае бо лаҳни нав.

Қиссаи обу замини ташналаб,

Ибтикори одамон, бо лутфи Раб.

***

Лӯлаи обе, ки аз он сӯи руд,

Бар Зарафшон боадаб карда суҷуд,

Шаҳраге буду зи як қисми бадан,

Ин тарафтар омад ӯ бо изни тан.

Омад он то руҳи нав бар тан диҳад,

Боғҳоро пайки бишкуфтан диҳад.

Киштаҳо сарсабзу боровар шаванд,

Аҳли деҳа шокири Довар шаванд.

Он тараф оби зулоли беҳисоб,

Ин тараф дашту даман муштоқи об.

Он тараф оҳанги сою шаршара,

Ин тараф сузи аташ дар ҳар дара.

Он тараф ҳар сахра об — андӯхта,

Ин тараф боғу чаманҳо сӯхта.

Он тараф оби равоне ташна буд,

Ин тараф худ ташнагӣ як дашна буд.

Он тараф Худгиф — обу офтоб,

Ин тараф Худгиф — дар соя, камоб

Ин тараф бо он тараф чун шуд яке,

Оқибат уфтод девори шаке!

Ҳарду ҷонеанду дар як пайкаранд,

Решапайванди тани якдигаранд.

Солҳо буданд, «дур» аз ҳамдигар,

Ин замон гардида ҳарду ҳамсафар.

Лулаи оби равон чун дасти рост,

Дасти чапро мушкили дерина кост.

Ин яке бо он яке комил бишуд,

Иттиҳоду ҳамдилӣ ҳосил бишуд…

Хок ҳам хамёза карду сар кашид,

Об рақсе карду пои гул дамид.

Пардаи зарди аташ шуд як тараф,

Мушкили марди замин шуд бартараф

Ончунонки оби руҳу тан дил аст,

Зиндагӣ, бе об ҳам бас мушкил аст;

Гул намехандад, нарӯяд настаран,

Мешавад бе рангубӯ дашту даман.

Маҳ намерақсад барои биркаҳо,

Руд мегирад ба марги худ азо.

Нашнавӣ овози як паррандаро,

Мешавад дунё тиҳӣ аз ҳар наво…

Об — ободиву об — асли ҳаёт,

Хондаандаш ояи сабзи наҷот.

Рӯшаноӣ, зиндагӣ меоварад,

Тирагию гардҳоро мебарад.

Руҳу ҷон мебахшад ӯ ин хокро,

Пок гардонад тани нопокро.

***

Ҷӯйбори умри ӯ пуроб бод,

Он ки обе бар лабони ташна дод!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: