Posted on 28 апреля, 2014 by Аъзам Хучаста

Ишкхоро дар вучудам дафн кард
Тоатамро дар сучудам дафн кард
Ин хамон иблиси одамруй буд,
Будахоро дар набудам дафн кард
Лаззати ангезаро дар ман бикушт
Он чахоне ки кушудам, дафн кард.
Бо хама найранги хамчун анкабут
Шавкро дар тору пудам дафн кард
Ох аз ин навхочаи бе хуввият
Шодихоро дар сурудам дафн кард
Чун хуруси бемахал фарёд кард
Субхро дар шоми дудам дафн кард
Хайрати ойина дар у пора шуд
Сайкале ки ру намудам, дафн кард
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Ашъори Аъзам Хучаста, Аъзами ХУЧАСТА, Ишкхоро дар вучудам дафн кард | Leave a comment »
Posted on 28 апреля, 2014 by Аъзам Хучаста
Вақти гул асту куҳу саҳро хуш аст
Лабшакареву лаби дарё хуш аст
Соқи майи соф ба соғар бирехт
Хурдани он софи мусаффо хуш аст
Акси рухаш дар қадаҳам ханда кард
К аз карамаш бодаи ҳамро хуш аст
Ошиқи у ёди дигар кай кунад
Ёр чу яктост, ба якто хуш аст
Ишқ саропои диламро гирифт
Ин дили мо бе сару бе по хуш аст
Руҳи маро суи биёбон мабар
Дар бари ту, дар лаби дарё хуш аст
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: (Ғазалгунае дар ҳузури Мавлоно), Ашъори Аъзам Хучаста, Аъзами ХУЧАСТА | Leave a comment »
Posted on 9 апреля, 2013 by Аъзам Хучаста
Имшаб дилам гум кардааст дар ҷодаҳо роҳи ғазал
Оташ ба гардун мезанад аз синаам оҳи ғазал
Ҳамдарди ман буда ғазал, ҳам дарди ман буда ғазал
Оҳ ин мабодо бишнавам астағфируллоҳи ғазал
Ин шаб магар дар куйи ман нури саҳаргаҳ дидааст
Пайдову пинҳон мекунад манро ба ҳамроҳи ғазал
Як шаҳпарак ҳамроҳи ман дар ин шаби бехобиҳо
*Киш* гуямаш пар мекашад суям чу арвоҳи ғазал
Чандин гуле дар ин баҳор чун дар хазон пар пар шуданд
Ман аз ғаму андуҳашон рафтам ба даргоҳи ғазал
Боз ин шаби бехбиҳо ҳамчун қиёмат шуд дароз
Юсуф шудам худро задам бар хилвати чоҳи ғазал
Рафтам суроғи Мавлавӣ, бо Саъди ҳам пайке задам
Аз худ худе ангоштам дар Каҳкашон шоҳи ғазал
Як пашша омад ногаҳон аз панҷара бар хонаам
Виз-визкунон гуфто ба ман: ҳарфат ҳама коҳи ғазал
9.04.2013 Соати 03 — 15
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Ашъори Аъзам Хучаста, Аъзами ХУЧАСТА, Чандин гуле дар ин баҳор ... | Leave a comment »
Posted on 8 апреля, 2013 by Аъзам Хучаста

“Рафтам сари мазорат, рафтам ки ҷон супорам”
Рафтам ки ҷои дигар беҳтар аз ин надорам.
Ин ҷо аҷаб сукуте лангар зада ба ҳастӣ
Худро зи нав бидидам, к — он тифли ширхорам
Дар пуштаи мазорат дидам ба саҷда лола,
Шуд ҷоми лола лабрез аз ашки шашқаторам.
Гуфтам, баҳор омад, эй Рабби рустаниҳо
Моми маро бируён дар боғу сабзазорам.
Дар водии хамушон, хомуширо шикастам
Бо ин умед к-ойи модар, ту бар канорам.
То зинда будӣ, будам ман дар биҳишт, Модар,
Рафтиву дузахе шуд рузиву рузгорам….
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Ашъори Аъзам Хучаста, Марсияе нотамом | Leave a comment »
Posted on 8 апреля, 2013 by Аъзам Хучаста

در ماتم گتا تاجبخش ،شاعره جوانمرگ ایرانی
Дилам ҳавои гиря дораду ба дида об нест
Бале, ки дар кавири сухта ба ҷуз сароб нест
Канори Сир нишастаам ки оби ҳасраташ диҳам
Садои гиря ҳасту лек ба руи об ҳубоб нест
Гуле хазон шуда дар ин баҳори сабзи гулфишон
Ки сарву коҷро дигар маҷоли изтироб нест
Гуноҳи у чӣ буд, ки фасли гулфишони боғро
Дигар хаёли мустаҳаб, мубоҳ ва ё … савоб нест?
Ман он савори захмиам, ки лаҳзаҳои вопасин
Ба каф, даҳон ва захми хунчакон, ба чуз туроб нест
Дигар маро на мастиву на дилхушӣ, ки баъд аз ин
Сабуи зиндагониро шароб нест, шароб нест
دلم هوای گریه دارد و به دیده آب نیست
بلی ، که در كویر سوخته به جز سراب نیست
كنار «سیر»* نشسته ام که آب حسرتش دهم
صدای گریه هست و لیك به رو ی آب حباب نیست
گلی خزان شده در این بهار سبز گلفشان
كه سرو و کاج را دگر مجال اضطراب نیست
گناه و چه بود ، که فصل گلفشان باغرا
دگر خیال مستحب ،مباح و یا ..ثواب نیست؟
من آن سوار زخمی ام که لحظه های واپسین
به کف،دهان و زخم خونچکان، به جز تراب نیست
دگر مرا نه مستی و نه دلخوشی ، که بعد از ان
صبوی زندگانی را شراب نیست ،شراب نیست
*رود سیهون در خجند
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Ашъори Аъзам Хучаста, Аъзами ХУЧАСТА, Дар мотами Гито Тоҷбахш، шоираи ҷавонмарги эронӣ | Leave a comment »
Posted on 8 апреля, 2013 by Аъзам Хучаста

Ту занг мезанӣ
Садои занги ту
Ба сақф мехурад
Ба тахти холиву ба панҷара
Ба пардаҳои рақсӣ дар ҳавои бод,
Ба қандили тиҳӣ
Ба дафтару китоби руи миз
Ки баъд аз ин ба дарди ошиқе намехуранд
Мехурад.
Аз ин ба баъд
Дар ин фазои холиву хамуш
Паранда пар намезанад
На нури маҳ
На бод,
сар намезанад.
Ва панҷаҳои нозуке
Дигар зи бими обирон
Явошакӣ ба занги дар намезанад.
Дигар касе даруни хона нест
Ва дар фазои холиаш
Танини шеъри ошиқона нест
Садои форами тарона нест
Дар он макони хилвати пур аз сукут
Навои байтҳои тоҷикона нест.
———————
در آن خانه
تو زنگ می زنی
صدای زنگ تو
به سقف می خورد
به تحت خالی و به پنجره
به پردههای رقصی در هوای باد،
به قندل تهی
به دفتر و کتاب رو و میز
که بعد از این به درد عاشقی نمی خورند،
می خورد .
از این به بعد
در این فضای خالی و خمش
پرنده پر نمیزند
نه نور مه
نه باد ،
سر نمیزند .
و پنجههای نازكی
دگر ز بیم عابران
یواشكی به زنگ در نمیزند .
دگر کسی درون خانه نیست
و در فضای خالی اش
طنین شعر عاشقانه نیست
صدای فارم ترانه نیست،
در آن مکان خلوت پر از سكت
نوای بیتهای تاجیکانه نیست . …
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Ашъори Аъзам Хучаста, Дар он хона | Leave a comment »