Posted on 28 апреля, 2014 by Аъзам Хучаста

Ишкхоро дар вучудам дафн кард
Тоатамро дар сучудам дафн кард
Ин хамон иблиси одамруй буд,
Будахоро дар набудам дафн кард
Лаззати ангезаро дар ман бикушт
Он чахоне ки кушудам, дафн кард.
Бо хама найранги хамчун анкабут
Шавкро дар тору пудам дафн кард
Ох аз ин навхочаи бе хуввият
Шодихоро дар сурудам дафн кард
Чун хуруси бемахал фарёд кард
Субхро дар шоми дудам дафн кард
Хайрати ойина дар у пора шуд
Сайкале ки ру намудам, дафн кард
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Ашъори Аъзам Хучаста, Аъзами ХУЧАСТА, Ишкхоро дар вучудам дафн кард | Leave a comment »
Posted on 28 апреля, 2014 by Аъзам Хучаста
Вақти гул асту куҳу саҳро хуш аст
Лабшакареву лаби дарё хуш аст
Соқи майи соф ба соғар бирехт
Хурдани он софи мусаффо хуш аст
Акси рухаш дар қадаҳам ханда кард
К аз карамаш бодаи ҳамро хуш аст
Ошиқи у ёди дигар кай кунад
Ёр чу яктост, ба якто хуш аст
Ишқ саропои диламро гирифт
Ин дили мо бе сару бе по хуш аст
Руҳи маро суи биёбон мабар
Дар бари ту, дар лаби дарё хуш аст
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: (Ғазалгунае дар ҳузури Мавлоно), Ашъори Аъзам Хучаста, Аъзами ХУЧАСТА | Leave a comment »
Posted on 9 апреля, 2013 by Аъзам Хучаста
Имшаб дилам гум кардааст дар ҷодаҳо роҳи ғазал
Оташ ба гардун мезанад аз синаам оҳи ғазал
Ҳамдарди ман буда ғазал, ҳам дарди ман буда ғазал
Оҳ ин мабодо бишнавам астағфируллоҳи ғазал
Ин шаб магар дар куйи ман нури саҳаргаҳ дидааст
Пайдову пинҳон мекунад манро ба ҳамроҳи ғазал
Як шаҳпарак ҳамроҳи ман дар ин шаби бехобиҳо
*Киш* гуямаш пар мекашад суям чу арвоҳи ғазал
Чандин гуле дар ин баҳор чун дар хазон пар пар шуданд
Ман аз ғаму андуҳашон рафтам ба даргоҳи ғазал
Боз ин шаби бехбиҳо ҳамчун қиёмат шуд дароз
Юсуф шудам худро задам бар хилвати чоҳи ғазал
Рафтам суроғи Мавлавӣ, бо Саъди ҳам пайке задам
Аз худ худе ангоштам дар Каҳкашон шоҳи ғазал
Як пашша омад ногаҳон аз панҷара бар хонаам
Виз-визкунон гуфто ба ман: ҳарфат ҳама коҳи ғазал
9.04.2013 Соати 03 — 15
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Ашъори Аъзам Хучаста, Аъзами ХУЧАСТА, Чандин гуле дар ин баҳор ... | Leave a comment »
Posted on 8 апреля, 2013 by Аъзам Хучаста

در ماتم گتا تاجبخش ،شاعره جوانمرگ ایرانی
Дилам ҳавои гиря дораду ба дида об нест
Бале, ки дар кавири сухта ба ҷуз сароб нест
Канори Сир нишастаам ки оби ҳасраташ диҳам
Садои гиря ҳасту лек ба руи об ҳубоб нест
Гуле хазон шуда дар ин баҳори сабзи гулфишон
Ки сарву коҷро дигар маҷоли изтироб нест
Гуноҳи у чӣ буд, ки фасли гулфишони боғро
Дигар хаёли мустаҳаб, мубоҳ ва ё … савоб нест?
Ман он савори захмиам, ки лаҳзаҳои вопасин
Ба каф, даҳон ва захми хунчакон, ба чуз туроб нест
Дигар маро на мастиву на дилхушӣ, ки баъд аз ин
Сабуи зиндагониро шароб нест, шароб нест
دلم هوای گریه دارد و به دیده آب نیست
بلی ، که در كویر سوخته به جز سراب نیست
كنار «سیر»* نشسته ام که آب حسرتش دهم
صدای گریه هست و لیك به رو ی آب حباب نیست
گلی خزان شده در این بهار سبز گلفشان
كه سرو و کاج را دگر مجال اضطراب نیست
گناه و چه بود ، که فصل گلفشان باغرا
دگر خیال مستحب ،مباح و یا ..ثواب نیست؟
من آن سوار زخمی ام که لحظه های واپسین
به کف،دهان و زخم خونچکان، به جز تراب نیست
دگر مرا نه مستی و نه دلخوشی ، که بعد از ان
صبوی زندگانی را شراب نیست ،شراب نیست
*رود سیهون در خجند
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Ашъори Аъзам Хучаста, Аъзами ХУЧАСТА, Дар мотами Гито Тоҷбахш، шоираи ҷавонмарги эронӣ | Leave a comment »
Posted on 17 июня, 2011 by Аъзам Хучаста

Чй рузхо гузаштааст
Ки аклро нафас набуд
Парандаи сабурй дар кафас набуд
Маро ба чуз надидани худам хавас набуд
Барои пилки нахси дидаам
Ба хирмане губори хас набуд
Чй рузхо, чй рузхо
Ба руйи теги му давидаам
Ба куллахои изтиробу иштиёки дил расидаам
Зи боли абрхо гирифтаам
Ва домани пур аз сароби сояро кашидаам
Ки дар рикоби корвони рохиён танини нолаи чарас набуд
Чй рузхо, чй рузхо
Ки хам шудам ба зери бори зиндагй
Чу мучриме шитофтам ба суи дори зиндагй
Зи худ рахо шудам чу бод
Ман аз фишори зиндагй
Ки лоуболу бепанох мисли ман магас набуд
Чй рузхо, чй рузхо
Надида будаам набуди бударо
Дари зи лутфу мехрубонию сафо кушударо
Нигохи гарми гусса аз дилам зудударо
Насими гарди гам зи суратам рабударо
Ва ёфтам
ки он хама дуо абас набуд!
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Абас набуд (ислох), Аъзами ХУЧАСТА | Tagged: Абас набуд (ислох) | Leave a comment »
Posted on 2 июня, 2011 by Аъзам Хучаста

Ту он тараф
Канори руди Сир
Ва ман
Дар ин тараф
Даруни як утоки кучаке ба мулки ориён
Ба банди вожахои ноби Ту асир,
Нишастаем.
Ту мекуни «клик»
Садои «тик»
Ва руи сафха вожаи «салом»
Аз ин тараф «клик»
Ва мефиристамат паём,
Ва бо садои «муз»,
Ки хамрадифи сози калби мост,
Сукутро шикастаем.
Кунун
Ки «чат» шуда
Макони хилвате барои мо
Ману ту бо таноби вожахо
Ва рафту омади шитоби вожахо,
Нахи мухаббати мачозй бастаем.
Агарчй байни мову ту
Кух асту дашту даррахо,
Ва марзу арзи беканор
Ва рудхои бекарор
Вале ба рохатй ба хам расидаем,
Тамоми бурчу бораро шикастаем.
Дар ин чахони булъачаб,
Ки дури дур аз манй,
Вале нишастайи канори ман
Ва дар хазони лахзахо
Шукуфта чун бахори ман.
Ки баъд аз ин
Ману ту як танем:
Гахе «Ту»ем, гахе «Ман»ем,
Рахимием, Хучастаем
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Чат | Leave a comment »
Posted on 15 ноября, 2010 by Аъзам Хучаста

Ту нагу, ки дур шудй аз ман
На!
Ҳамон гуна ки дар худат истодайи
Ту низ дар манй
Ва ман туро
Чу соя…
На!
Чу чон ҳамеша дар вучуди ташнаам
Дар ин сароби зиндагй
Нигоҳ доштаам
Ки дар кавири ноумедиҳо
Умеди рустани дубораам шавй
Ва атри хандаҳои ту
Тараннуми баҳор дар вучуди ман
Дар ин хазони зиндагй шавад
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Тараннуми бахор | Leave a comment »
Posted on 23 октября, 2010 by Аъзам Хучаста

Дафтари шеърам парешони ту шуд,
Сафҳа — сафҳа моту ҳайрони ту шуд
Байтҳоям сояе аз зулфи ту
Хомаам ойинагардони ту шуд.
Омадиву ин вучуди хастаам,
Чойи пойи амру фармони ту шуд.
Хонаам шуд гулшане аз мақдамат,
Ҳастиам мафҳуми имони ту шуд.
Сарнавишти ту сиришти ишқи ман,
Ишқи ман дар банди зиндони ту шуд.
Бусаам дар роҳи чашмат ланг шуд,
Ҳасрати ман оҳи пинҳони ту шуд.
Ин ғазал гуфтам, ки шояд хониаш,
Ашки талхе садди чашмони ту шуд.
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Дафтари шеърам | 3 комментария »
Posted on 21 октября, 2010 by Аъзам Хучаста

Аз катрахои об
Дар растахези абр
Як руди хушк
Аз осмони ташна чорй шуд
Дар мавчи куххо бахман нухуфта буд
В-ин руди хушк чун
Бар куххо расид
Дар хеш орамид
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Руди хушк | Leave a comment »
Posted on 29 сентября, 2010 by Аъзам Хучаста

Ду зулфи туро ман ғазал мекунам
Туро бо ғазал дар бағал мекунам
Ду чашми чу ҳавзи зулоли туро
Ба иксири буса асал мекунам
Лабонат қасида ба девони шеър
Ки тақлиди Шайхи ачал мекунам
Дар оғуши ту паноҳ мебарам —
Ба ҳарфи нигоҳат амал мекунам.
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Дар огуши ту | 1 Comment »
Posted on 25 сентября, 2010 by Аъзам Хучаста

Эй чонамози чашми ман, биё
Меҳроби рози чашми ман, биё
Эй Каъбаи шукуфтани гули
Рамзи ниёзи чашми ман, биё
Дар куҳи сури Тури орзу
Чун дилнавози чашми ман,биё
Рақси фаришта мекунй маҳин
Ҳамбози сози чашми ман, биё
По мегузорй чун парй ба ноз
Эй нози нози чашми ман, биё
Байту таронаву қасидайи
Зебо, баёзи чашми ман, биё!
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Барои набераам Илоха | Leave a comment »
Posted on 20 сентября, 2010 by Аъзам Хучаста

То ту ҳастиву ғазал ҳаст, ману ту ҳастем,
Ишқро азму чадал ҳаст,ману ту ҳастем.
То вафо ҳасту чафо ҳаст ва дар ин водй,
Шеваи рузи азал ҳаст,ману ту ҳастем.
То дар ин майкадаи ишқ зи шуру мастй,
Бо туам қасди бағал ҳаст,ману ту ҳастем.
То дар он бусагаҳи ҳамчу анори руят,
Шаҳди ангуру асал ҳаст,ману ту ҳастем.
То дар ин зистгаҳи булъачаби одамизод,
Сояи теғи ачал ҳаст, ману ту ҳастем.
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Ману ту | 1 Comment »
Posted on 17 сентября, 2010 by Аъзам Хучаста

Чони ману чони ту қарин, эй чашма
Мову ту ғариби ин замин, эй чашма
Мо зодаи куҳему фирорй аз у
Аз модари худ гушанишин,эй чашма
Дар ҳасрати хонаи падар месузем,
Ожанги чудойи дар чабин,эй чашма
Ойинаи андуҳи мани чун хоҳар
Бо ҳастии ман шуда ачин,эй чашма
Умрест, ки саргузашти мо мехонй,
Бо нолаю бо савти ҳазин,эй чашма
То гардиши моҳу шамс бошад, бошй
Дар ҳалқаи куҳ чун нигин,эй чашма
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Эй чашма | Leave a comment »
Posted on 9 сентября, 2010 by Аъзам Хучаста

Ман фардоро дар чашмонам ҳифз кардаам
Бо эътимод биё,
Дар ин қоб асир шав
Ва…
Озодиро бубин!!!
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Озодй | Leave a comment »
Posted on 7 сентября, 2010 by Аъзам Хучаста

Аз ин мурдобаки руёй берун о
Ки дарёи дили ман интизори туст.
Биёву ғарқ шав,
эй моҳии тилло
Ки ман бо ту
Шавем дар «мо»и мо танҳо.
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Даъват | Leave a comment »
Posted on 1 сентября, 2010 by Аъзам Хучаста

Дар паси пардаи ғубори ойина
Танҳоиям аз ман мегурехт
Ва ман фирор мекардам аз худ
Дар бунбастҳои ғурубини кучаҳо
Суроғи он содаро мегирифтам
Ки дубора ба мурчагон нон диҳад
Ва роҳи обро ба лонаҳои онҳо бибандад
Аз осмони дидагонам
Турнаҳо бесадо рафтанд.
Об ба боғи падар нарасид,
Чоруб аз дасти модар афтод
Ман дар боғе хушкида ва ҳавлии нимаруфта
Ҳамчунон суроғи худро мегирам.
…
Садои гунчишке хонаро пур кард,
Чоруби болаш ғубори ойинаро руфт:
Падарам даст ба дуо бардошт
Модарам орд ба роҳам пошид …
Ман давоми онҳоям
ва ба рузи нав салом додам.
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Рузи нав | Leave a comment »
Posted on 31 августа, 2010 by Аъзам Хучаста

Аз пушти куҳҳои барчаста мисли мавч
Хуршед медамад,
То деги вожгуни осмон
Аз нур пур шавад.
Беҳуда медамад хуршеди бехабар
Сарпуши деги осмонро
Зулмат рабудааст.
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Хуршед медамад | Leave a comment »
Posted on 28 августа, 2010 by Аъзам Хучаста

Вақте ки шоми ҳичобй
Дар пайкари шаҳр мепечид
Ман эҳсосотамро медидам
Ки
Бо боли шикаста
Ва дар ниқоби тираи гарду ғубори Каҳкашони зиндагй
Дигар дар нигини пайкари ман
Он гавҳари шабафруз набуданд
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Гуруби эхсосот | Leave a comment »
Posted on 19 августа, 2010 by Аъзам Хучаста

Осмон дар оби дарё хушк буд
Абрҳо — гарду ғубори чодаҳои интизор
Шамси дар ҳоли ғуруб —
Ойинаи чашмони чор
Ашки ман дар пуштаи хоки падар
оташ гирифт,
Дуди оҳ аз турбати модар
чаҳонро тира кард
Ман даруни чисми худ мадфун шудам,
Сояе аз ман даруни растаҳо лангар бизад.
Осмони хушк аз дарё раҳид
Офтоб шуд нопадид,
Зери ин гардуни пир
Баҳр шуд ҳамчун кавир
Абру боронро аз ин пас
Кас надид…
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аз ин пас, Аъзами ХУЧАСТА | Leave a comment »
Posted on 16 июня, 2010 by Аъзам Хучаста
Дар канори кучаи урёни тобистони гарм
Хотироти ташнаам
Чуёи чоми ёди туст.
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Хотироти ташна | Tagged: Хотироти ташна | 1 Comment »
Posted on 9 июня, 2010 by Аъзам Хучаста

Лабханди ту бедор кард
Дар ман чавонии маро
Ними нигохат ру намуд
Ишки нихонии маро
Ох эй зан, эй бонуи ман
Оташ задй бар пайкарам
Мехониву мерониам
Бошам?Ва ё ки бигзарам?
Лабхои масти бусаат
Бар суи ту мехонадам
Аммо камони абруят
Бо маъние меронадам
Харфу хичоям лухт шуд
Аз хандаи лабхои ту
Худро хаёлй мебарам
Бар хилвати шабхои ту
Манро магу бегонае
Эй хамдили дерин, биё
Бо нардбони ишки ман
Аз кибри худ пойин биё!
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Эй бону | Tagged: Эй бону | Leave a comment »
Posted on 4 июня, 2010 by Аъзам Хучаста

Дар имтидоди як шаби бехобии дигар
Вакте ки пушти лаби рузе чадид сабз мешуд
Аз торхои нахустини нури хуршед
Махкам гирифтам
То имруз
Дар хиёбонхои хокии сарнавишт
Садди рoхи дигарон набошам.
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Имруз | 1 Comment »
Posted on 24 мая, 2010 by Аъзам Хучаста

Чу домани гуруб ранг мешавад,
«Дилам барои худам танг мешавад».
Зи марги рузи дигар аз хисоби умр
Нафас ба ханчара шаранг мешавад.
Фишор мехурам ба зери бори гам,
Cаманди эътимод ланг мешавад.
Магар манам, ки ин манам ва ё на ман?
Миёни руху чисм чанг мешавад.
Хавои бехудй зи худ маро барад,
Равони ман хумори банг мешавад.
Вале зи бодаи дигар даруни ман,
Шаголи пири дил паланг мешавад.
***
Мисраъ аз устод М. Бахманй.
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Гуруб | 1 Comment »
Posted on 30 апреля, 2010 by Аъзам Хучаста

Эй кудаки хандони ман,
Эй чони чони чони ман,
Ханда кун пурғулғула!
Ханда кун пурғулғула!
Ханда кун, то ин замин хандон шавад,
Ханда кун, то зандагй осон шавад,
Ханда кун, то ки чавонтар чон шавад,
Ханда кун пурғулғула!
Ханда кун, то одамй беғам шавад,
Ханда кун, то дарду мотам кам шавад,
Ханда кун, бар шодй шодй зам шавад,
Ханда кун пурғулғула!
Ханда кун, то ханда бошад човидон,
Ханда кун, бе гард монад осмон,
Ханда кун, то бахт хандад ҳар замон,
Ханда кун пурғулғула!
Ханда кун пурғулғула!
10 марти соли 1986.
Афғонистон, Мазори Шариф
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Ханда кун ( Барои писарам Фирдавс ), Uncategorized | Tagged: Ханда кун ( Барои писарам Фирдавс ) | 3 комментария »
Posted on 16 апреля, 2010 by Аъзам Хучаста

Вакте ки теша
Дар реша орамид,
Беди бахтбаргашта
чун нек назар кард,
Дар дастаи он
Шохи шикастаи худро шинохт
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Теша ва реша | Tagged: Теша ва реша | Leave a comment »
Posted on 25 марта, 2010 by Аъзам Хучаста
Истгоxи зиндагй
Хар бахор
Дар истгохи зиндагй
Интизорам:
-Кош имсол
Дар рикоби абрхои нукрайи
Боз ояд модарам
Буқчае дар даст шоду бо нишот
Биншинад дар гушаи кат.
Бачахоям хамчу чуча
Даври домонаш ба хам даъво кунаанд,
Хар яке гуяд:
-Буқча моли ман
…
Истгохи зиндагй
Хилват асту холй,
Аммо
Чашм бар рохам ,ки
шояд дар катори турнахо
Мерасад аз рах падар
Кулабораш пур зи нони ширмол,
Себу зардолуи бозори Хучанд,
Пиставу хам каллаканд.
Мепарем чун шахпарак бар суи у
Буса мегирем зи дасту руи у
-Хадяам те,
-Хадяам те.
…
Абр омад,
Корвони турнахо бигзашту рафт,
Обхо дар чуйхо чорй шуданд,
Сар кашиданд сабзахо аз калби хок,
Сад дарего!
Модарам пайдо нашуд,
Аз падар хам на нишону на хабар.
Ман хамегуям ба худ:
Аз катор чо мондаанд,
Боз хам парвоз кансел шуд.
…
Хамчунон дар истгохи зиндагй
Чашм бар рохам.
То ки рузе мерасад аз раҳ қатори холие
Мебарад бо хеш манро.
Истгоxи зиндагй
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Истгоxи зиндагй | Tagged: Истгоxи зиндагй | Leave a comment »
Posted on 23 марта, 2010 by Аъзам Хучаста

Боз борон
Руйи боми хонаҳо даф мезанад
Беди мачнун
Баргҳои шуста дар даст
Бо насим каф мезанад.
Мову ту дар зери чатр
Даргурез аз сардии рузи баҳор
Шокири ин ҳадяҳои Кирдугор
Рафтаем дар чисми ҳамдигар фуру
Бо нигоҳи чашмҳо дар гуфтугу.
Набзҳомон чуфт бо ҳам
Қалбҳомон ҳамсадо,
Гарм мепечад нафасҳомон
Чу гулҳо дар фазо.
Эй хушо ин синапайванд,
Эй хушо симфониё!
Симфониёи бахор
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Симфониёи бахор | Tagged: Симфониёи бахор | Leave a comment »
Posted on 19 марта, 2010 by Аъзам Хучаста

Хонатакконй чй зебо аст
Вакте хонаро
Мешавад осон
Бо чоруб пок кард
Дур андохт харчй хоку хокруба
Лек,
Аммо,
…
Хонахои калбхоро низ бояд пок кард
Аз губори кинахо,
То ки рузу моху соли мо
Баъд аз ин
Соф бошанд,
Соф, чун ойинахо!
Хонатакконй
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Хонатакконй | Leave a comment »
Posted on 11 марта, 2010 by Аъзам Хучаста

Хастаам ман аз ниқоби ҳарфҳо
Аз уболу аз савоби ҳарфҳо
Ин хама шабхои бехобии ман
Сахнае аз печу тоби ҳарфҳо
Зарбаҳои қалби ман дар синаам
Як танин аз изтироби ҳарфҳо
Мешавад дар пайкари ман зилзила
Лаҳза-лаҳза аз шитоби ҳарфҳо
Дар нигоҳам ҳарфҳо дар гуфтугу
Дар сукутам, инқилоби ҳарфҳо
Бим дорам, окибат аз ин чахон
Меравам ман дар рикоби ҳарфҳо
Харфхо
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Харфхо | Tagged: Харфхо | Leave a comment »
Posted on 10 марта, 2010 by Аъзам Хучаста

Зулолро дуруд
Ба аҳли дил, камолро дуруд
Чаҳони шоирй сафои дигаре гиирфт
Ба руҳи шеъри порсй, нумуи болро дуруд
Кунун уручи тоза мекунад ба Каҳкашон фасоҳати каломи мо
Қасида, маснавй, ғазал…бигу, ки аҳли ҳолро дуруд
Ва нойи Мавлавй навои дигаре гирифт
Ки Шамси безаволро дуруд
Зулолро дуруд
Ирсол ба шабакахои ичтимойи
Понравилось это:
Нравится Загрузка...
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, Зулолро дуруд, Zulal | Tagged: Зулолро дуруд | Leave a comment »