Гуфта будам ки агар меоям
Пеш аз оне ки худамро бинам
Туро меёбам
Дар шаби муи парешони ту пинхон мешам
Ва панох металабам
Аз парешониву аз торикй
Гуфта будам ки агар меоям
Хар шабе сохили руди хомуш
Оби чашмони туро мебандам
Ки агар гиря бувад
Гиряи абри бахорй бошад
Ва агар нола танин андозад
Сати шевои канорй бошад
Ман намедонистам
Хавасу ишк гахе хамранганд
Ва бовар кардам
Двр миёни ману ту фосила нест
Ва вучуди ману ту
Дар кавире ки варо шахри муосир гуянд
Гайри ишку ману ту кофила нест
Ин найистон тихй нест –
Най дорад
Ман кунун донистам
Ману ту гарчй ба хам муштокем
Мутафовит аз хам
Яке бог
Яке ботлокем
Ва факат гоху гах аз рохи хавас
Гармии бусаву гармои нафас мехохем
Хилвати тори чу афсонае дар кунчи кафас мехохем
Ба ту бояд гуям:
Метавон
Дар хами хар кучаи ин шахри шулуг
То саропардаи шайтон
Хамрахе пайдо кард
Ва рахо шуд осон
Аз худу тинати рахмонии худ
Метавон
Мачнуни сад Лайло шуд
Гиряро чомаи хандидан дод
Ва чон кандани тадричиро
Сурату сирати раксидан дод
Бо суханбозии «кач дору марез»
Калби лабрези хавасро
Моту мабхут намуд
Ва ба оханги чунон «Санги мазор»*
Сугвора суруд
Метавон …
Лек намедони ту
Ман дар ин шахри хамуш
Хайкали фарёдам
Хама шаб дар кафаси бехобй
Бандии ёди туам
Озодам
Рафтаи бехабару беасару бе оханг
Шахр холй шуда чун чангали фасли поиз
Хонахо мисли кафасхои филизй берух
Руи балкон канорй махзун
Хониши кабки дари гамнок аст
Дили ман месузад
Тани ман месузад
Хама беоташу бедуд
Ба хам месузанд
…
Дар сари турбати модар ашкам
Баъди як сол зи нав ойина шуд
Ман худамро дидам
Ки як соли дигар
Ба чахони падару модари худ
Шудаам наздиктар
…
*Яке аз сугномахои устоди шодравон Лоик,ки ба савти раксй табдил шуда
Хучанд.27.07.2012
Filed under: Баъди як сол | Tagged: Баъди як сол | 2 комментария »