بی خوابی Бехобӣ

Ту як далели ин ҳама бедории манӣ,

Дарди ҳамеша, хотираи пории манӣ.

Гуфтӣ ба шаҳри ишқ ман муншии туам,

Бояд бидонӣ омили бекории манӣ.

Шабҳо ба ҷои хоб дар чашми ман туӣ,

Ҳатто даруни соати девории манӣ.

Дар рақси шухи пардаҳо,дар қоби панҷара,

Тасвири соярушане аз хории манӣ.

Гаҳ бо сигор ғуссаи бехобӣ мекушам,

Хуршеди рафта, муждаи бедории манӣ.

Дил кандам аз ту, аз ҳама, то дил барам бувад

Ғофил аз он ки муҷиби дилдории манӣ

تو یک دلیل این همه بیداری منی
درد همیشه، خاطره پاری منی

گفتی به شهر عشق من منشی توام
باید بدانی عامل بیکاری منی

شب ها به جای خواب در چشم من توی
حتی درون ساعت دیواری منی

در رقص شوخ پرده ها در قاب پنجره
تصویرسایه روشنی از خاری منی

گه بل سیگار غصه بی خوابى را کشم
خورشید رفته، مژده بیداری منی

دل کندم ازتو، از همه تا دل برم بود
غافل از آن که موجب دلداری منی

Биё

Тира шуд ойина аз охам, биё
Бе ту гум шуд дар уфук рохам, биё

Хар тулуям як гуруби бе мах аст
Кахкашони бе пари кохам, биё

Дар хавои катра ашкам хушк шуд
Ташнакоме бар сари чохам, биё

Рузхоро рузй аз ту дидаам
Дар гуруби тира, эй мохам биё

Бе ту шодию фарах бе рахбар аст
Эй ту бар ин сарзамин шохам, биё

%d такие блоггеры, как: