Достоне тоза


Гиряи ангурхо дар чомхо
Дуд килюн дар танури шомхо
Нолаи най дар кавири сухта
Охувонро мекашад бар домхо
Дар чавори сабри Айюбй, бубин
Неш нуше мешавад дар комхо
Ишк омад хайма зад дар мулки дил
Пушти по зад нангхову номхо
Нури Тур аз сури Исрофил рахид
Пухта шуд аз оташи у хомхо
Маъшуки ман аз ману бо ман наяст
Ишки у огоз бар анчомхо
Рози лутфи у чи осон мекунад
Достоне тоза дар айёмхо

%d такие блоггеры, как: