Тоҷикистон,дуст медорам туро

Тоҷикистон,
Рудҳои бoсафои кухсорон
Гесувони ширбуйи обшорон
Мешавӣ ҳамчун биҳиште дар бахорон
Дуст медорам туро

Тоҷикистон,
Нораку Рашту Хуҷанд
Рудбору куҳҳои сарбаланд
Себу олуву анори ҳамчу қанд
Дуст медорам туро!

Тоҷикистон,
Хостгоҳи шеъри ноби Рудакӣ
Машриқе бо офтоби Рудакӣ
Ҳар ваҷаб хокат китоби Рудакӣ
Дуст медорам туро!

Тоҷикистон,
Гушае аз сарзамини ориён
Ёдгоре аз шукуҳу шуҳрати фарри каён
Нусхаи озодии озодагон
Дуст медорам туро!

Тоҷикистон,
Хандаҳои кудакон дар хонаҳо
Хонахои ҳамчу дар афсонаҳо
Хостгоҳу момани фарзонаҳо
Дуст медорам туро!

%d такие блоггеры, как: