
Интихо
ИНТИХО
Ман аз ин харзагихо хаста шудам
Дигарон хастатар аз ман шудаанд
Зиндаги низ чунон хаста шуда
Ки дигар зиндаги на
вактфуруш аст
Холи з-ангезаву аз чушу хуруш аст
Хама чи кизбу хама дустнамо душмани хам
Хама худхоху,вале харф зи инмсофу сахо мегуянд
Ва ба ин оби таоруф чи муфт
Оби руи худиро мешуянд.
Хасрато
К-андар ин оламаки букаламун
Гиряву ханда дуруг
Мурдаву зинда дуруг
Ишку ормон дуруг
Тавба,тавба
Худи инсон дуруг
Ва агар хохи бисози бо кизб
Ту биё вакт бикуш
Ту биё вакт фуруш
Зиндаги кун
Бардаги кун
Чи шуд?
Эй бандии банди гамон,овои озоди чи шуд
Вайронамскан гаштаи,руёи ободи чи шуд
Аз хештан бибридайи,савте дигар бигзидайи
Мотамнаво мебинамат он шуру он шоди чи шуд
Фарри Каён пар-пар шуда,фархангхо абтар шуда
Он шуьлахо ахгар шуда ойини ачдоди чи шуд
Ту аз мани худ дуртар бо хештан ночуртар
Садпораву ранчуртар ангезаи роди чи шуд
Чамшедро чоме дигар Ковусро номе дигар
Ин субхро шоме дигар он асли бунлоди

Чашмбарох
ИНТИЗОР
Дари чашмони ман боз аст
Намеойи чаро, эй хоб имшаб
хонаат холи
Сурогатро зи мохи осмон гирам
Ва ё аз Кахкашон гирам
….Ба хар су мезанам худро
Ба хар ку мезанам худро
Зи боди хамлаи хайли хаёлотам амоне нест
Ва аз хуршеди ахтарсуз-
танхо мунчии ман дар чунин холе
Нишоне нест.
Биё,эй хоб,маро дарёб.
Биё, эй хобу манро бехуд аз ман кун,
Bа як дам дар миёни зиндагию марг
Маро нобуд андар колаби тан кун
Filed under: Интихо | 2 комментария »