Салом
Салом
Бахорро салом
Насими гарми куйи ёрро салом
Ба мулки сина накхати хуморро салом
Нигори бекарори дар барам карорро салом
Бахоррро саломПарандахо ба лонахо расидаанд
Ба пилки бом сабзахо
чу мижжахо дамидаанд
Ва обхо чу хун
ба чони богхо давидаанд
Суруди човидони чашмасорро салом
Бахорро саломТанам зи сабру интизор хаста аст
Ба хар даре ки сар задам,
баста аст
Дилам зи бозихои зиндагй шикаста аст
Кабутаре ки дар тала фитод,
кабутари Хучаста аст
Иродаи азими Кирдугорро салом
Бахорро саломДуо кунед, кабутари ман аз кафас рахо шавад
Таронахони чамъи мо шавад
Ки чамъи мо дубора босафо шавад
Ва шомили тараххуми Худо шавад
Саодати сафои интизорро салом
Бахорро салом
Filed under: Кабутари маро дуо кунед | Leave a comment »