
Буи бахор омаду ошик шудам
Ошик шудам
Буйи бахор омаду ошик шудам,
Савти хазор омаду ошик шудам.
Лолаи бишкуфта ба пеши назар
Орази ёр омаду ошик шудам.
Аз мижаи боми пур аз барфи хут,
Ашки катор омаду ошик шудам.
Боз зи базми хуши дилдодагон,
Нагмаи тор омаду ошик шудам.
Дар лаби руду лаби чу мавсими
Бусу канор омаду ошик шудам
Шоираке шеър навишт..
Шоираке шеър навишт
Ва
Ба пиндори худ ойина сиришт,
Ки дар он ойина
Сурату сирати у пайдо шуд
Шеъраку «шоириаш» расво шуд

Ёди он шаб
Ёди он шаб
Ёди он шаб, ки будам маст дар огуши шумо
Бусахо гарм рабуда зи лаби нуши шумо
Ончунон танг дар оғуши шумо хуфта будам
Карда ин зиндагиро муфт фаромуши шумо
Ҳар замон олами дигар бари ман во мекард
Дар дили шаб ба масал дидаи нимпуши шумо
Мори бозуи шумо дар тани ман мепечид
Гашта афсун ба афсонаи ман гуши шумо
Хотирам чамъ буд аз муи парешони шумо
Дидаам пур шуда аз пайкари гулпуши шумо
Filed under: Ошик шудам | Leave a comment »