Сояи абр
Сояи абре бар замин афтод,
Дар оби хавз тар нашуд,
Дар оташи «чоршанбеи сурй» насухт,
Дар кучахои холии ин шахри холй аз сукут
Саршор аз таровату файзи бахорй буд
……
Он абри яксавор дар мазраи фалак
Чун бодбони киштии чуёи сохиле
Хам дида мешуду хам нопадид буд
Аз соя мегурехт бар суи офтоб
То дар вучуди офтоб аз хеш орамад,
Аз соя ворахад
Бар ин замин башорати рушнойи оварад.
Filed under: Сояи абр | 2 комментария »