Ин рузхо
Дар богхо фасли урёни дарахтон аст
Лонахо холианд аз ово
Ва хуршед гунуда дар паси абрхо.
…
Дар холе ки
Овои азон шахрро навозиш мекунад
Ишкро ниёиш мекунад,
Ту гузар мекунй
Бо зохире чун бодхои бетараф
Чун сояхои бехадаф.
Айнаки дудии чашмонат
Филтри ишк аст,
Ё бароат аз нигохи качбозон?
Ва ё гавгои нигохатро филтр кардаи
Ба эхтироми тараннуми азон?
Filed under: Аъзами ХУЧАСТА, ФИЛТР | Leave a comment »