Хастаам ман

 

Хастаам ман
Аз хаёли ман бирав
Кучаҳои сарди эҳсоси маро
Бо садои қалби ташна
Ташнаи ишқу хавас
Пур макун аз боди руъё
Мераву дигар наё

Ҳайрати ёди ту дар хамёзаҳои охи ман
Рухи гулҳои баҳорй медихад
Дар ғуруби абрии буи хазони сухта
Атри боли шабнамолуди қанорй медихад

Оре, оре
Хастаам ман
Чун ғуруби ғурбати андуҳи дарде ношинос
Рухи чони хастаам бо бодхои бетараф
Мезанад худро ба пойи рахгузархо
Гох дар бустону гохе дар кавири бе алаф

Ман фиреби ту ва ту фанди манй
Дар саробе мо ба фикри соҳилем
Дар рикоби корвоне ки матоаш шиша аст
Дар кавире мешитобем…
Бе нишони манзиле

Хастаам ман

%d такие блоггеры, как: