Хохиш

Маро бубахш

Маро бубахш

Маро бубахш
Маро бубахш!
Ки хар шабе ба ёди ту
Дар олами хаёлхо паридаам,
Ба куи ту расидаам
Туро рабудаам зи ту
Ба сарзамини бекарони орзу
Ба сарзамини човидони орзу
Ва атри пайкари туро шамидаам.
Маро бубахш
Ки аз ту бехабар туро
Хабиби хеш хондаам
Насиби хеш хондаам
Дар ин чахони бешу кам
Дар ин чахони дарду гам
Табиби хеш хондаам
Ту ишки аввалини ман набуди
Лек,
Ту ишки охирини ман шуди,
Умеди вопасини ман шуди
Ба чумла кибри нозарур
Ба чумла хусну он гурур
Каринтарин карини ман шуди.
Маро бубахш
Ки ин замини босахо,
Ба чумла арзу тули хеш
Ба чумла куху бешахо
Барои ишки мову ту
Макони лоике надод
Замони лоике надод
Ва мову ту
Ду ташнадил, ду ташнаком
Факат ба лафзи чашмхо
Зи бими кахру хашмхо
Зи розхо сурудаем
Зи созхо сурудаем
Хадиси дил намудаем.
Инак ба хукми зиндаги
Ман аз ту мешавам чудо
(Аз ин балои зиндаги
Начот дех Худо, Худо)
Ва баъд аз ин дар ин чахон
Магар ба хоб бинамат
Чу як сароб бинамат
Ва хар шабе зи дурхо
Зи сарзмини нурхо
Чу нури мох бинамат
Чи бегунох бинамат
Маро бубахш,маро бубахш
Барои ин хато бубахш!

%d такие блоггеры, как: