Шаҳри гумшуда

Эй Шаҳрзода,
Қиссаи шаҳри маро нагу!
Шаҳре куҷо? Ойина аст
Ойинаи ангезаҳои ошиқӣ
Ишқе ки бе ғуруб, аммо тулуъ надошт,
Ҳамроҳи ҳеҷ кас
Дар ин кавири сухта
Бо дасти боди бетараф
Дар нолаҳои беҳадаф
Базре зи донаҳои муҳаббат накошт.

Эй Шаҳрзода,
Шаҳри ман
бо кучаҳои бастаи холӣ зи соликон
Чун дашти ташнаи бе гарди корвон
Худро дар оби руд
дар он сароби саркаши ойинаҳои чашм
Ғарқ кардааст,
Аз сидқ холӣ аст!

Эй Шаҳрзода,
Ғуссаи шаҳри маро магу
Бигзор ғуссааш дар ин баҳори сабз
Дар қиссаҳои ишқи гумшуда
Чун лола гул кунад!

%d такие блоггеры, как: