Соярушан

Маро шукуфахо ба богхо садо заданад.
Ва сабзахо ба рогхо садо заданд.
Вале дили шикаставу гамини ман
Ки аз фариби лолахо рамида буд,
Ба даъват эътино накард
Ва аз насими навбахор мегурехт
Зи банди куху даррахо
Чу обшор мегурехт.

Ало шукуфахо ва сабзахо!
Дилам ки чуз фариби нокасон надида аст,
Зи харфхои ину он рамида аст
Ва мурги эътимоди лонахои чашми ман парида аст.
Вале,
Ба ин намуди дилбаорнаи шумо
Ба ин зухури чун таронаи шумо
Ки хар гахе маро ба пурхазонии замона таъна мекунад
Хакикати дуруги зиндаги нухуфта аст
Ва эътимод кардаам
Ки хар шукуфаи хазон
Хар хазон шукуфа аст.
Вале шумо,
Ки тифлакони содаи бахориед
Барои ман,ки дидахо тихи зи эътимод кардаам,
Ва синаро тихи зи эътикод кардаам,
Чи чилвахои рахзанона мекунед.
Умед карда будам аз шумо навиди навбахоро
Вале дарегу сад дарег,
Ки навбахорро
Ба панчахои сарди во гузоштед,
Маро зи навбахори мехрубон чудо гузоштед.