Aфсонаи руъё

Хонае холию хар шаб оламе савдо чунин
Мекашад манро аз ин дунё ба он дунё чунин

Панчаи амвочи ёду хотироташ мезанад
Коики чисми маро силии сохилхо чунин

Дар рикоби нури мах пар мекашам то бекарон
Мебарад манро зи ман афсонаи руъё чунин

Меравам, гум мешавам дар бозихои кудакй
Мешавад ин хонаи вайронаам зебо чунин

Гох-гохе тик-тики соат паёме медихад
Осафо, дар гафлатй аз олами укбо чунин

Гушаи танхойи дар куйи гарибй дахшат аст
Хар шабам руз асту рузам сояи шабхо чунин

Харгизам бовар намеомад ки рузе модарам
Мегузорад зери ин гунбад маро танхо чунин

%d такие блоггеры, как: